logo

иҷтимоиёт

ДОЯ. ОЁ ТАРБИЯИ МУТАХАССИСОН ЗАРУР АСТ?

Тарбияи фарзанд масъулияти зиёдро тақозо менамояд. Давлату Ҳукумати кишвар бо назардошти ҳамин муҳимият бахусус тайи чанд соли охир силсилаи тадбирҳоеро роҳандозӣ намуда, ҷиҳати таъмини фазои солим барои камолоти насли наврасу ояндасоз чораҳои зарурӣ меандешанд.
Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», сохтмону барқарорсозии садҳо муассисаи томактабӣ ва таъмини шароити муосир дар онҳо аз тадбирандешиҳои муҳим дар ҳамин самт маҳсуб меёбад. Бо вуҷуди ин, ҳанӯз ҳам барои пурра фаро гирифтани кӯдакон дар муассисаҳои томактабӣ андешидани чораҳои иловагӣ тақозо мегардад. Мутахассисон бар ин назаранд, ки тарбия ва тайёр намудани дояҳо барои нигоҳубини фарзанд метавонад яке аз роҳҳои ҳалли масъалаи мавриди назар бошад.
Давраи томактабӣ давраест, ки кӯдак тавассути бозӣ ҷисман ва рӯҳан инкишоф меёбад. Аз ин рӯ,  мутахассисон таъкид менамоянд, ки доя  бояд ҳамчун шахси боэътимод ва  масъулиятшинос тавсифнома дошта бошад. Аз нигоҳи равонӣ солим будан ва муоширати хуб карда тавонистани доя низ ниҳоят муҳим аст. Ҳамчунин, донистани   бозиҳои интеллектуалӣ – фикрӣ ва  таълимӣ барои дояҳо ҳатмӣ  дониста мешавад. Зеро ба андешаи коршиносон бо шарофати бозиҳои гуногун дар тифл унсурҳои аввалини худхизматрасонӣ пайдо шуда, дар ҳамин давра ҳисси маърифатнокиву кунҷкобияшон зиёд  мегардад.  Аз ин нуқтаи назар, бояд, пеш аз ҳама, худи  дояҳо омӯзонида шаванд, то соҳиби маълумоту таҷрибаи кофӣ гарданд.
Муҳаммадулло Давлатов, устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мегӯяд:  «Чунин нафарон бояд аз дунёи кӯдакон огоҳ бошанд. Вақте  кӯдак «ман» - и  худашро истифода мебарад, хусусияти мустақилияташ  шакл  мегирад.  Хусусан дар давраи томактабӣ, ки  аз  сесолагӣ шурӯъ мегардад.  Доя бояд аз саволҳои бешумори кӯдак  ғазабнок нашуда, ба онҳо дуруст ҷавоб диҳад то ҷаҳонбинии кӯдак  васеъ гардад. Кӯшиш намоянд, ки муоишрати дуруст ва ҷаҳонбинии кӯдакро шакл ва рушд диҳад. Зеро ҳар  чизе, ки кӯдак дар ин сину сол омӯхт, заминаи барои солҳои минбаъдааш мебошад.
Аммо, ҳоло  на ҳама  волидоне, ки барои фарзандашон  доя  киро кардаанд, аз  фаъолияти онҳо  қаноатманданд.
Нурулло Саидов,  сокини шаҳри Душанбе,  иброз медорад, ки 3 сол аст писарчааш дар боғчаи «Олуча» - и ноҳияи Сино тарбият мегирад. Аммо, ният дорад, ки дояи боэътимод, донандаи хуби забонҳои хориҷиро ёфта, тарбияи фарзандашро дар хона ба роҳ монад. Вале, то ҳол  чунин нафарро  пайдо накардааст. 
Аксари онҳое, ки мехоҳанд, тарбияи кӯдакашонро ба доя супоранд, андеша доранд, ки на ҳамаи муассисаҳои томактабӣ дорои кадрҳои болаёқатанд ва аз уҳдаи тарбияи фарзандашон баромада метавонанд. Пас   саволе ба миён меояд» «Оё доя, ки тарбияи фарзандамонро ба ӯ бовар мекунем, аз  уҳдаи ин кор баромада метавонад?»
Шаъбон Ализода, сокини ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе, иброз медорад:  «Тӯли ҳашт моҳ шуд, ки дар хона ба кӯдакам доя гирифтаам. Ба назар мерасад, ки таҷрибааш  дар соҳа кам аст. Ҳарчанд бо забони русӣ хуб муошират мекунад, аммо маълумоти олӣ  надорад.»
Тибқи маълумоти Вазорати маориф ва илм дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ, ки аз рӯйи ихтисосҳои  омӯзгорӣ мутахассис омода мекунанд, тибқи Таснифоти давлатии равия ва ихтисосҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30.06.2007, № 349 тасдиқ шудааст) ихтисосҳои таҳсилоти томактабӣ, равоншиносӣ амалӣ ва таҳсилоти томактабӣ, педагогикаи иҷтимоӣ амал мекунанд, ки дар онҳо мутахассис омода карда мешавад. Вале, Таснифоти давлатии равия ва ихтисосҳо ихтисоси алоҳида маҳз бо номи «доя» вуҷуд надорад».
Аслан, фаъолияти  доягӣ дар кишвари  мо ҳоло рушд накардааст. Шахсияти дояро  омӯхта,  дар борааш  маълумот ба даст овардан,  кори хеле мушкил аст. Аз ин рӯ, волидон  ҳангоми  интихоби доя  мушкилӣ  мекашанд. Дар баъзе ҳолатҳо интихоби дуруст карда наметавонанд.
Аз ин рӯ, ва ба хотири рафъи мушкилӣ онҳо зарур медонанд, ки  дар донишгоҳе  шуъбаи доя таъсис  дода шавад.
Сарвиноз ШОДМОНОВА, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 14.03.2017    №: 56    Мутолиа карданд: 618

19.02.2019


МАКТАБИ ДАВЛАТДОРИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

Баррасии масъалаҳои рушди сайёҳӣ

Вохӯрии Низомиддин Зоҳидӣ бо Мазен Шамия

Дурнамои рушди муносибатҳо матраҳ гардид

ҶОМИ КУШОДАИ АВРУПО. Муҳаммадризо Қувватов медали биринҷӣ ба даст овард

Авҷи ниҳолшинонӣ

Саҳми соҳибкорон дар ободии деҳот

Ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Чин ва Россия густурдатар мегардад

Сарвар Дониш: «Музокироти сулҳ бидуни ҳукумат қурбе надорад»

«Туҳфаи шоҳона» - и Арабистони Саудӣ ба шаҳрвандони Покистон

Дар Қазоқистон маркази амнияти иттилоотӣ ифтитоҳ меёбад

Сокини навраси Шимкент ду нафарро аз сӯхтор наҷот дод

Ҷаҳон дар як сатр

18.02.2019


Боздиди Азим Иброҳим аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ

ВКД Ҷиноятҳо 83,6 дарсад ошкор шуданд

Вазорати молия. Барои дастгирии буҷет маблағи бештар ҷалб хоҳад гашт

«BISHKEK OPEN – 2019». Дурахши каратэ-дочиёни навраси тоҷик

«МОҲИЯТ ВА ТАЪЙИНОТИ МАТБУОТИ МАҲАЛЛӢ»

РОҒУН. Ободонӣ вусъат меёбад

АНДОЗ. Нақша 100, 6 дарсад иҷро гардид

ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН. Гардиши савдо ду баробар афзуд

Тоҷикистон миёни кишварҳои ИДМ ба афзоиши баландтарини ММД муваффақ гашт

Дар Тошканд конфронси байналмилалӣ оид ба Осиёи Марказӣ баргузор мегардад

Қасри сафед: "Музокироти тиҷоратӣ дар Пекин ба пешравӣ мусоидат кард"

Трамп мехоҳад ҷангиёни «Давлати исломӣ» - ро ба Аврупо барои суд кардан баргардонад

Кумитаи амнияти иттилоотии Қазоқистон беш аз 90 сомонаи хавфнокро ошкор сохт

Ҷаҳон дар як сатр

15.02.2019


ШАМШЕРБОЗӢ. ИШТИРОКИ ВАРЗИШГАРОНИ МО ДАР ЧЕМПИОНАТИ КУШОДИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Дар Душанбе ташкили низоми муттаҳидаи мудофиаи зиддиҳавоӣ баррасӣ шуд

Дар чор сол муомилоти мол байни Тоҷикистону Ӯзбекистон 19 маротиба афзуд

Медведев: «Таҳримоти ИМА ба иқтисоди Россия таъсири чандон бузург расонда наметавонад»

Пентагон. ИМА аз Афғонистон ҳамроҳи иттифоқчиёнаш меравад

13.02.2019


2018. Сиёсати хориҷии Тоҷикистон пурбарор буд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед