logo

иҷтимоиёт

КИРОЯКОРОН. АЗ ҲУҚУҚИ ОНҲО ҲИМОЯ НАМЕКУНЕМ, ЧАРО?

Матолиби  “Аз  пардохти маблағҳои нақдӣ кӣ нафъ мебинад?” («Ҷумҳурият» шумораҳои 16 апрел  №74 (22 896) ва 27 майи соли 2016 № 101 (22 923), дар хусуси он нақл мекарданд, ки ҳуҷҷатгузории баъзе муассисаҳои хӯроки умумии шаҳр  ба талаботи рӯз ҷавобгӯ нестанд. Дар қисман ошхонаҳо, “Тезтайёр”-ҳо, дуконҳои мавсимӣ ҳуқуқҳои кироякорон (коркунони муваққатӣ) поймол гардад ҳам, кироякорон, гӯё шикоятҳои онҳоро оид ба музди кам, соатҳои барзиёди кор ва дигар қонуншиканиҳо ягон мақомот намесанҷад, ба идорае муроҷиат намекунанд.
Гап сари он меравад, ки дар аксар ошхонаҳо, “Тезтайёр”-ҳо, дуконҳои мавсимӣ ва корхонаҳои қаннодӣ коргаронро бе ягон ҳуҷҷати лозимӣ (шартномаи меҳнатӣ, маълумотнома дар бораи саломатӣ) ба кор қабул намуда, аз меъёр зиёд, яъне то 14 – 16 соат кор фармуда, музди кам – ҳамагӣ 15 – 30 сомонӣ дар як шабонарӯз медиҳанд. Ҳангоми чопи ин маводи таҳлилӣ мо умед доштем, ки масъулон далелҳои моро санҷида, дар бартараф сохтани камбудиҳои мавриди назар чораҷӯйи мекунанд. Вале аз байн 10 - 11 моҳ сипарӣ гашта бошад ҳам, мутаассифона, ягон мақомот далелҳои мақолаҳоро мавриди санҷиш қарор надода, ба рӯзнома посух нагардонд. Гӯё ин масъала аслан ҷой надошта бошад?
Ҳадаф аз дубора рӯ овардан ба ин мавзӯъ он аст, ки камбудиҳои як сол қабл вуҷуддошта ҳанӯз ҳам дар баъзе ошхонаю дукончаҳо ва муассисаҳои қаннодӣ дида мешаванд. Масалан, косаю табақшӯёни ошхонаи назди бозори  “Саховат” мегӯянд, ки аз соати 7-и саҳар ба кор баромада, то соати 22-и шаб се рӯз пайи ҳам кор карда, барои як рӯзи корӣ 30 сомонӣ мегиранд.  Онҳо соҳиби якчанд фарзанданд.  Магар соҳибони ошхонаҳои мавзеи “Саховат”, ки аксаран ҳоҷиёнанд, инсоф надоранд, ки фарзандони ин занҳои ночормондаро давоми 14 – 16 соат бесаробон мемонанд? Оё намешавад, ки рӯзи кории ин гуна занон дар ошхонаҳое, ки рӯзе ба ҳазорон нафар хизмат мерасонанд, 6 – 8 соат бошаду коргаронро дар ду баст ба кор қабул намоянд, косаю табақшӯён бо навбат кор карда, нафақаи фарзандонро ёбанду боз ду – се соати иловагӣ ба тарбияи фарзандон машғул шаванд?
Камбудиҳои ба кор қабул кардан ва аз кор ҷавоб додани кормандони кироякор (муваққатӣ) танҳо дар ошхонаҳо не, балки дар корхонаҳои қаннодӣ, самбӯсахонаҳо низ ба назар мерасад. Дар ин ҷойҳо ҳам кормандонро аз соати 5-и субҳ то 18 – 20 - и бегоҳ (дар зимистон) кор фармуда, музди ночиз медиҳанд. Ногуфта намонад, ки баъзе аз чунин корхонаҳо ба таври пинҳонӣ кор карда, аз барқ, андоз ва дигар пардохтҳои обу коммуналӣ қарздоранд ё саркашӣ менамоянд. Барои пинҳон доштани фаъолияти худ коргаронро баъзан шабона кор мефармоянд. Дар яке аз самбӯсахонаҳо сокини шаҳр Г. - ро ба кор қабул намуда, баъди ду рӯз ҷавоб доданд. Маълум шуд, ки самбӯсахона аз қувваи барқ пинҳонӣ истифода мебурдаасту бо оғози санҷишҳо фаъолияташро муваққатан қатъ намудааст. Ин гуна мисолҳо бисёранду бо овардани яке аз онҳо гуфтаниам, ки бояд мақомоти дахлдор ба зудӣ ба ин масъалаҳо дахолат намуда, ба роҳбарияти нави шаҳр ёрии амалии хешро расонанд.
Шаҳри  Душанбе ба наздикӣ чун яке аз 5 шаҳри ояндадори сайёҳии ҷаҳон пазируфта шуд. Намесазад, ки дар шаҳри зебои мо, ки бо унвони “Шаҳри Сулҳ” писандида шудааст, чунин камбудиҳо ҷой дошта бошанд!
Дар хотима ҳаминро афзуданиам, ки рӯзнома пеш аз чоп кардани мақолаҳо ва баъди интишори онҳо ба Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи андози назди  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат карда буд, ки ба ин масъала аз нигоҳи идораашон рӯшанӣ андозанд. Аммо на дар вазорат ва на дар кумита ба ин масъала диққат надоданд. Гӯё ин масъалаи доғи рӯз ба онҳо дахл надошта бошад.
Мавриди зикр  аст, ки бо иваз шудани роҳбарияти  шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ, Шоҳмансур ва Сино дар пойтахт дигаргуниҳои назаррас ба вуқӯъ пайваста, беҳбудӣ дар ободонӣ, сабзкорӣ ва санитарию гигиенӣ дида шуда, тадбирҳои мушаххас роҳандозӣ гашта истодаанд, ки мардуми пойтахт инро бо чашми сар мебинанд.
Бовар аст, ки дар радифи чунин ободкориҳо масъалаи мазкур низ аз нигоҳи масъулон дур намемонад. Пойтахт қалби Тоҷикистон ва хонаи ободи ҳар яки мову шумост. Набояд дар ҳалли мушкилоти ҳалталаб бетараф бошем!
Мирзои ФИРӮЗ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 14.03.2017    №: 56    Мутолиа карданд: 608

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед