logo

иқтисод

ДУШАНБE – ШАҲРИ БАРГУЗИДАИ ҶАҲОН

Пойтахти давлати тоҷикон маҳз дар даврони соҳибистиқлолии кишвар дар ҷаҳони муосир мақоми шоиста касб карда, ба оламиён бо чеҳраи нав ҳамчун шаҳри маҳбуби дилҳо муаррифӣ гаштааст. Дар пойтахти кишвар намояндагони халқҳои дигар низ тифоқу дӯстона зиндагӣ доранд. Онҳо урфу одат ва анъанаҳои миллати тоҷикро гиромӣ дошта, дар ҷашнҳои Наврӯз, Садаю Меҳргон фаъолона иштирок менамоянд. Соли 2010 шаҳри Душанбе  дар доираи Созмони исломӣ оид ба илм, маориф ва фарҳанг (ЮНЕСКО) пойтахти фарҳанги исломӣ эълон гашт, ки боиси ифтихори ҳар тоҷикистонист.
Душанбе соли 2016 миёни 6 шаҳри баргузидаи ҷаҳон - Рим, Афина, Ашқобод, Боку ва Бишкек дар озмуни ҷаҳонӣ ба ҷоизаи «Шаҳри сулҳ» - и Бунёди «Роҳи абрешим» сазовор дониста шуд. Ин мужда зимни баргузории Намоиши байналмилалии «Рассомон баҳри сулҳ» таҳти унвони «Дурдонаҳои Роҳи абрешим» дар шаҳри Душанбе баён гардид.
Зимни супурдани ҷоиза мушовири Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Ченг Гуопинг чунин иброз дошт: «Шаҳри Душанбе барои таъмини суботу оромӣ, амнияту хизматрасонии осоиштаи қишрҳои ҷомеа, гуфтугӯи тамаддунҳо, рушди бомароми иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангӣ бо ҷоизаи мазкур сарфароз гардонда шуд». Ин аввалин ҷоизаи байналмилалии шаҳри Душанбе набуда, соли 2004 - ум он бо Ҷоизаи «Шаҳри сулҳ» - и ЮНЕСКО дар минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором дар солҳои 2002 - 2003 барои саҳми намоён дар таҳкими сулҳ ва арзишҳои башарӣ, таҳаммулпазирӣ ва ҳамрайъӣ дар ҳаёти ҳамарӯза сарфароз гардидааст.
Мувофиқи таҳқиқоти ширкати маъруфи «Mastercard» дар раддабандии (рейтинги) шаҳрҳои аз нигоҳи туризм ояндадор шаҳри Душанбе имсол ҷойи аввалро соҳиб гашт. Дар асоси ин пажӯҳиш маҷаллаи сайёҳии  «34travel» 5 шаҳри  аз лиҳози имконоти рушди  соҳаи сайёҳӣ ояндадор - Душанбе, София, Бухарест, Касабланка ё Дор-ул-Байдо ва Бостонро беҳтарин донист, ки дар байни онҳо  пойтахти Тоҷикистон дар мақоми аввал меистад.
Моро зарур аст, ки обу ҳаво, боғу дарахтзор, гулгаштҳо, роҳ, муҷассамаҳои бузургон, зиёратгоҳҳо ва иншооти дигари маъмурию маишии пойтахтро гиромӣ дорем, мутобиқи нишондодҳои Маромномаи сокини пойтахт ба сар барем. 
Раҳматулло КАРИМОВ,  «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 14.03.2017    №: 56    Мутолиа карданд: 706

15.02.2019


ШАМШЕРБОЗӢ. ИШТИРОКИ ВАРЗИШГАРОНИ МО ДАР ЧЕМПИОНАТИ КУШОДИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Дар Душанбе ташкили низоми муттаҳидаи мудофиаи зиддиҳавоӣ баррасӣ шуд

Дар чор сол муомилоти мол байни Тоҷикистону Ӯзбекистон 19 маротиба афзуд

Медведев: «Таҳримоти ИМА ба иқтисоди Россия таъсири чандон бузург расонда наметавонад»

Пентагон. ИМА аз Афғонистон ҳамроҳи иттифоқчиёнаш меравад

13.02.2019


2018. Сиёсати хориҷии Тоҷикистон пурбарор буд

КОРРУПСИЯ. 2047 ҷиноят ошкор гардид

САНОАТ. Беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулот содирот шуд

САРМОЯИ МУСТАҚИМ. Воридот дар ҳоли афзоиш аст

ОБ. Таъминоти аҳолӣ рӯ ба беҳбудӣ дорад

АВҶИ ОБОДКОРИҲО ДАР ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА

12.02.2019


АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО АЗ КАШФИЁТИ НАВ ТО САНОАТИ ДОРУСОЗӢ

КӮЛОБ. Содироти 825 тонна маҳсулоти кишоварзӣ

ДАНҒАРА. Саноатикунонӣ вусъат мегирад

ФУРУДГОҲҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Сатҳи хизматрасонӣ рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДК. Авлавият ба сатҳи касбият ва таълим

САДА. Тантанаи ҷашни миллӣ дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин

11.02.2019


ВАЗОРАТИ ФАРҲАНГ. 2018 - соли муваффақиятҳо буд

КУМИТАИ РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 1 миллион сайёҳ ба Тоҷикистон омад

МТС. Ҳамкориҳо бо Ӯзбекистон густариш меёбанд

ВМКБ. Гумрукчиён ба буҷет 16,9 миллион сомонӣ ворид карданд

ҲИСОР. Саҳми назарраси соҳибкорон дар ободонии шаҳр

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ба 1 миллиард сомонӣ расид

ВАРЗОБ. Таваҷҷуҳи сайёҳон ба нуқтаҳои истироҳатӣ афзудааст

08.02.2019


Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ. Музди миёнаи меҳнат - 1220 сомонӣ

КУМИТАИ ТЕЛЕВИЗИОН ВА РАДИО. Сифати кори шабакаҳо беҳтар мешавад

КҲФМГ. Офатҳои табиат 34 миллион самонӣ хисорот овард

Саноатикунонӣ дар Шаҳринав

Меъёри бозтамвил ба 14 дарсад поён фаромад

ШАҲРИ ВАҲДАТ. Иҷрои барзиёди андози иҷтимоӣ

ТАНЗИМ. Қонуншиканӣ коҳиш ёфтааст

СОҲИЛ. Корҳои мустаҳкамсозӣ вусъат меёбанд

ДДСТДТ. Авлавият ба рушди ҳунарҳои мардумӣ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед