logo

фарҳанг

АЗ САНҶИД ТО СИПАНД. ҲАФТ ХОНИ НАВРӮЗ

Ҳафт хони наврӯз, пеш аз ҳама, бо ҳафтсин оғоз меёбад.
Аксари мардуми ориётабор аз рӯзгори куҳан то имрӯз хони наврӯзии худро бо номи ҳафт син, аз ҷумла санҷид, себ, сабза, суманак, сикка, сирко ва сипанд оро медоданд.

Санҷид бӯи хушу гуворо дошта, рамзи нишони дилдодагӣ ба табиатро ифода месозад. Он барангезандаи ишқу нишот ва шӯру шаафи ҷавонӣ ва намоди зоишу таваллуд мебошад. Баъзе аз донишмандон онро «муқаввои ақл» низ донистаанд. Ба ин сабаб, рамзи асосии санҷид ниҳодан ба хони наврӯзӣ намоде аз донишу хирад будааст.
Себ рамзи дувуми ҳафтсин мебошад. Дар тибби мардумӣ омадааст, ки кас ҳар рӯз як дона себ хӯрад, ӯро ба пизишк эҳтиёҷ намонад. Дар урфият мегӯянд, ки себ ду рух дорад: нимаи нахусти он ба дӯст ва нимаи дувуми он ба рухи ёр ташбеҳ шудааст.
Севумин сабза аст. Ин сабза, пеш аз ҳама, ба рӯиш, зинда ва бедор шудани табиат марбут мебошад ва рамзи сарсабзӣ, нумӯ ва хуррамии инсониятро бозгӯ менамояд. Мардуми ориёитабор сабзаро дар хони худ чун нишони тароват, боландагӣ, хуррамӣ мегузоштанд ва онро рамзи сари сол медонистанд.
 Чаҳорумин унсури суфраи идона суманак мебошад. Он дорои тамаддуни ғании кишоварзӣ будани мардуми моро баён сохта, нишони ғизо гирифтан ва паҳлавонӣ низ мебошад. Бесабаб нест, ки онро ғизои «мардофарин» ном мебаранд.
Рамзи дигари хони наврӯзӣ сикка мебошад. Он нишони дороӣ ва сарват, сахову баракат ва хайру эҳсон мебошад. Гузаштагони мо ба он хотир рӯи хони худ сиккаҳои симу зар мегузоштанд, ки дар соли нав рӯзгорашон бо баракат, фаровон, орому осуда сипарӣ шавад.
 Хони наврӯзиро сирка, ки рамзи шашуми он мебошад, оро медиҳад. Онро муқаввии ҳофиза ва қалб гуфтаанд. Он ба масобаи пизишкест, ки инсонро дармон мебахшад ва аз дарду офатҳо эмин нигоҳ медорад. Сиркоро рамзи ризову тасаллӣ низ қаламдод кардаанд. Барои гувориш ва ҳазм шудани таом аз анвои гуногуни сирко, ба мисли шарбатҳои ангур, себ, гелос, олуболу, шафтолу, зардолу тайёр мешавад истифода мекунанд. Ин ба сони муъҷизаест, ки чарбшӯст ва мухтассоти зиддисаратонӣ дорад.
Сипанд ё ҳазориспанд охирин «син»-и ҳафтсини хони наврӯзист. Онро донишмандон рамзи сабр ва таҳаммул донистаанд. Дар хони наврӯзӣ он намоди пойдорӣ ва муқовимат буда, инсон талош меварзад, то ба ҳадафҳои дарпеш -  гузоштаи худ бирасад. Дар тибби мардумӣ он аз доруҳои асосӣ ба ҳисоб рафта, барои пешгирии бемориҳои зиддиуфунӣ, зуком ва тақвияти қувваи биноӣ истифода мешавад. Дар урфият мардуми мо онро «гиёҳи балогардон» номидаанд.
Донаҳои ҳазориспандро рӯи зарфи наврӯзӣ гузошта, бо фаро расидани Наврӯз онро ба хотири дафъи балоҳо месӯзонданд. Ба қавли машҳур он ба ҳазор дард даво будааст.
Гузаштагони мо густардани хони наврӯзиро ба дӯши духтари дӯзишае мегузоштанд, то баъд аз тановули маводи ғизоӣ пиронсолон дуо кунанд, ки соҳиби шавҳари хуб ва фарзандони накӯ гардад. Ин ҳам яке аз суннатҳоест, ки мардуми мо то имрӯз нигоҳ доштаанд.
Абдуғаффор ЮСУФОВ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 17.03.2017    №: 59    Мутолиа карданд: 579

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед