фарҳанг
"ҶУМҲУРИЯТ" - 93 СОЛ. АЗ ОРМОНҲОИ МИЛЛӢ ТО ИФТИХОРИ МИЛЛАТ
Инак, 93 сол мешавад, ки рӯзномаи «Ҷумҳурият» ба нигоштани саҳифаҳои пурифтихори таърихи давлати тоҷикон ва ормонҳои миллиамон машғул мебошад.
Нахустин шумораи рӯзнома бо номи «Иди тоҷик» 15 марти соли 1925 нашр гардида, баъдан бо номҳои «Бедории тоҷик», «Тоҷикистони сурх», «Тоҷикистони советӣ» ва «Тоҷикистони шӯравӣ» рисолати оинадориро ба ҷо овардааст. Имрӯз он ба сифати Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф шудааст.
Дар ин муддат «Ҷумҳурият» аз ҳадди як рӯзнома берун рафта, ба як мактаби бузурги эҷодӣ табдил ёфтааст. Чандин насл худро ҳам ба маънии дар он тарбият дидан ва ҳам таъсираш дар раванди инкишофи шахсияташон худро дастпарвари ин мактаби бузург медонанд. Бузургтарин қаламкашону муҳаққиқони илму адаби ватанӣ қадамҳои нахустини худро аз остонаи «Ҷумҳурият» оғоз намудаанд.
Бахшида ба ин рӯзи фархунда дар идораи рӯзнома маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид. Дар он аз таърихи пуршараф, саҳми рӯзнома дар пешрафти ҷомеаи шаҳрвандӣ, тарғиби ғояҳои сулҳу ваҳдат ва дастгирии сиёсати ободкоронаи муассисони он – Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати кишвар ёдовар гардиданд. Қурбоналӣ Раҳмонзода, сармуҳаррири рӯзнома, саҳифаҳои рангину пурифтихори «Ҷумҳурият» - ро варақгардон намуда, аз шахсиятҳои дар рушди рӯзномаи рақами яки ҷумҳурӣ саҳмдошта ёдовар шуд.
Сипас, Қ. Раҳмонзода собиқадорон ва кормандони фаъолро бо Ифтихорномаи рӯзнома сарфароз гардонд. Нишонҳои "Аълочии матбуоти Тоҷикистон", "Аълочии фарҳанги Тоҷикистон" ва ифтихорномаву сипосномаҳое, ки кормандони рӯзнома дар арафаи Рӯзи матбуоти тоҷик бо онҳо сарфароз гардида буданд, супурда шуданд. Ҳайати таҳририяи рӯзнома барои боз ҳам хонданбоб гардиданаш барои муаллифони беҳтарини саҳифаи «Шоми шанбе» ҷоизаи махсус таъсис дод. Ҳамчунин, бо ташаббуси роҳбарияти рӯзнома ҷиҳати дастгирии кормандони ҷавон ва беҳтар намудани шароити онҳо ба эҷодкороне, ки иҷоранишин мебошанд, кумаки молиявӣ расонда шуд.
Кормандони "Ҷумҳурият" изҳор доштанд, ки минбаъд низ ҷиҳати боз ҳам ҷолибу хонданӣ баромадани он тамоми саъю кӯшиши худро дареғ нахоҳанд дошт.
М. ТАБАРӢ, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 15.03.2017 №: 57 Мутолиа карданд: 842