logo

иқтисод

«ХАТЛОН. ЧАРО ТАЛАБОТИ ҚАРОРИ ҲУКУМАТРО НОДИДА МЕГИРЕМ?»

Посух ба мақолаи «Хатлон». Чаро талаботи қарори Ҳукуматро нодида мегирем?», ки 11 ноябри соли 2016 дар рӯзномаи «Ҷумҳурият» чоп шудааст.

Шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Кӯлоб оид ба мушкилоти дар мақолаи рӯзномаи «Ҷумҳурият» - «Хатлон. Чаро талаботи қарори Ҳукуматро нодида мегирем?» дарҷгардида ба шумо иттилоъ медиҳад, ки оид ба ин масъала ҳамчунин, қарори раиси шаҳри Кӯлоб дар бораи татбиқи қарори раиси вилоят аз 18.05.2011, № 121 оид ба Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3.03.2011, № 97 «Дар бораи тадбирҳо оид ба ташкил ва коркарди лампаҳои симобдор» аз 09.06.2011, № 993 ба тасвиб расидааст.
Дар асоси қарори мазкур ҷамъияти саҳомии нави кушодаи барқи шаҳр вазифадор шудааст, ки бо дастгирию кумаки ташкилоту корхонаҳо барои харидорӣ ва ба истифода додани на камтар аз ду дастгоҳи безараргардонии лампаҳои симобдори аз истифода баромада ё барои истифода корношоям тадбирҳои судманд амалӣ намояд. Вале бо сабабҳои номаълум ин масъала то ҳол ҳалли худро наёфтааст.
Оид ба иҷрои қарори мазкур раёсати молияи шаҳр иттилоъ додааст, ки айни ҳол буҷети маҳаллӣ маҳдуд буда, имконияти воқеии ба таври илова ҷудо намудани маблағҳои иловагӣ мавҷуд нест. Бинобар ин, ба корхонаи истеҳсолию истифодабарии манзилии шаҳр тавсия дода шудааст, ки дар соли 2017 аз ҳисоби ҷамъоварии маблағҳои худӣ бо ин мақсад маблағи муайяне ҷудо намояд.
Бо ибтикори мутахассисони шуъбаи ҳифзи муҳити зист дар 74 ташкилоту муассиса, беморхона, донишгоҳ, коллеҷ ва кӯдакистонҳо зиёда аз 17965 адад лампа ҷамъоварӣ карда шудааст. Мақсад дорем, ки рӯзҳои наздик дар корхонаи истеҳсолию истифодабарии манзилӣ аксия (маъракаи махсус) гузаронда, лампаҳои корношоями дар ташкилоту муассисаҳо бударо ҷамъоварӣ намуда, барои безараргардонӣ ба «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» - и шаҳри Душанбе интиқол диҳем.
С. НЕЪМАТОВ,
сардори шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Кӯлоб


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 14.03.2017    №: 56    Мутолиа карданд: 629

19.11.2018


ДЕВАШТИЧ. Авҷи созандагиҳо дар Ҷамоати деҳоти Яхтан

Артиши Сурия охирин истеҳкоми «ДИ» дар ҷануби кишварро зери назорат гирифт

Дар ҳама минтақаҳои Ӯзбекистон «мактаби президентӣ» месозанд

Роҳандозии барномаи махсуси давлатии ипотекӣ барои дӯзандагони Қирғизистон

Киштии зериобии «Сан Хуан» - ро дар уқёнуси Атлантика ёфтанд

Ҷаҳон дар як сатр

Кулишов: «Марзҳои ИДМ бо таҷҳизоти муосир таъмин карда мешаванд»

Дар Тоҷикистон омӯзгори забони англисӣ барои таблиғи «ДИ» 19 сол гирифт

Қазоқистон мубориза бо машруботро сахттар мекунад

Фоидаи туризм ба кадом шаҳри дунё бештар аст?

Ҷаҳон дар як сатр

"ИСТИҚЛОЛ" бори аввал барои Ҷоми чемпионҳои КФО мубориза хоҳад бурд

Омодагии тими миллӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон – 2022

УСМОН ТОШЕВ САРМУРАББИИ НАВИ ДАСТАИ МУНТАХАБ

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед