logo

фарҳанг

САҲМИ АРЗАНДАВУ ЧАШМРАС БИГИРЕМ

Дигар доир намудани мулоқот бо намояндагони зиёиёни мамлакат аз ҷониби Пешвои миллат, Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукми анъана даромадааст. Ва 20 март чун Рӯзи зиёиёни эҷодкор дар саҳифаи таърихи кишвар сабт гардидааст. Дар ин рӯзи муборак, дар ин рӯзи мулоқоти судбахш Сарвари давлат намояндагони аҳли зиёро ба иди бузургу  бостонии миллиамон Наврӯзи хуҷастапай табрик мегӯяд, аз таъриху ҳикмату  фазилати он ёдовар мешавад.
Воқеан, ин мулоқотҳо дар рушди бештари илму фарҳангу адабиёти миллӣ таъсири неки худро гузоштанд. Бо фароҳам овардани шароитҳои мусоид  чун миллати соҳибфарҳанг ба омӯхтани тамаддуни гузаштаи худ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намудем, аз таҷрибаи ниёгони худ накутар баҳраҳо  бардоштем ва дар тарбияи насли наврас, хоса насли даврони истиқлоли кишвар аз он ҳамеша истифода бурдем. Бо дастуру раҳнамоӣ ва таъкидҳои Пешвои миллат энсиклопедияҳову қомусҳо, осори адибони гузашта ва муосир таҳия гардиданд ва ба табъ расиданд. Аз ҷумла,  нашри силсилаи осори ситораҳои дурахшони адабиётамон бо номи «Ахтарони адаб» дар 50 ҷилд маҳз пешниҳоди ӯ буд. Дар баробари ин, барои чопи он маблағ ҷудо намуд. Осори адибони муосир низ аз ҳисоби маблағҳои  фонди эҳтиётии Президенти кишвар ҳамасола нашр гардиданд. Ӯ бо ифтихор аз миллати соҳибфарҳангу дӯстдори китобаш таъкид медорад: «Ниёзмандии мардуми мо ба китобу маориф  аз қаъри асрҳо ибтидо гирифта, дар марҳалаи имрӯзии рушди ҷомеа ва истиқлолияти миллӣ бештар эҳсос мегардад.»
Бунёди мағозаҳои китобфурӯширо дар тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат Сарвари давлат дар ҳамин гуна як мулоқот пешниҳод намуд.
Албатта, миллате ба таъриху осори арзишмандаш ошно мешавад, рушд мекунад, пеш меравад ва пойдор мемонад. Инчунин, ба таблиғи аъмоли зишт ва фарҳанги бегона майл намекунаду  дил намебандад.
Дар ҳамин гуна мулоқот Президенти мамлакат таваҷҷуҳи намояндагони зиёиёнро  ба ному номгузории миллӣ ҷалб кард ва таъкид дошт, ки «дар навиштани ному насаб аз имкониятҳои  забони тоҷикӣ ва низоми таърихан ташаккулёфтаи  миллӣ истифода барем. Татбиқи оқилона ва санҷида» - и ин  сиёсат ба эҳё ва тақвияти  асолати миллӣ мусоидати матлуб хоҳад намуд. Дар иҷрои ин дастур худ барои дигарон намуна гардид. Тавре бармеояд, ба ин иктифо накард.  Пешниҳод намуд, ки хиёбонҳо, кӯчаҳо, боғҳо, донишгоҳҳо, мактабҳо, муассисаҳо бояд вобаста ба хидмати таърихӣ, мақоми шахсиятҳои сиёсӣ, илмӣ ва фарҳангӣ номгузорӣ шаванд.
Таҳлилу бузургдошти адибони гузаштаи мо, аз қабили Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, Носири Хусрав, Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, Камоли Хуҷандӣ, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дар шинохти асолати миллӣ, боло бурдани ифтихори ватандорӣ, дӯстдории сарзамини аҷдодӣ, бешак, таъсири зиёд гузошт.
Сарвари давлат ба хотири рушди босуботи ҷомеа, шукуфоии кишвари маҳбуб, пойдории давлату  истиқлолият, сулҳу ваҳдат бо дарку шинохти масъалаҳои  муҳиму мушкилоти давр ва ҷаҳон зимни ин  мулоқотҳои судбахш аз оғоз пешниҳодҳои муфид менамуд. Ҳамзамон таъкид медорад, ки «зиёиёни ватанпараст бояд шахсан ташаббус нишон диҳанд, мушкилоту масъалаҳои ҳалталаби  кишварро  ба миён гузоранд ва роҳу воситаҳои ҳалли онҳоро низ  пешниҳод кунанд.»
Агар ба гузаштаи на чандон дур рӯ биёрем, мебинем, ки зиёиён аз ин гуна озодӣ,  ба миён гузоштани муҳимтарин масъалаҳо бархӯрдор набуданд. Баръакс, таҳти фишор қарор доштанд, то барои шинохти асолати  миллӣ ва тарғиби он саъй ба харҷ надиҳанд.
Дар ин гуна мулоқотҳо Пешвои миллат диққати адибонро ба муҳимтарин вазифаи адабиёт ҷалб менамояд ва таъкид медорад, ки ғояҳои Истиқлолияти давлатӣ бояд дуруст инъикос шаванд. «Вобаста ба ин, бояд таблиғи ғояҳои Истиқлолияти давлатӣ, ваҳдати миллӣ, таҳкими суботи сиёсӣ, инъикоси дурусти зиндагии мардум ва рушди рӯзафзуни Тоҷикистон вазифаи муқаддасу меҳварии адабиёт ва адибони тоҷик қарор гирад. Барои ин, бисёр муҳим аст, ки адибони мо мавзӯи Ватан ва ватандӯстӣ, худогоҳиву худшиносӣ ва эҳтиром гузоштан ба муқаддасоти миллиро  асоси эҷодиёти худ қарор диҳанд», - изҳор медорад Сарвари давлат. Ҳамзамон таъкид медорад, ки наврасону ҷавононро  дар ин рӯҳия тарбия намоем.
Воқеан, пас аз ин гуна раҳнамунии дуруст адибон ба ин мавзӯъҳои  муҳим бештар аз пештар  рӯ оварданд, аммо он ҳанӯз ҷавобгӯи талабот нест. Президенти мамлакат холисонаву мунсифона иброз доштанд, ки «Адабиёти мо аз замона қафо монда, ҳамаи комёбиҳои даврони истиқлолият ҳанӯз пурра ва дар паҳнои манфиатҳои  имрӯзу фардои миллат ва давлат инъикоси бадеӣ наёфтаанд.»
Аз ин рӯ, бо назардошти он ки ғамхориҳои Пешвои миллат дар ҳаққи мо - зиёиён, хоса адибон бениҳоят зиёд аст, месазад, ки дар ҷавоби ин ҳама дар таълифи асарҳои  арзишманди бадеӣ барои пойдории истиқлолият, сулҳу ваҳдат, тарбияи насли наврас ва ҷавонон беш аз пеш саҳми арзандаву чашмрас бигирем.
Абдулқодири РАҲИМ, адиб


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 14.03.2017    №: 56    Мутолиа карданд: 624

15.07.2019


Сарвазири Корея ба Тоҷикистон меояд

Баррасии масъалаҳои ҳамгироии САҲА, СҲШ ва ИА дар минтақаи Осиёи Марказӣ

Нахустин шумораи маҷаллаи «Осиё ва Аврупо» аз чоп баромад

ДТТ. Изҳори нигаронӣ аз вазъи бо кор таъмин шудани хатмкардаҳо

ТИБ. 288 номгӯи доруи ғайристандартӣ ошкор шуд

11.07.2019


Шиносоии Қоҳир Расулзода бо сохтмон ва навсозии шоҳроҳи Душанбе – Бохтар

10.07.2019


Нодиртарин "Девон" - и Навоӣ дар Хуҷанд

Бунёди нахустин пойгоҳи ҷаҳонии шабакаи атмосферии Тоҷикистон дар Осиёи Марказӣ

Иттиҳоди Аврупо барои кишварҳои Осиёи Марказӣ 72 миллион евро ҷудо мекунад

Матвиенко: "Дар бозори Россия қариб тамоми об қалбакӣ будааст"

Ҷаҳон дар як сатр

08.07.2019


Баррасии ҷараёни иҷрои Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонон

"Душанбе - қалби Тоҷикистон"

Ҳамоиш оид ба таҳияи маҳсулоти сайёҳӣ

Россия нахусткайҳоннаварди арабро бо ғизои махсус таъмин месозад

Зиёни иқтисодии Гурҷистон аз коҳиши сайёҳони рус беш аз $700 миллион хоҳад шуд

Дар Қазоқистон то соли 2021 нияти ифтитоҳи 20 мактаби олӣ ва 180 коллеҷро доранд

СММ: "Қирғизистон нахустин кишварест, ки мушкили бешаҳрвандиро ҳал кард"

Зеленский пурра иҷро кардани созишномаи Минскро ваъда дод

Ҷаҳон дар як сатр

04.07.2019


Ҷаласаи Комиссияи муштараки ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Покистон

Масъалаи татбиқи ҳамгироии сиёсати давлатии ҷавонон баррасӣ гардид

ФУТБОЛ. Чемпионати АФОМ дар Тоҷикистон мегузарад

Омӯзгоронро барои кор дар Тоҷикистон ва Қирғизистон интихоб менамоянд

Сарвазири Италия пазироии самимии Путинро ваъда кард

Дар Минск паради низомӣ бахшида ба Рӯзи Истиқлолияти Беларус доир гашт

Путин шартҳои муколамаи Москва ва Киевро ном бурд

Суд ба маъмурияти Трамп истифодаи маблағи Вазорати мудофиаро барои деворсозӣ манъ намуд

Ҷаҳон дар як сатр

02.07.2019


Тақвияти ҳамкориҳо бо БАТР

Мулоқоти Исматулло Насредин бо Умар Аюб Хон

Озмунҳои «Маҳаллаи беҳтарин» ва «Кӯчаи беҳтарин» баргузор мешаванд

Тоҷикистон. Барои табобати Осия Зулфонова аз Олмон табиб оварданд

То соли 2020 маҳсулоти муштараки ширии Тоҷикистону Беларус ба бозор мебарояд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед