logo

иҷтимоиёт

ТАНЗИМ. ДАР ТАЪМИНИ ОН БЕТАРАФ НАБОШЕМ

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми мулоқот бо роҳбарону фаъолон ва намояндагони сокинони шаҳри Душанбе (15 феврали соли 2017) вобаста ба танзими анъана ва ҷашну маросимҳо таъкид намуданд, ки дар фаъолияти комиссияҳои доимии шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он камбудиҳои зиёд ба назар мерасад ва зарур аст, ки Низомномаи комиссияҳои доимӣ мавриди баррасӣ қарор дода шавад.
Воқеан, бояд таъкид дошт, ки эродҳои Сарвари давлат аслан ба  аксарияти шаҳру ноҳияҳои кишвар дахл дорад. Вобаста ба ин зарур аст, ки дар хусуси талаботи Низомномаи комиссияи доимӣ, фаъолияти аъзои комиссия андак ҳам бошад, рӯшанӣ андохта шавад. Мақсад, албатта, дарки беҳтару бештари масъалаи мавҷуда ва рафъи камбудиҳои зикргардида мебошад.
Комиссияҳои доимии маҳаллӣ дар асоси талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” фаъолият намуда, таҳти роҳбарии умумии раисони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва шаҳраку деҳот қарор доранд. Низомномаи комиссияҳоро маҷлиси вакилони халқ тасдиқ намуда, дар он муқаррароти умумӣ, сохтору вазифаҳои комиссия, ҳуқуқу ваколатҳои раис ва аъзои комиссия муқаррар гардидааст. Татбиқи пурраи Қонуни танзим аз қабул ва амалӣ намудани Низомномаи комиссия вобастагии зиёд дорад. Вакилони халқ вазифадоранд дар банду басти Низомномаи комиссия шароити зиндагиву имконияти мардуми деҳаву ноҳия ва анъанаҳои миллиро ба инобат гиранд.
Дар Низомномаи комиссияи доимӣ бояд корҳои мушаххаси ба зиммаи аъзои комиссия гузошташуда (талаботи моддаҳои аз 7 то 14) яъне, содда баргузор намудани маъракаҳо фаҳмо ва рӯшан шарҳ дода шуда, тавассути дастурҳои методӣ ба сокинони маҳал дастрас гардад.
Тақсимоти вазифаҳо байни аъзои комиссияи доимӣ ба тариқи зайл роҳандозӣ карда мешавад. Масалан, ходими дин, ки аъзои комиссия маҳсуб меёбад, вазифадор гардад, ки дар рӯзи маросими дафн ё гузарондани дигар маъракаҳо дар паҳлуи шахси азодор бошад ва ба ӯ роҳнамоӣ кунад. Ин ба манфиати кор хоҳад буд. 
Албатта, маълум аст, ки тибқи талаботи Қонун дар маросими ҷаноза шумораи иштироккунандагон бе маҳдудият мебошад. Маросимҳои чил ва сол ба таври ихтиёрӣ бо иштироки то 80 ва 100 нафар бо додани таом гузаронда мешавад. Ин маънои онро дорад, ки тайёр намудани таом барои шахсони бемор, солхӯрда ва аз роҳи дур омада мебошад. Теъдоди шахсони ба ҷаноза меомада маҳдуд нагардидааст.
Дар асоси талаботи Қонуни танзим шахси азодор метавонад маросими чил ва солро бо додани як таом дар моҳи шарифи Рамазон, рӯзи иди Қурбон ва вақти дигаре, ки ба баргузории соли фавтида мувофиқат мекунад, гузаронад. Ин талабот барои бе хароҷоти зиёдатӣ гузарондани он пешбинӣ гардидааст ва ба манфиати соҳиби маърака мебошад. 
Барои пурра амалӣ гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” лозим аст, ки дар қатори мақоми ваколатдор, инчунин аъзои комиссияҳои доимӣ, ҷамъиятӣ, хизматчиёни давлатӣ, омӯзгорон, соҳибкорон, ходимони дин, шахсони обрӯманд дар риоя ва корҳои тарғиботӣ беш аз пеш фаъол бошанд.
Зеро амалӣ намудани қонуни танзим ин ба низом даровардани расму ойинҳои мардумӣ, ҳимояи манфиатҳои иҷтимоии шаҳрвандон ва амалӣ намудани орзуву ормонҳои суннатии мардум мебошад. Ин масъаларо саҳл гирифтан ва бемасъулиятӣ кардан ҳаргиз раво нест.
Одинашоҳ ВАЛИЗОДА, 
мудири шуъбаи дин, танзими анъана 
ва ҷашну маросимҳои Дастгоҳи иҷроияи  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 16.03.2017    №: 58    Мутолиа карданд: 678

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед