logo

фарҳанг

ЧАКОМАИ НАВРӮЗ

Наврӯз пешонии соли нав аст, сароғози рӯзи навину ҷонофарин аст, бедории замину саодати одамин аст.
Наврӯз сарчашма аст, сарчашмаи нур, гармо, меҳр, муҳаббат, зебоӣ ва накуист.
Наврӯз оғози офариниш, рӯзи офаридани олам аст, ибтидои зиндагиву сарсабзиҳост.
Наврӯз шурӯи дурахши тозаи ахтарон асту ҳамбастагии замину осмон.
Наврӯз рӯзи офарида шудани олам, дида во кардани одам аст.
Наврӯз рӯзи падид омадани рӯшанӣ, рӯзи қатъи зулмот ва расидан ба наҷот аст.
Наврӯз рӯзи ба тахт нишастани Ҷамшед ва тобиши навини хуршед аст.
Наврӯз шодию хуррамӣ, суруру шодмонист, тантанаи зиндагонист.
Наврӯз мусиқист, тарона ва рақсу бозист, навои хушу адои дилкаш аст.
Наврӯз рӯзи адлу адолат ва додгустарист.
Наврӯз муждаи бахту саодат, сарсабзиву шукуфоӣ, фирори пириву тантанаи ҷавонист.
Наврӯз хайру баракат аст, меҳру саховат аст, фаровониву арзонист.
Наврӯз субҳ аст, субҳи ҳаёти навин, субҳи умед, субҳи бахту саодат.
Наврӯз бедории табиат, растохези ҳама мавҷудоти олам аст.
Наврӯз аҳдест, ки хасу хор гул кунад, дару девор гул кунад, ҳама олам гулрезу гулбез шавад.
Наврӯз ҷаҳони муаттар, фазои мушкбез ва замини ҳосилхез, диёри файзрез аст.
Наврӯз ҳамдаму малҳами марди деҳқон ва кулли кишоварзон аст.
Наврӯз фасли дидор, шикастани хумор ва ширинии гуфтор аст.
Наврӯз айёми лаззат аз суманак, аз ҳама гулу гиёҳ ва аз манзараҳои дилхоҳ аст, фасли намоиши ҳафтшину ҳафтсин ва ситоиши табиати нозанин аст.
Наврӯз тантанаи сулҳ аст, фасли меҳрубониву оштӣ, кинасӯзиву меҳрафрӯзист.
Наврӯз пирӯзии гармо бар сармо, зебоӣ бар зиштӣ, накукорӣ бар бадкорӣ, рӯшноӣ бар зулмот, ҳаёт бар мамот аст.
Наврӯз шукӯҳбахши ҷаҳон, нерубахши оламиён ва илҳомбахши шоирон аст.
Наврӯз фасли рӯиш, сабзиш, оғози зиндагӣ ва анҷоми сарафкандагист.
Наврӯз соли нав, фоли нав, ҳоли нав, маҷоли нав ва омоли нав аст.
Наврӯз покию тозагиву озодагист, ҳамбаста бо ободониву фаровонист.
Наврӯз тавонмандтарин неруи ҷаҳонист, пайвандсозу сулҳовари инсонҳост.
Наврӯз айёми ҳаракату нусрат, барори киштукор ва баракати дастархону файзи ҳар хонадон аст.
Наврӯз тантанаи табиат, ҳадди аълои эъҷози он ва муъҷизаи муъҷизаҳост.
Наврӯз сӯрест аз осмон то остон, нишотест барои кулли мавҷудоти олам.
Наврӯз пайвандгари дирӯзу имрӯз, мунодии фардост, пайке аз безаволист.
Наврӯз ҷашни зиндагонӣ, шодмонӣ, ҷаҳонӣ ва ҷавонию ҷовидонист.
Наврӯз шиносномаи миллати сарбаланди тоҷик аст, ифтихору шараф аст, садои доираву даф аст.
Зиҳӣ, Наврӯз!
Абдурауф МУРОДӢ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 16.03.2017    №: 58    Мутолиа карданд: 701

15.02.2019


ШАМШЕРБОЗӢ. ИШТИРОКИ ВАРЗИШГАРОНИ МО ДАР ЧЕМПИОНАТИ КУШОДИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Дар Душанбе ташкили низоми муттаҳидаи мудофиаи зиддиҳавоӣ баррасӣ шуд

Дар чор сол муомилоти мол байни Тоҷикистону Ӯзбекистон 19 маротиба афзуд

Медведев: «Таҳримоти ИМА ба иқтисоди Россия таъсири чандон бузург расонда наметавонад»

Пентагон. ИМА аз Афғонистон ҳамроҳи иттифоқчиёнаш меравад

13.02.2019


2018. Сиёсати хориҷии Тоҷикистон пурбарор буд

КОРРУПСИЯ. 2047 ҷиноят ошкор гардид

САНОАТ. Беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулот содирот шуд

САРМОЯИ МУСТАҚИМ. Воридот дар ҳоли афзоиш аст

ОБ. Таъминоти аҳолӣ рӯ ба беҳбудӣ дорад

АВҶИ ОБОДКОРИҲО ДАР ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА

12.02.2019


АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО АЗ КАШФИЁТИ НАВ ТО САНОАТИ ДОРУСОЗӢ

КӮЛОБ. Содироти 825 тонна маҳсулоти кишоварзӣ

ДАНҒАРА. Саноатикунонӣ вусъат мегирад

ФУРУДГОҲҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Сатҳи хизматрасонӣ рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДК. Авлавият ба сатҳи касбият ва таълим

САДА. Тантанаи ҷашни миллӣ дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин

11.02.2019


ВАЗОРАТИ ФАРҲАНГ. 2018 - соли муваффақиятҳо буд

КУМИТАИ РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 1 миллион сайёҳ ба Тоҷикистон омад

МТС. Ҳамкориҳо бо Ӯзбекистон густариш меёбанд

ВМКБ. Гумрукчиён ба буҷет 16,9 миллион сомонӣ ворид карданд

ҲИСОР. Саҳми назарраси соҳибкорон дар ободонии шаҳр

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ба 1 миллиард сомонӣ расид

ВАРЗОБ. Таваҷҷуҳи сайёҳон ба нуқтаҳои истироҳатӣ афзудааст

08.02.2019


Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ. Музди миёнаи меҳнат - 1220 сомонӣ

КУМИТАИ ТЕЛЕВИЗИОН ВА РАДИО. Сифати кори шабакаҳо беҳтар мешавад

КҲФМГ. Офатҳои табиат 34 миллион самонӣ хисорот овард

Саноатикунонӣ дар Шаҳринав

Меъёри бозтамвил ба 14 дарсад поён фаромад

ШАҲРИ ВАҲДАТ. Иҷрои барзиёди андози иҷтимоӣ

ТАНЗИМ. Қонуншиканӣ коҳиш ёфтааст

СОҲИЛ. Корҳои мустаҳкамсозӣ вусъат меёбанд

ДДСТДТ. Авлавият ба рушди ҳунарҳои мардумӣ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед