logo

иқтисод

МОҲӢ. АЗ ГАРОНИИ НАРХ ТО НОБУДШАВИИ НАМУДҲО

Моҳипарварӣ яке аз соҳаҳои сердаромад ба ҳисоб меравад. Аз ин рӯ, солҳои охир таваҷҷуҳи Ҳукумати ҷумҳурӣ ба ин соҳа бештар мешавад. Барномаи  рушди соҳаи моҳипарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009 – 2015, ки бо мақсади нигоҳ доштан, зиёд кардани саршумор, маҳсулнокӣ, такмил додани сифатҳои генетикии моҳиҳо ва ба ин васила таъмин намудани талаботи аҳолӣ бо маҳсулоти ғизоӣ ва ташкили ҷойҳои нави кор  таҳия  гардида буд, барои пешрафти соҳа нақши муҳим бозид.
Барқарорсозии иқтидори истеҳсолии хоҷагиҳои моҳипарварии мавҷуда, парвариши зотҳои нав, эҳёи намудҳои қаблан  нестшуда (бестер, гулмоҳии рангоранг, амури сиёҳ, пешонағафси рангоранг, буффалои амрикоӣ, лақамоҳии  каналӣ), ташкили хоҷагиҳои  парвариши моҳии хушзот, тавлидгоҳҳои  парваришӣ ва хоҷагиҳои нави моҳипарварӣ  ҳадафҳои асосии ин барнома маҳсуб меёбанд.
Тибқи омори расмӣ, ҳоло дар ҷумҳурӣ 250 хоҷагии деҳқонии моҳипарварӣ фаъолият дошта, соли гузашта 2037,5 тонна моҳӣ истеҳсол намуданд, ки нисбат ба соли пешӣ 14,2 тонна зиёд аст. Аммо ин ҳанӯз қонеъкунанда нест. Дар ҷумҳурӣ танҳо 186 хоҷагии моҳипарварӣ фаъол аст. Дар вилоятҳои Хатлон 159, Суғд 25, ВМКБ 16 ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 50 хоҷагии моҳипарварӣ амал мекунанд.
Аз рӯи маълумоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2016 ба ҷумҳурӣ 710 ҳазору 985 килограмм моҳӣ ворид шудааст.
Мутахассисон талаботи солонаи аҳолии Тоҷикистонро ба моҳӣ 14 -16 ҳазор тонна унвон мекунанд, ки ба ҳар сари аҳолӣ 300 грамм рост меояд. 
Сол то сол зиёд шудани аҳолии мамлакат тақозо мекунад, ки моҳӣ аз ин ҳам бештар истеҳсол шавад. Илова бар ин, рушди минбаъдаи соҳа дар таъмини бехатарии озуқавории мамлакат ва маҳсулоти аз моҳӣ омодашуда барои саломатии аҳолӣ мавқеи  аввалиндараҷа дорад. Аз рӯи санҷиши мутахассисони соҳаи тиб, гӯшт ва равғани моҳӣ фикрронии майнаи сарро беҳтар намуда, ба солимии ҷомеа мусоидат мекунад.
Имрӯз нархи моҳӣ дар бозорҳои пойтахт нисбатан гарон аст. Ин дар ҳолест, ки ҷумҳурӣ имкони зиёд намудани хоҷагиҳои моҳипарварро дорад. Гулмоҳӣ нархи аз ҳама гарон дорад, аммо моҳипарварон мегӯянд, ки нигоҳубини он мушкил буда, хӯрокаш низ камёб аст. Захираи обҳои поку мусаффои Тоҷикистон имкон медиҳад, ки барои рушди соҳа ҳавзҳои зиёди парвариши моҳӣ  бунёд карда шаванд.
Таҳлилгарони соҳаи иқтисод сабаби асосии баланд будани нархи моҳӣ ва истеҳсоли норасоро ба дастрасии маҳдуди хоҷагиҳо ба хӯроки моҳӣ ва гарон будани нархи он рабт медиҳанд. Зеро хӯроки моҳӣ асосан аз хориҷи кишвар ворид мешавад. Дар Тоҷикистон корхонаи махсуси истеҳсоли хӯроки моҳӣ ҳанӯз вуҷуд надорад.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 65 намуди моҳӣ ба қайд гирифта шудааст, ки аз он 10 намудаш дар хоҷагиҳо парвариш меёбад. Ба назари таҳлилгарон тайи солҳои охир зотҳои моҳии алафхӯр аз байн рафта истодаанд. Барои ин зарур аст, ки ҷиҳати хушзоткунии моҳӣ тадбирҳои судманд андешида шаванд. 
Вазорати кишоварзӣ, КВД “Моҳии тоҷик” ва дигар идораҳои дахлдорро зарур аст, ки аз имкониятҳои мавҷуда самаранок истифода карда, ба рушди минбаъдаи соҳа таваҷҷуҳи бештар диҳанд ва Тоҷикистонро аз кишвари воридкунанда ба содиркунандаи моҳии хушсифат табдил диҳанд.
Лашкар ШАРИФЗОДА, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 14.03.2017    №: 56    Мутолиа карданд: 625

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед