logo

қонунҳои ҶТ

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷамъиятҳои саҳомӣ»

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 марти соли 2007 «Дар бораи ҷамъиятҳои саҳомӣ» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2007, № 3, мод. 170; с. 2008, № 10, мод. 812) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Ба моддаи 4 қисми 8 бо мазмуни зайл илова карда шавад:
«8. Хусусиятҳои вазъи ҳуқуқии ҷамъиятҳои саҳомиеро, ки ҳангоми хусусигардонии корхонаҳои давлатӣ таъсис ёфтаанд ва нисбати онҳо ҳуқуқи махсус оид ба иштироки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар идоракунии ҷамъиятҳои саҳомии мазкур («саҳмияи тиллоӣ») истифода бурда мешавад, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хусусигардонии моликияти давлатӣ» муайян мекунад.».
2. Дар моддаи 14:
-қисми 3 бо сархати дуюми дорои мазмуни зайл илова карда шавад:
«Оинномаи ҷамъият бояд маълумот оид ба истифода бурдани ҳуқуқи махсус ҷиҳати иштироки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар идоракунии ҷамъият («саҳмияи тиллоӣ») дошта бошад.»;
-сархати дуюм сархати сеюм ҳисобида шавад.
3. Ба моддаи 15 қисми 4 бо мазмуни зайл илова карда шавад:
«4. Ба оинномаи ҷамъияти саҳомӣ ворид намудани маълумот дар хусуси нисбат ба ҷамъият истифода бурдани ҳуқуқи махсус ҷиҳати иштироки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар идоракунии ҷамъият («саҳмияи тиллоӣ») ва хориҷ намудани чунин маълумот дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад.».
4. Ба қисми 1 моддаи 41 ҷумлаи дуюм бо мазмуни зайл илова карда шавад:
«Дар ҳолатҳои истисноӣ мақоми ваколатдори танзими бозори коғазҳои қиматнок метавонад феҳристи саҳмдорони ҷамъиятҳои саҳомиеро, ки дар он ҳиссаи давлат мавҷуд мебошад ва тибқи  фаъолияти худ иншоотҳои муҳим ба ҳисоб мераванд, пеш барад.».
5.  Дар моддаи 52:
-ба модда қисми 7 бо мазмуни зайл илова карда шавад:
«7. Қароре, ки маҷлиси умумии саҳмдорон бе иштироки соҳиби «саҳмияи тиллоӣ» қабул менамояд, эътибор надорад.»;
-қисми 7 қисми 8 ҳисобида шавад.
6. Ба қисми 1 моддаи 54 сархати нав бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«Дар ҳолате, ки агар нисбати ҷамъият ҳуқуқи махсус оид ба иштироки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар идоракунии ҷамъияти мазкур («саҳмияи тиллоӣ»)  истифода бурда шавад, ба рӯйхати мазкур инчунин намояндаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил мешаванд.».
7. Аз қисми 2 моддаи 64 ҷумлаи охирин хориҷ карда шавад.
8. Ба моддаи 90 қисми 3 бо мазмуни зайл илова карда шавад:
«3. Дар ҳолати нисбати ҷамъияти саҳомии кушода истифода бурдани ҳуқуқи махсус оид ба иштироки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар идоракунии ҷамъияти мазкур («саҳмияи тиллоӣ») ин гуна ҷамъият ба намояндаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дастрас будани ҳамаи ҳуҷҷатҳои худро таъмин менамояд.».
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.


Президенти Ҷумҳурии
Тоҷикистон           Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 5 августи соли 2009, № 541

Қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
«Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни
Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷамъиятҳои саҳомӣ»
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷамъиятҳои саҳомӣ» қабул карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон     С. ХАЙРУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 27 майи соли 2009, № 1354


Қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷамъиятҳои саҳомӣ»
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷамъиятҳои саҳомӣ» баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷамъиятҳои саҳомӣ» ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон     М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 23 июли соли 2009, № 671


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 664

21.11.2018


Аз таркиш дар Кобул беш аз 50 нафар ҳалок шуд

Ӯзбекистон нахустин намоишгоҳ-ярмаркаи байналмилалии содиротӣ мегузаронад

Могерини: «Иттиҳоди Аврупо «артиши аврупоӣ» ташкил карданӣ нест»

Табобати гепатити С дар Беларус аз арзонтарин дар Аврупост

Ҷаҳон дар як сатр

ДУШАНБЕ. Таҷлили нахустин ҷашни занони соҳибкор

ДЕВАШТИЧ. Тантанаи Рӯзи Президент

Иштироки мунтахаби футболи бонувон дар CAFA

20.11.2018


СУҒД. Оғози сохтмони раёсати маориф

ЛЕВАКАНТ. Конфронси илмӣ - назариявӣ ба ифтихори Иҷлосияи XVI

"Парасту" дар Тоҷикобод

Сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ барои машварат дар Тошканд ҷамъ меоянд

Финляндия ҷонибдори ҳузури Россия дар Шӯрои Аврупо

Вазорати маорифи Афғонистон 30 ҳазор занро ба кор мегирад

Баррасии рушди инклюзивии иқтисоди қитъа дар Гвинея Папуаи Нав

Ҷаҳон дар як сатр

АНВАР ЮНУСОВ СОҲИБИ КАМАРБАНДИ WBF

"СОРО КОМПАНИЯ" ҒОЛИБИ ЛИГАИ КАСБИИ ФУТЗАЛИ ТОҶИКИСТОН

19.11.2018


ДЕВАШТИЧ. Авҷи созандагиҳо дар Ҷамоати деҳоти Яхтан

Артиши Сурия охирин истеҳкоми «ДИ» дар ҷануби кишварро зери назорат гирифт

Дар ҳама минтақаҳои Ӯзбекистон «мактаби президентӣ» месозанд

Роҳандозии барномаи махсуси давлатии ипотекӣ барои дӯзандагони Қирғизистон

Киштии зериобии «Сан Хуан» - ро дар уқёнуси Атлантика ёфтанд

Ҷаҳон дар як сатр

Кулишов: «Марзҳои ИДМ бо таҷҳизоти муосир таъмин карда мешаванд»

Дар Тоҷикистон омӯзгори забони англисӣ барои таблиғи «ДИ» 19 сол гирифт

Қазоқистон мубориза бо машруботро сахттар мекунад

Фоидаи туризм ба кадом шаҳри дунё бештар аст?

Ҷаҳон дар як сатр

"ИСТИҚЛОЛ" бори аввал барои Ҷоми чемпионҳои КФО мубориза хоҳад бурд

Омодагии тими миллӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон – 2022

УСМОН ТОШЕВ САРМУРАББИИ НАВИ ДАСТАИ МУНТАХАБ

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед