logo

қонунҳои ҶТ

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи суғуртаи мутақобила

Қонуни мазкур муносибатҳои ҷамъиятиро вобаста ба анҷом додани суғуртаи мутақобила ба танзим дароварда, асосҳои ҳуқуқии фаъолияти ҷамъиятҳои суғуртаи мутақобиларо муқаррар менамояд.

Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни  мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода бурда мешаванд:
-суғуртаи мутақобила – як намуди суғурта, ки дар он ҳар як иштирокчии ин суғурта дар як маврид ҳам суғурташаванда ва ҳам суғуртакунанда аст;
- ҷамъияти суғуртаи мутақобила (минбаъд – ҷамъият) – ташкилоти ғайритиҷоратии суғурта, ки мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси узвияти ихтиёрӣ, бо назардошти муқаррароти  Қонуни мазкур таъсис дода шудааст;
- мақоми ваколатдор – мақоми давлатие, ки танзим ва назорати бозори суғурта ва ташкилотҳои суғуртаро анҷом медиҳад;
- бадастоварандаи фоида – шахсе, ки дар шартномаи суғурта зикр гардида, суғурта ба манфиати ӯ анҷом дода шудааст;
- ҳаққи (маблағи) узвият - воситаҳои пулӣ, қоғазҳои қиматнок, дигар молу мулк ва ё ҳуқуқҳои молумулкии арзиши пулидошта, ки аз ҷониби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ  барои ба ҷамъият дохил шудан гузаронида мешаванд;
- ҳаққи (маблағи)  суғурта – воситаҳои пулӣ, ки аз ҷониби аъзои ҷамъият барои амалӣ гардонидани суғуртаи мутақобила пардохт карда мешаванд;
        - ҳаққи (маблағи) иловагӣ – воситаҳои пулӣ, ки аз ҷониби аъзои ҷамъият бо мақсади ҷуброни зиёни ба ҷамъият расонидашуда пардохта мешаванд.
Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи суғуртаи мутақобила
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи суғуртаи мутақобила ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон  асос ёфта, аз Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои  ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад.
Моддаи 3.  Принсипҳои суғуртаи мутақобила
Суғуртаи мутақобила дар асоси принсипҳои зерин амалӣ мегардад:
- умумӣ будани манфиатҳои молумулкии аъзои ҷамъият;
- баробарии ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои аъзои ҷамъият;
-  ҳимоя ва масъулияти мутақобилаи аъзои ҷамъият.
Моддаи 4. Объектҳои суғуртаи мутақобила 
Объектҳои суғуртаи мутақобила манфиатҳои молумулкии аъзои ҷамъият буда, аз ҷумла алоқаманданд ба:
- соҳибӣ, истифода ва ихтиёрдории молу мулк (суғуртаи молу мулк);
- таваккали масъулияти шаҳрвандӣ вобаста ба ӯҳдадорие, ки дар натиҷаи расонидани зарар ба ҳаёт, саломатӣ ё молу мулки ашхоси дигар ба миён омадааст ва дар ҳолатҳое, ки Қонун пешбинӣ намудааст, инчунин масъулият тибқи шартнома;
- таваккали соҳибкорӣ – таваккали ба даст наовардани даромади дар назар дошташуда аз фаъолияти соҳибкорӣ вобаста ба вайрон кардани ӯҳдадориҳои худ аз ҷониби контрагентҳои соҳибкор ё тағйир додани шарти ин фаъолият вобаста ба ҳолатҳое, ки ба соҳибкорӣ алоқаманд намебошанд.
Моддаи 5. Таъсиси ҷамъият
1. Шумораи аъзои ҷамъият бояд на кам аз панҷ шаҳрванд ё на кам аз се шахси ҳуқуқӣ бошад.
2. Номи ҷамъият бояд ибораи «ҷамъияти суғуртаи мутақобила» - ро дар бар гирад ва  шакли ғайритиҷоратӣ буданашро нишон диҳад.
3. Ҷамъият аз лаҳзаи бақайдгирии давлатӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсисгардида ҳисобида мешавад.
Моддаи 6. Ҳуҷҷатҳои таъсисии ҷамъият
1. Ҳуҷҷатҳои таъсисии ҷамъият шартномаи таъсисӣ ва оинномаи ҷамъият мебошанд.
2. Шартномаи таъсисии ҷамъият, ғайр аз муқаррароте, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намудааст, бояд маълумоти зеринро дар бар гирад:
- ӯҳдадории муассисон оид ба имзои шартномаи суғурта ва пардохтани маблағи суғурта (ҳаққи суғурта);
- андозаи ҳаққи пулии муассисон барои хароҷоти маъмурӣ вобаста ба созмон додан ва ташкили фаъолияти ҷамъият.
3. Оинномаи ҷамъият бояд маълумоти зеринро дар бар гирад:
- номи пурра ва мухтасари ҷамъият бо забони давлатӣ;
- маҳалли ҷойгиршавии ҷамъият;
- предмет ва мақсади фаъолияти ҷамъият;
- шаклҳои суғуртае, ки ҷамъият амалӣ менамояд;
- тартиби идоракунии ҷамъият, ҳайат ва салоҳияти мақомоти идоракунӣ ва назоратии ҷамъият, тартиби таъсис ва аз ҷониби онҳо қабул намудани қарор;
- шарт ва тартиби қабул ва қатъи узвият дар ҷамъият;
- тартиби интихоби намояндагони ваколатдори аъзои ҷамъият барои иштирок дар маҷлиси умумии аъзои ҷамъият;
- ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои ҷамъият дар назди аъзои ҷамъият;
- ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои аъзои ҷамъият;
- намуд, шарт ва тартиби пардохти аъзоҳаққиҳои муқарраршуда ва масъулият барои вайрон кардани ӯҳдадорӣ оид ба пардохти онҳо;
- шарт ва тартиби ба зимма гирифтани масъулияти иловагӣ аз ҷониби аъзои ҷамъият вобаста ба ӯҳдадориҳои суғуртавии ҷамъият дар доираи қисми пардохтнашудаи ҳаққи иловагии ҳар як узви ҷамъият;
-қоидаҳои аз ҷониби ҷамъият анҷом додани суғуртаи мутақобила дар асоси узвият;
- манбаъҳои ташаккули молу мулки ҷамъият;
- тартиби ихтиёрдории молу мулки ҷамъият;
- тартиби ворид намудани тағйирот ба оинномаи ҷамъият;
-тартиби доир намудани маҷлиси умумии аъзои ҷамъият ва тартиби огоҳсозӣ оид ба гузаронидани маҷлис;
- тартиби азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии ҷамъият;
-дигар муқаррароте, ки хилофи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон намебошанд.
4. Талаботи ҳуҷҷатҳои таъсисӣ барои иҷро аз ҷониби ҷамъият ва аъзои он ҳатмӣ мебошанд.
5. Ҳуҷҷатҳои таъсисии ҷамъият бояд барои шиносоӣ ба номзадҳо ба узвияти ҷамъият пешниҳод карда шуда, ба ҳама аъзои ҷамъият супурда шаванд.
6. Оинномаи ҷамъиятро маҷлиси умумии аъзои ҷамъият тасдиқ менамояд.
Моддаи 7. Аъзои ҷамъият
1. Шахсони воқеии ба синни 18 расида ва (ё) шахсони ҳуқуқӣ  аъзои ҷамъият шуда метавонанд. Узвият дар ҷамъият метавонад танҳо бо талаби ягона барои ҳар як узви он қайду шарт карда шавад.
2. Узвият дар ҷамъият баъди аз ҷониби ҷамъият қабул кардани қарор дар хусуси пазируфтан ба узвияти ҷамъият ва аз ҷониби аризадиҳанда пардохт намудани ҳаққи узвияти муқаррарнамудаи ҷамъият ба миён меояд.
3. Аъзои ҷамъият танҳо баъди пардохти ҳаққи суғурта дар маҷлиси умумӣ ҳуқуқи овозро пайдо мекунанд.
4. Ҷамъият пешбурд ва нигаҳдошти рӯйхати аъзои ҷамъиятро таъмин менамояд.
Моддаи 8. Ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои аъзои ҷамъият
1. Аъзои ҷамъият ҳуқуқ доранд:
- дар идоракунии ҷамъият иштирок намоянд ва ба мақомоти он интихоб гарданд;
- мутобиқи қоидаҳо ё шартномаи суғурта манфиатҳои молумулкии худро суғуртаи мутақобила намоянд;
- аз мақомоти идоракунандаи ҷамъият оид ба фаъолияти ҷамъият, аз ҷумла оид ба натиҷаҳои санҷиши фаъолияти молиявии он ҳама гуна иттилоотро талаб намоянд ва гиранд;
- тибқи шарт ва тартиби пешбининамудаи оинномаи ҷамъият аз ҷамъият бароянд;
- аз дигар ҳуқуқҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода баранд;
- ҳангоми барҳамдиҳии ҷамъият як қисми молу мулкеро, ки баъди ҳисобӣ бо кредиторон боқӣ мондааст, ба даст оранд, агар дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ё оинномаи ҷамъият тартиби дигар  пешбинӣ нашуда бошад.
2. Аъзои ҷамъият ӯҳдадоранд:
-  оинномаи ҷамъиятро риоя кунанд;
- қарори маҷлиси умумии аъзои ҷамъият, дигар мақомоти ҷамъиятро, ки дар доираи салоҳияташон қабул намудаанд, иҷро кунанд;
- сари вақт ҳаққи узвият, ҳаққи иловагӣ ва дигар пардохтҳои  пешбининамудаи оинномаи ҷамъиятро  пардохт намоянд;
- сари вақт  ҳаққи суғуртаро  пардохт намоянд;
- дигар ӯҳдадориҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, оинномаи ҷамъият ё дигар ҳуҷҷатҳои танзимкунандаи фаъолияти ҷамъиятро иҷро намоянд.
3. Шахси ба узвияти ҷамъият қабулгардида баробари дигар аъзои ҷамъият масъулиятро оиди иҷрои ҳамаи ӯҳдадориҳои суғуртавии ҷамъият, ки то узвияти ӯ дар ҷамъият ба миён омадааст ва   бо онҳо шинос будани худро ба таври  хаттӣ тасдиқ намудааст, ба зимма мегирад.
4. Аъзои ҷамъият ба таври муштарак оид ба ӯҳдадории суғуртавии ҷамъият дар доираи қисми пардохтнашудаи ҳаққи иловагии ҳар як узви ҷамъият масъулияти иловагӣ доранд.
Моддаи 9. Қатъи узвият дар ҷамъият
1. Узвият дар ҷамъият дар ҳолатҳои зерин қатъ мегардад:
1)  ба таври ихтиёрӣ аз ҷамъият баромадани узви ҷамъият;
2) аз аъзогии ҷамъият хориҷ намудани узви ҷамъият тибқи асосҳои зайл:
- аз ҷониби узви ҷамъият иҷро накардани ӯҳдадорӣ оид ба пардохти ҳаққи суғурта ё  ҳаққи иловагӣ;
- қатъи шартномаи суғурта бо ташаббуси узви ҷамъият, инчунин набастани шартномаи суғурта дар  мӯҳлати муқаррарнамудаи оинномаи ҷамъият;
3) фавти шахси воқеӣ – узви ҷамъият ё мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон фавтида эълон намудани ӯ, инчунин барҳамдиҳии шахси ҳуқуқӣ – узви ҷамъият;
4) барҳам додани ҷамъият.
2. Ҳангоми ихтиёрӣ баромадан аз ҷамъият узви ҷамъият бояд дар мӯҳлати на камтар аз 30 рӯзи баромади воқеӣ  аз ҷамъият дар бораи даст кашидан аз узвият  аризаи хаттӣ пешниҳод намояд.
3. Ҳангоми хориҷ намудан аз ҷамъият узви ҷамъият бояд дар хусуси хориҷ намудани ӯ дар мӯҳлати на камтар аз 30 рӯзи то баррасии масъалаи хориҷ намудан аз узвият дар шакли хаттӣ  огоҳ карда шавад.
4. Дар сурати фавти узви ҷамъият ё фавтида эълон шудани  ӯ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ворисони ӯ ҳуқуқ доранд бо қарори раёсати ҷамъият ба ҷамъият дохил шаванд.
5. Шахси ҳуқуқие, ки вориси қонунии шахси ҳуқуқии азнавташкилшудаи дар ҷамъият иштирокдошта мебошад, ҳуқуқ дорад бо қарори раёсати ҷамъият ба ҷамъият дохил шавад, агар дар оинномаи ҷамъият тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад.
6. Қатъи узвият пеш аз мӯҳлати шартномаи суғурта мутобиқи меъёрҳои қонунгузории граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим мегардад.
7. Узви ҷамъият ҳуқуқ дорад ҳангоми хориҷ шудан аз ҷамъият ҳаққи  пардохтаашро бо тартиб ва мӯҳлати пешбининамудаи оинномаи ҷамъият бозпас  гирад.
8. Узви ҷамъият ҳуқуқ дорад ҳангоми хориҷ шудан аз ҷамъият қисми молу мулки он ё арзиши ҳамин молу мулкро дар доираи арзиши молу мулке, ки узви ҷамъият ба сифати ҳаққи узвият ворид намудааст, ба даст орад, агар дар оинномаи ҷамъият тартиби дигар пешбинӣ нашуда бошад.
Моддаи 10. Тартиби анҷом додани суғуртаи мутақобила
1. Баъди аз ҷониби узви ҷамъият пардохтани ҳаққи суғурта ҷамъият ӯҳдадор мешавад, ки ҳангоми фарорасии ҳолати муайян (ҳодисаи суғурта) ба узви ҷамъият ё бадастоварандаи фоида бо тартиб ва мӯҳлатҳои муқаррарнамудаи қоидаҳои суғурта ё шартномаи суғурта пардохти суғуртавиро анҷом диҳад.
2. Дар ҳолате, ки агар мутобиқи ҷамъбасти соли ҳисоботӣ натиҷаҳои молиявии суғуртаи мутақобила мусбат бошанд, маҷлиси умумии аъзои ҷамъият метавонад дар хусуси кам кардани андозаи  ҳаққи суғуртаи навбатӣ ё боздоштани пардохти он дар мӯҳлати муайян  қарор қабул кунад.
3. Дар ҳолате, ки агар мутобиқи ҷамъбасти соли ҳисоботӣ натиҷаҳои молиявии анҷом додани суғуртаи мутақобила манфӣ бошанд, маҷлиси умумии аъзои ҷамъият метавонад дар бораи манбаъҳои пӯшонидани зиёни расонидашуда, аз ҷумла дар хусуси аз ҷониби аъзои ҷамъият ворид намудани ҳаққи иловагӣ қарор қабул кунад.
4. Ҷамъият суғуртаи мутақобилаи аъзои худро дар асоси узвият мустақиман анҷом медиҳад дар ҳолате, ки агар мутобиқи оинномаи ҷамъият бастани шартномаи суғурта пешбинӣ нашуда бошад.
5. Суғуртаи мутақобила дар асоси узвият танҳо ҳангоми аз ҷониби ҷамъият анҷом додани як шакли суғурта мутобиқи қоидаҳои суғурта, ки шартҳои ягонаи суғуртаро пешбинӣ менамояд, имконпазир мебошад. Дар ин ҳолат қоидаҳои суғурта қисми ҷудонопазирии оинномаи ҷамъият ба ҳисоб мераванд.
6. Шаклҳои суғуртае, ки ҷамъият анҷом медиҳад, бо назардошти эҳтиёҷоти аъзои ҷамъият ва талаботи Қонуни мазкур муайян карда мешаванд.
Моддаи 11. Мақомоти ҷамъият
1. Мақомоти ҷамъият инҳоянд:
-   мақоми олӣ – маҷлиси умумии аъзои ҷамъият;
- мақоми иҷроия – мақоми дастаҷамъӣ (раёсат) ё шахси анҷомдиҳандаи вазифаҳои мақоми инфиродии иҷроия (директор);
- мақоми назоратӣ – комиссияи тафтишотӣ.
2. Оинномаи ҷамъият метавонад таъсиси дигар мақомоти ҷамъиятро низ пешбинӣ намояд.
Моддаи 12. Комиссияи тафтишотии ҷамъият
1. Комиссияи тафтишотии ҷамъият ба маҷлиси умумии аъзои ҷамъият ҳисоботдиҳанда мебошад. Комиссияи тафтишотии ҷамъият ба таври истисно аз аъзои ҷамъият интихоб гардида, назорати риояи оинномаи ҷамъият, фаъолияти мақомоти идоракунии ҷамъиятро анҷом медиҳад, инчунин муроҷиати аъзои ҷамъиятро баррасӣ менамояд, агар онро раёсати ҷамъият муҳокима накарда бошад.
2. Комиссияи тафтишотии ҷамъият фаъолияти молиявию хоҷагии ҷамъиятро санҷида, ба маҷлиси умумии аъзои ҷамъият оид ба натиҷаҳои санҷиши ҳисоботи солона ва ҳисоботи солонаи муҳосибавии ҷамъият хулоса пешниҳод менамояд. Маҷлиси умумии аъзои ҷамъият ҳуқуқ надорад ҳисоботи солона ва ҳисоботи солонаи муҳосибавии ҷамъиятро ҳангоми мавҷуд набудани хулосаи комиссияи тафтишотии ҷамъият тасдиқ намояд.
3. Хулосаи комиссияи тафтишотии ҷамъият бояд  дар бар гирад:
- маълумот дар бораи тасдиқи саҳеҳии далелҳое, ки дар ҳисоботи солона ва ҳисоботи солонаи муҳосибавии ҷамъият мавҷуданд;
- иттилоот дар бораи  далели вайрон кардани муқаррароти оинномаи ҷамъият аз ҷониби мақомоти идоракунии ҷамъият, агар чунин вайронкунӣ ҷой дошта бошад;
- иттилоот дар бораи далели вайрон кардани тартиби пешбурди баҳисобгирии муҳосибавӣ ва пешниҳоди ҳисоботдиҳии муҳосибавӣ, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст, инчунин пешниҳодот оид ба рафъи чунин вайронкуниҳо, агар онҳо ҷой дошта бошанд.
4. Аъзои комиссияи тафтишотии ҷамъият, аз ҷумла раиси комиссияи тафтишотиро маҷлиси умумии аъзои ҷамъият ба мӯҳлати муқаррарнамудаи оинномаи ҷамъият интихоб  менамояд. Комиссияи тафтишотии ҷамъият ҳуқуқ надорад ваколати худро ба зиммаи дигар шахсон гузорад. Бо қарори маҷлиси умумии аъзои ҷамъият ваколати ҳама гуна узви комиссияи тафтишотии ҷамъият метавонад пеш аз мӯҳлат қатъ карда шавад. Узви комиссияи тафтишотии ҷамъият метавонад ба раёсати ҷамъият интихоб карда шавад ё дар мӯҳлати на барвақттар аз ду соли баъди қатъи ваколат ба вазифаи директори ҷамъият таъин карда шавад.
5. Манъи иштироки аъзои комиссияи тафтишотии ҷамъият дар маҷлиси раёсати ҷамъият иҷозат дода намешавад.
6. Комиссияи тафтишотии ҷамъият маҷлиси умумии аъзои ҷамъиятро дар ҳолатҳое даъват менамояд, ки агар фаъолияти раёсати ҷамъият ноил шудан ба мақсад ва иҷрои вазифаи ҷамъиятро таъмин карда натавонад ё агар раёсати ҷамъият талаботи аз се як ҳиссаи шумораи умумии аъзои ҷамъиятро оид ба даъвати маҷлиси умумии аъзои ҷамъият иҷро накунад. 
7. Тартиби кори комиссияи тафтишотии ҷамъият мутобиқи оиннома ё дигар ҳуҷҷатҳои ҷамъият муайян карда мешавад.
Моддаи 13. Манбаъҳои ташаккули молу мулки ҷамъият
1. Ҷамъият метавонад таҳти моликият бино, иморат, иншоот, таҷҳизот, воситаҳои пулӣ бо асъори миллӣ ва хориҷӣ, қоғазҳои қиматнок ва дигар молу мулк дошта бошад.
2. Молу мулки ҷамъият метавонад танҳо тибқи ҳолат ва тартиби пешбининамудаи ҳамин Қонун, дигар қонунҳо ва оинномаи ҷамъият бегона карда шавад.
3. Ҷамъият оид ба ӯҳдадориҳои худ бо ҳамаи молу мулки ба он тааллуқдошта ҷавобгар мебошад.
4. Манбаъҳои ташаккули молу мулки ҷамъият иборатанд аз:
- ҳаққи узвият;
- ҳаққи суғурта;
- ҳаққи иловагӣ;
-даромаде, ки аз сармоягузорӣ ва ҷойгиронии воситаҳои муваққатан озоди захираҳои суғурта ва дигар воситаҳо ба даст омадаанд;
- дигар манбаъҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст.
Моддаи 14. Ҳаққи узвият
1. Ҳаққи узвият аз ҷониби шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ барои пӯшонидани хароҷоти вобаста ба фаъолияти оинномавии ҷамъият пардохта мешавад.
Ҳаққи узвият метавонад пул ё дигар молу мулки дорои арзиши пулӣ бошад (ба истиснои ҳуқуқи молумулкӣ). Ҳаққи узвият набояд бо иҷрои ягон ӯҳдадорӣ алоқаманд бошад.
2. Арзиши пулии молу мулке, ки барои пардохти ҳаққи узвият гузаронида мешавад, метавонад аз ҷониби раёсати ҷамъият, бо назардошти арзиши бозории чунин молу мулк  муайян карда шавад (нархгузорӣ карда шавад). Дар мавриди ба баҳодиҳии молу мулк розӣ набудани шахси молу мулкро барои пардохти ҳаққи узвият дода, барои муайян намудани арзиши бозории чунин молу мулк тибқи шартҳои пешбининамудаи оинномаи ҷамъият баҳодиҳандаи (нархгузори) мустақил ҷалб карда мешавад.
Андозаи баҳодиҳии пулии молу мулк, ки раёсати ҷамъият гузаронидааст, наметавонад аз андозаи баҳодиҳие, ки баҳодиҳандаи мустақил гузаронидааст, баландтар бошад.
Агар арзиши молу мулки барои пардохти ҳаққи узвият дар шакли пулӣ гузаронидашаванда беш аз сад ҳазор сомониро ташкил диҳад, барои муайян намудани арзиши бозории чунин молу мулк тибқи шартҳои пешбининамудаи оинномаи ҷамъият баҳодиҳандаи мустақил ҷалб карда мешавад. Оинномаи ҷамъият метавонад номгӯи молу мулкеро, ки бо он  ҳаққи узвият ба ҷамъият пардохта мешавад, маҳдуд намояд.
3.  Оинномаи ҷамъият метавонад барои аъзои ҷамъият пардохтҳои дигари ҳатмиро пешбинӣ намояд.
Моддаи 15. Ҳаққи суғурта ва пардохти суғуртавӣ
1. Ҳаққи суғуртае, ки узви ҷамъият пардохтааст, аз ҷониби ҷамъият ба бадастоварандаи фоида  ҳамчун пардохти суғуртавӣ дар ҳаҷме, ки шартномаи суғурта муайян намудааст, дода мешавад.
2. Ҳаҷм ва тартиби ҳисоби ҳаққи суғуртаро қоидаҳои суғуртаҳои мутақобилае, ки маҷлиси умумии аъзои ҷамъият тасдиқ кардааст, муқаррар мекунад, агар тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад.
3. Агар вобаста ба ҷамъбасти давраи ҳисоботӣ дар ҷамъият қарзи пардохти суғурта, инчунин қарзи пардохти андоз ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет набошанд, маҷлиси умумии аъзои ҷамъият метавонад оид ба кам кардани ҳаққи суғуртаи навбатӣ ё боз доштани пардохти онҳо қарор қабул кунад.
4. Тартиб ва шарти амалӣ намудани пардохти суғуртавиро қоидаҳои суғуртаи мутақобилаи ҷамъият, ки маҷлиси умумии аъзои ҷамъият тасдиқ намудааст, муқаррар мекунад.
Моддаи 16. Захираҳои суғурта
Барои таъмини иҷрои ӯҳдадории вобаста ба суғуртаи мутақобила ҷамъият тибқи тартиб ва шартҳои муқаррарнамудаи оиннома захираи суғуртаро ташаккул ва ҷойгир менамояд.
Моддаи 17. Ҳаққи иловагӣ
1. Ҳаққи иловагӣ маблағи пулие мебошад, ки узви ҷамъият бояд бо қарори маҷлиси умумии аъзои ҷамъият барои пӯшондани зиёне, ки вобаста ба натиҷаҳои соли ҳисоботӣ муайян гардидааст, пардохт намояд.
2. Тартиби ҳисоб ва пардохти ҳаққи иловагӣ тибқи қоидаҳои суғуртаи мутақобилаи ҷамъият, ки маҷлиси умумии аъзои ҷамъият тасдиқ кардааст, муайян карда мешавад.
Моддаи 18. Баҳисобгирӣ ва ҳисоботдиҳии муҳосибавӣ
Ҷамъият баҳисобгирии муҳосибавиро пеш бурда, ҳисоботдиҳии муҳосибавӣ ва омориро мутобиқи нақшаҳои ҳисобот, қоидаҳои баҳисобгирии муҳосибавӣ, шаклҳои баҳисобгирӣ ва ҳисоботдиҳӣ таҳия менамояд, ки онро мақомоти давлатие, ки танзим ва назорати бозори суғурта ва ташкилотҳои суғуртаро анҷом медиҳад, тасдиқ мекунад.
Моддаи 19. Азнавташкилдиҳии ҷамъият
1. Азнавташкилдиҳии ҷамъият метавонад тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарори маҷлиси умумии аъзои ҷамъият дар шакли якҷояшавӣ, ҳамроҳшавӣ, тақсимшавӣ, ҷудошавӣ ва табдилшавӣ амалӣ гардад.
2. Азнавташкилдиҳии ҷамъият дар шакли табдилшавӣ танҳо ҳангоми табдилдиҳии ҷамъият ба ҷамъияти хоҷагидорӣ, ки суғуртаро анҷом медиҳад, имконпазир мебошад.
Моддаи 20. Барҳамдиҳии ҷамъият
1. Ҷамъият метавонад тибқи асосҳо ва  бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо назардошти талаботи  Қонуни мазкур барҳам дода шавад.
2. Мақоме, ки дар бораи барҳамдиҳии ҷамъият қарор қабул намудааст, дар ҷараёни даҳ рӯзи тақвимӣ аз санаи қабули чунин қарор бояд ба мақоми назорати суғурта иттилоъ диҳад.
3. Молу мулки ҷамъият, ки баъди қонеъгардонии ҳамаи ӯҳдадориҳои он дар назди кредиторон ва аъзои ҷамъият боқӣ мондааст, тибқи тартиби муқаррарнамудаи оинномаи ҷамъият аз ҷониби комиссияи барҳамдиҳӣ байни ҳамаи аъзои ҷамъият тақсим карда мешавад.
Моддаи 21. Назорати давлатии фаъолияти ҷамъият
1. Назорати давлатии фаъолияти ҷамъият ва аз ҷониби он риоя намудани қонунгузории суғуртаро мақоми назоратии суғурта мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардонад.
2. Мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии маҳаллӣ ҳуқуқ надоранд ба фаъолияти хоҷагӣ, молиявӣ ё дигар фаъолияти ҷамъият мудохила намоянд, ба истиснои ҳолатҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст.
Моддаи 22. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад. 

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон   Эмомалӣ  РАҲМОН
ш. Душанбе, 5 августи соли 2009, № 540


Қарори
Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба қабул намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи мутақобила»

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи мутақобила» қабул карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон     С. ХАЙРУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 27 майи соли 2009, № 1346

Қарори
Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
«Дар бораи суғуртаи мутақобила»

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро «Дар бораи суғуртаи мутақобила» баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи мутақобила» ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон    М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 23 июли соли 2009, № 669


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 719

25.09.2018


Тавсеаи равобити байнипарлумонии Тоҷикистону Корея

Баргузории ҷамъомад оид ба пешгирии ҷинояткорӣ

Анҷоми марҳилаи якуми амалиёти «Кӯкнор-2018»

Гутерриш ба муборизаи фаъолтар алайҳи маводи мухаддир даъват сохт

Теъдоди қурбониёни садамаи киштӣ дар Танзания ба 225 нафар расид

Сеул барои дучандсозии теъдоди сайёҳон $640 миллион харҷ карданист

Фаронса қатораи дуошёнаи тезгард месозад

Ҷаҳон дар як сатр

Ҷом насиби кӣ мешавад?

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед