logo

иқтисод

СУҒД: ЧАРО НАРХИ КАРТОШКА БОЛО РАФТ?

Вақтҳои охир нархи картошка дар бозорҳои мамлакат боло рафт. Имрӯзҳо арзиши як кило картошка дар нуқтаҳои фурӯши шаҳру навоҳии вилояти Суғд аз 3 сомонию 70 дирам то 4 сомонию 70 дирам ва дар баъзе минтақаҳо то 5 сомониро ташкил медиҳад.
Албатта, ҳамасола захираи маҳсулоти анборҳо дар оғози фасли баҳор то андозае коҳиш ёфта, нархи онҳо боло меравад. Ин ҳолат одатан дар нимаи дуюми моҳи апрел ба мушоҳида мерасид. Вале болоравии нархи картошка дар қисмати ҷанубии кишвар, бавижа пойтахти мамлакат, зуд ба шаҳру навоҳии Суғд низ таъсири худро расонда арзиши ин маҳсулоти серистеъмол аз 1 сомонию 80 дирам ва 2 сомонию 80 дирам то 4 сомонӣ ва боз дар баъзе ҷойҳо боз ҳам болотар рафт. Рӯзҳои охир дар бозорҳо нархи пиёз ва сабзӣ низ тамоюли болоравӣ дорад.
 - Ҷамъиятҳои матлуботи навоҳии вилоят ҷиҳати то андозае ғанӣ гардондани бозорҳо аз картошка мусоидат карда метавонанд? - пурсидем аз Иброҳим Мутуллозода, раиси Раёсати иттифоқи ҷамъиятҳои матлуботи вилояти Суғд.
 - Мутаассифона, миқдори захираи картошка, ки 1 ҳазору 170 тоннаро ташкил медод ва нисбат ба солҳои пеш то 200 тонна зиёд буд, бо доир кардани намоиш ва фурӯши маҳсулот ба охир расидааст ва имкони дигари захираву фурӯши онро надорем, - гуфт Иброҳим Мутуллозода.
 - Шояд содироти ғайрирасмӣ афзуда бошад? - суол додем ба Икромҷон Фаёзов, муовини сардори Хадамоти гумрук дар вилояти Суғд.
 - Расман дар ду моҳи соли равон зиёда аз 284, 3 тонна картошка содирот шудааст ва ҳамагӣ як ҳолати ғайриқонунии содирот ба миқдори 3 тонна ошкор гаштааст. Ҳоло ҷиҳати пешгирии ҳолатҳои ғайриқонунии содироти маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳамаи нуқтаҳои гумрукӣ гурӯҳҳои фаврӣ амал мекунанд, - гуфт ӯ.
 Пас, кадом омилҳо имрӯз сабаби болоравии нархи маҳсулоти кишоварзӣ мегарданд?
Бино ба иттилои Абдулазиз Маҳмудзода, мудири шуъбаи Сарраёсати идораи кишоварзии вилояти Суғд, соли 2016 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ дар вилоят дар майдони 14 ҳазору 954 гектар парвариши картошка ба роҳ монда, 344 ҳазору 881 тонна ҳосил рӯёнда шудааст, ки барои таъмини муътадили аҳолӣ кофӣ нест. Баъдан ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2013 наздики 100 ҳазор тонна кам аст. Ин дар ҳолест, ки Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон хамасола дар ҷараёни сафари кории худ ба навоҳии картошкапарвари ҷумҳурӣ, аз ҷумла вилояти Суғд, марҳила ба марҳила афзун кардани истеҳсол, баланд бардоштани ҳосилнокӣ ва кушодани роҳи васеъ ба содироти онро таъкид мекунад. Тибқи дурнамо, мебоист соҳа ва истеҳсоли картошка - маҳсулоти серистеъмоли аҳолӣ солҳои охир дар шаҳру навоҳии Деваштич, Панҷакент, Истаравшан, Шаҳристон ва Кӯҳистони Мастчоҳ рӯ ба рушд ниҳода, дар амалишавии барномаи таъмини озуқавории кишвар нақши муассир мегузошт. Аммо мушоҳидаҳо аз он бозгӯйӣ доранд, ки ҳалли масъала ҳанӯз дар маҳалҳо ҷавобгӯйи талаботи рӯз нест. Бинобар паст будани ҳосилнокӣ ҳамаи навоҳии картошкапарвари вилоят нисбат ба солҳои қаблӣ камтар ҳосил рӯёнданд. Рустам Ҷӯразода, раиси ноҳияи Деваштич, иқрор мешавад, ки ҳосилнокӣ солҳои охир хеле поин рафтааст. Масалан, солҳои 2010-2011 дар ноҳияи Деваштич ҳосилнокӣ аз ҳар як гектар то 600 сентнер ва аз он зиёдтар ҳосил мегирифтанд, соли гузашта бошад, ҳосилнокӣ ҳамагӣ 300 сентнерро ташкил доду бас. Айнан ҳамин вазъият дар дигар навоҳии вилоят ба мушоҳида мерасад. Ҳанӯз ҳам дар интихоби тухмии хушсифат ва парвариши он саҳлангорӣ ва пеш овардани баҳонаҳои беасос зиёданд.
 Ба андешаи Бобоҷон Домуллоев, мушовири раёсати идораи кишоварзии вилояти Суғд, истеҳсоли картошка ба ҳар сари аҳолии вилоят, аз рӯи ҳисобу китоб, ба миқдори 75 килограмм бояд басанда бошад.
Шарифҷон Абдуллоев, сардори раёсати минтақавии рушди иқтисод ва савдои вилояти Суғд, низ таъкид бар он дорад, ки аз рӯи шумораи аҳолии вилоят, ки беш аз 2,5 миллион нафарро ташкил медиҳад, мутобиқ ба меъёрҳои байналмилалӣ 150-155 ҳазор тонна картошка басанда аст. Метавон гуфт, ки дар анборҳои деҳқонони вилоят ҳанӯз ҳосил маҳфуз аст, аммо яқин, дигар онро бо нархи пешӣ - 2,5 ва 3 сомонӣ нахоҳанд фурӯхт. Пас, роҳҳои дигар бояд ҷуст, то бозорҳо аз ин намуди маҳсулот ғанитар ва нархҳо дастрас бошанд?
Носирхон Акмолов, сардори раёсати Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, ба он андеша аст, ки дар шароити низоми бозоргонӣ онҳо наметавонанд ба нархи бозор дахолати бевосита дошта бошанд.
 - Чанд рӯзи охир кормандони мо танҳо бо доир кардани санҷишу рейдҳо ва суҳбат бо фурӯшандагон маҳдуд мешаваду бас, - иброз медорад сардори раёсат.
 Пас, чӣ бояд кард, то аҳолии мамлакат то ҳосили нав, ки охирҳои моҳи май ба бозор ворид мешавад, бо нархи дастрас картошка, пиёз ва сабзиро харидорӣ кунад?
 Дар суръати ҷустуҷӯ ва таҳлили амиқ мақомотҳои маҳаллии иҷроияи ҳокимияти давлатӣ метавонанд роҳҳои дурусти муътадилгардонии вазъи бозорро дарёбанд.
А. ҶОВИД, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 17.03.2017    №: 59    Мутолиа карданд: 678

21.02.2019


ХУҶАНД. Оғози сохтмони бинои нави «Тоҷикстандарт»

ФУТБОЛ. Тақвими бозиҳои тими мунтахаби олимпии кишвар муайян гардид

Табибон аз Тотористон бо ҳампешаҳои тоҷики худ мубодилаи таҷриба мекунанд

Роҳандозии лоиҳаҳои инноватсионӣ дар Қазоқистон

Дар Ҳиндустон 13 иштирокдори тӯй зери чархи мошини боркаш монд

Сӯхтор сабабгори марги ҳафт кӯдак дар Канада

Ҷаҳон дар як сатр

19.02.2019


МАКТАБИ ДАВЛАТДОРИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

Баррасии масъалаҳои рушди сайёҳӣ

Вохӯрии Низомиддин Зоҳидӣ бо Мазен Шамия

Дурнамои рушди муносибатҳо матраҳ гардид

ҶОМИ КУШОДАИ АВРУПО. Муҳаммадризо Қувватов медали биринҷӣ ба даст овард

Авҷи ниҳолшинонӣ

Саҳми соҳибкорон дар ободии деҳот

Ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Чин ва Россия густурдатар мегардад

Сарвар Дониш: «Музокироти сулҳ бидуни ҳукумат қурбе надорад»

«Туҳфаи шоҳона» - и Арабистони Саудӣ ба шаҳрвандони Покистон

Дар Қазоқистон маркази амнияти иттилоотӣ ифтитоҳ меёбад

Сокини навраси Шимкент ду нафарро аз сӯхтор наҷот дод

Ҷаҳон дар як сатр

18.02.2019


Боздиди Азим Иброҳим аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ

ВКД Ҷиноятҳо 83,6 дарсад ошкор шуданд

Вазорати молия. Барои дастгирии буҷет маблағи бештар ҷалб хоҳад гашт

«BISHKEK OPEN – 2019». Дурахши каратэ-дочиёни навраси тоҷик

«МОҲИЯТ ВА ТАЪЙИНОТИ МАТБУОТИ МАҲАЛЛӢ»

РОҒУН. Ободонӣ вусъат меёбад

АНДОЗ. Нақша 100, 6 дарсад иҷро гардид

ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН. Гардиши савдо ду баробар афзуд

Тоҷикистон миёни кишварҳои ИДМ ба афзоиши баландтарини ММД муваффақ гашт

Дар Тошканд конфронси байналмилалӣ оид ба Осиёи Марказӣ баргузор мегардад

Қасри сафед: "Музокироти тиҷоратӣ дар Пекин ба пешравӣ мусоидат кард"

Трамп мехоҳад ҷангиёни «Давлати исломӣ» - ро ба Аврупо барои суд кардан баргардонад

Кумитаи амнияти иттилоотии Қазоқистон беш аз 90 сомонаи хавфнокро ошкор сохт

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед