logo

сиёсат

АГАР БА ЧАШМИ ДИЛ БИНГАРЕМ...

Дар ноҳияи Тоҷикобод суҳбату вохӯриҳо бо фаъолони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ҷиҳати тарғибу ташвиқи нуктаҳои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ идома дорад. Дар мулоқотҳо бештар мавзӯъҳои ваҳдат - шаҳсутуни устувори бақои давлат, соли 2017-Соли ҷавонон, рушди соҳибкории хурду миёна ва ғайра мавриди таҳлилу баррасӣ қарор мегиранд. Нодираи Маҳмадисо, раиси ноҳияи Тоҷикобод, дар суҳбат бо хабарнигори «Ҷумҳурият» андешаҳояшро перомуни Паёми имсолаи Сарвари давлат чунин баён намуд:
- Агар ба Паёми навбатии Пешвои миллат бо чашми дил бингарем, як саҳифаи нав дар таърихи миллат боз мешавад. Зеро баъди ҳар як Паёми Президенти мамлакат дар кишвари азизамон дигаргуниҳои куллӣ ба амал меоянд. Бояд гуфт, ки маҳз ваҳдати миллӣ имкон фароҳам овард, ки дар як муҳлати кӯтоҳ ба дастовардҳои назаррас ноил гардем. Мутаассифона, ҳанӯз ҳам дар байни мо нафароне ҳастанд, ки ин ҳақиқатро дарк кардан намехоҳанд. Онҳо манфиатҳои гурӯҳию шахсиашонро аз манфиати давлату миллат боло мегузоранд. Вазифаи ҳар кадоми мост, ки ҳақиқати таърихиро ба мардум фаҳмонем, то онҳо дарк кунанд, ки танҳо ваҳдат ва сулҳу оромӣ метавонад барои рушди босуръати Тоҷикистони соҳибистиқлол заминаи воқеиро таъмин намоянд.
Соли 2017 - ро Соли ҷавонон эълон намудани Пешвои миллат гувоҳи он аст, ки роҳбарияти олии мамлакат ба ҷавонон эътимоди зиёд доранд. Ҷавонони донишманду боистеъдод, ки неруи созандаи ҷомеа мебошанд, барои рушди устувори мамлакат нақши калидӣ бозида метавонанд. Ман ҳам аз зумраи он ҷавонони саодатмандам, ки Пешвои миллат бовар карда, роҳбарии як ноҳияро ба зиммаам гузоштанд. Бори масъулиятро хуб эҳсос мекунам ва пайваста пайи он талош менамоям, ки ба ин боварӣ сазовор бошам.
«Ҷавонони имрӯзаи мо, яъне насли замони истиқлол, аз наслҳои пешина бо савияи илму дониш, маърифату ҷаҳонбинӣ, сатҳи тафаккур ва одобу ахлоқ фарқи куллӣ доранд, ки ин ҳама боиси ифтихори мо мебошад». Ин суханҳо аз забони шахсе баён гардиданд, ки тамоми ҳастиашро сарфи хизмати мардум кардааст. Дар ҷавонӣ, дар як шароити барои кишварамон бисёр ногувор, масъулиятеро ба дӯш гирифт, ки мардони соҳибтаҷриба ҷуръат накарданд. Тоҷикистонро аз дами бало раҳонд ва ба як кишвари шукуфон табдил дод.
Пешвои миллат дар суханрониҳои худ ҳамеша оид ба рушди соҳибкории хурду миёна ибрози назар менамояд. Дар Паёми имсола низ ин масъала аз мадди назар дур намондааст: «Бо ин мақсад бахши хусусӣ, соҳибкории хурду миёна, бахусус, соҳибкорони истеҳсолиро, ҳамаҷониба дастгирӣ карда, ҷиҳати ҷалби сармоя дар ин самт тадбирҳои иловагиро амалӣ мегардонем ва ба фарогирии калонсолон ва занону ҷавонон бо шуғли пурсамар эътибори бештар дода, касбҳои мардумӣ, ҳунарҳои дастӣ ва кори хонагиро инкишоф медиҳем ва аз шаклҳои мавсимии шуғл самаранок истифода мебарем». Дар ноҳияи Тоҷикобод барои рушди соҳибкории хурду миёна тамоми шароит фароҳам буда, пешравиҳо ба назар мерасанд. Чун дар ноҳияи мо кишоварзӣ соҳаи асосист, бояд дар ин самт низ корҳои зиёдеро анҷом диҳем. Дар гузашта Тоҷикобод макони истеҳсоли картошкаи хушсифат ба шумор мерафт. Ҳоло мо метавонем аз ҳисоби заминҳои бекорхобида масоҳати заминҳои киштбобро васеъ намоем. Ба картошкапарварон лозим аст, ки маданияти истифодаи заминро хубтар аз худ кунанд. Ҳамчунин, пайдо намудани тухмии хушсифат ва истифодаи самараноки он ба рушди соҳа такони ҷиддӣ мебахшад.
Бовар дорем, ки мардуми шарифи Тоҷикобод Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Маҷлиси Олӣ, ки барномаи сол ва чароғи ҳидояти мардуми кишвар аст, амиқ омӯхта, барои дар амал татбиқ намудани нуктаҳои он содиқона талош хоҳанд кард.
Худодод ЗАЙНИДДИН, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 15.03.2017    №: 57    Мутолиа карданд: 617

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед