logo

фарҳанг

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА МИЗБОНИ НАВРӮЗ

То таҷлили ҷашни Наврӯз рӯзҳои башумор мондааст. Бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани Ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ дар шаҳри Турсунзода бо истифода аз тамоми имкониятҳои мавҷуда омодагӣ  бомаром идома дорад. Бо назардошти он, ки шинондани ниҳолу дарахт, тозаю озода намудани кӯчаю маҳалла ва шафати роҳҳо яке аз суннатҳои Наврӯзи Аҷам ба ҳисоб меравад, сокинони шаҳр дар ин раванд фаъолона ширкат меварзанд.
- Дар асоси нақшаю чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода  дар якҷоягӣ бо корхонаю ташкилот, муассисаҳо, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва сокинони он дар ҳудуди тамоми шаҳраку ҷамоатҳои деҳоти шаҳр, кӯчаю маҳалла, оромгоҳҳо, шоҳроҳи  Душанбе – Турсунзода ҳамарӯза ҳашари умумишаҳрӣ ташкил карда мешавад.  Дар макони баргузории чорабинӣ - варзишгоҳи «Металлург» корҳои таъмириву тармимӣ ва ободонӣ босуръат идома дорад, -  гуфт Фирӯз Холиқов, котиби ситоди «Наврӯз – 2017».
Дар шоҳроҳи Душанбе  - Турсунзода ва тамоми қаламрави шаҳр  ҷиҳати таъмини тозагӣ ва кабудизоркунӣ  ҳашару шанбегиҳо баргузор гардида, шинондани гулу буттаҳои ороишӣ ва корҳои ободонӣ вусъат меёбанд.  Дар доираи баргузории 120 рӯзи кабудизоркунӣ ва хуррамгардонӣ, ки ба пешвози ҷашнҳои Наврӯз ва 20 - солагии Ваҳдати миллӣ эълон гардидааст, то имрӯз бо ҳамдастӣ бо шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳр зиёда аз 53 ҳазор  гулҳои рангоранги  садбарг, ниҳолҳои сояафкану ороишии мавсимию доимӣ  шинонда шуд. Инчунин, дар гармхонаҳои Муассисаи хоҷагии манзилию  коммуналии шаҳр беш аз 200 ҳазор  гулҳои гуногуни ороишӣ парвариш ёфта истодааст, ки дар гулгаштҳои шаҳр шинонда мешаванд.
Ҳамчунин, дар шафати роҳи Душанбе – Турсунзода, маркази кӯчаю маҳаллаҳо айни ҳол зиёда аз 2500 метри мукааб шиору овезаҳо ва расмҳои идона, ки таҷассумкунандаи таъриху  суннатҳои Наврӯзӣ мебошанд, насб  гардида, ин раванд идома дорад. Тамоми қаламрави шаҳр бо Парчами давлатӣ  оро дода шудааст.  Дар доираи корҳои ободонӣ  22 бинои истиқоматии баландошёна таъмир ва рангу бор карда шуд, ки  ба шаҳр ҳусни тоза зам намуд. Ҷиҳати дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани Наврӯз ифтитоҳи 6 иншооти ҷашнӣ ба нақша гирифта шуда,  барои анҷоми онҳо  корҳои сохтмонӣ  идома доранд. Саҳми сокинони маҳаллӣ дар иҷрои ин корҳо назаррас мебошад.
Бо мақсади ташкил намудани намоиши асарҳои рассомон таҳти унвони «Тоҷикистон Ватани Наврӯз аст»  дар Осорхонаи марказии шаҳр ҷиҳати омода кардани гӯшаҳои махсус корҳо ҷараён доранд.  Даври аввали озмуни «Ҷашни Наврӯз дар тасаввури кӯдакон» дар муассисаҳои таълимии томактабӣ баргузор шуд.
Ҷиҳати баргузории озмунҳои «Дастурхони наврӯзӣ», «Кадбонуи беҳтарин»,  «Ороиши  суфраи наврӯзӣ», «Арӯси Наврӯз»  корҳои ташкилӣ ва омодагӣ дар ҷараён аст.  Озмуни ҷумҳуриявии «Арӯси Наврӯз» ва Фестивали либосҳои миллӣ таҳти унвони «Моҳпайкари Наврӯз» байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ роҳандозӣ гардид. Бо ташаббуси раиси шаҳр ҷиҳати  баланд бардоштани рӯҳияи идона ва густариши ободиву созандагӣ дар шаҳр мусобиқаи ҷамоати деҳот ва раиси маҳаллаи беҳтарин эълон гардид, ки сокинони деҳот дар мусобиқа ширкати фаъолона доранд. Ғолибони  ҷамоати беҳтарин бо  нақлиёти сабукрав ва раисони маҳаллаҳои беҳтарин бо туҳфаҳои пулӣ қадрдонӣ мегарданд.
Ҳадаф қабл аз ҳама арҷгузорӣ ба фарҳанги оламшумули тоҷикон, равнақ додани корҳои ободонию созандагӣ ва дар сатҳи баланду хотирмон таҷлил намудани Ҷашни Наврӯз мебошад.
Матлубаи АБДУҚАҲҲОР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 14.03.2017    №: 56    Мутолиа карданд: 616

15.02.2019


ШАМШЕРБОЗӢ. ИШТИРОКИ ВАРЗИШГАРОНИ МО ДАР ЧЕМПИОНАТИ КУШОДИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Дар Душанбе ташкили низоми муттаҳидаи мудофиаи зиддиҳавоӣ баррасӣ шуд

Дар чор сол муомилоти мол байни Тоҷикистону Ӯзбекистон 19 маротиба афзуд

Медведев: «Таҳримоти ИМА ба иқтисоди Россия таъсири чандон бузург расонда наметавонад»

Пентагон. ИМА аз Афғонистон ҳамроҳи иттифоқчиёнаш меравад

13.02.2019


2018. Сиёсати хориҷии Тоҷикистон пурбарор буд

КОРРУПСИЯ. 2047 ҷиноят ошкор гардид

САНОАТ. Беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулот содирот шуд

САРМОЯИ МУСТАҚИМ. Воридот дар ҳоли афзоиш аст

ОБ. Таъминоти аҳолӣ рӯ ба беҳбудӣ дорад

АВҶИ ОБОДКОРИҲО ДАР ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА

12.02.2019


АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО АЗ КАШФИЁТИ НАВ ТО САНОАТИ ДОРУСОЗӢ

КӮЛОБ. Содироти 825 тонна маҳсулоти кишоварзӣ

ДАНҒАРА. Саноатикунонӣ вусъат мегирад

ФУРУДГОҲҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Сатҳи хизматрасонӣ рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДК. Авлавият ба сатҳи касбият ва таълим

САДА. Тантанаи ҷашни миллӣ дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин

11.02.2019


ВАЗОРАТИ ФАРҲАНГ. 2018 - соли муваффақиятҳо буд

КУМИТАИ РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 1 миллион сайёҳ ба Тоҷикистон омад

МТС. Ҳамкориҳо бо Ӯзбекистон густариш меёбанд

ВМКБ. Гумрукчиён ба буҷет 16,9 миллион сомонӣ ворид карданд

ҲИСОР. Саҳми назарраси соҳибкорон дар ободонии шаҳр

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ба 1 миллиард сомонӣ расид

ВАРЗОБ. Таваҷҷуҳи сайёҳон ба нуқтаҳои истироҳатӣ афзудааст

08.02.2019


Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ. Музди миёнаи меҳнат - 1220 сомонӣ

КУМИТАИ ТЕЛЕВИЗИОН ВА РАДИО. Сифати кори шабакаҳо беҳтар мешавад

КҲФМГ. Офатҳои табиат 34 миллион самонӣ хисорот овард

Саноатикунонӣ дар Шаҳринав

Меъёри бозтамвил ба 14 дарсад поён фаромад

ШАҲРИ ВАҲДАТ. Иҷрои барзиёди андози иҷтимоӣ

ТАНЗИМ. Қонуншиканӣ коҳиш ёфтааст

СОҲИЛ. Корҳои мустаҳкамсозӣ вусъат меёбанд

ДДСТДТ. Авлавият ба рушди ҳунарҳои мардумӣ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед