logo

фарҳанг

НАВРӮЗ ВА ОБҲОИ ПОК

Шоистатарин арзиши Наврӯз гирдовардану раҳнамоӣ кардани мардум барои худогоҳӣ ва аз даст надодани сиришти аҳуроии ниёкони мо мебошад.

Гузаштагони мо худро «озодагон» ва «деҳгонон» меномиданд ва ин номҳо ишора бар он дошт, ки онҳо дар қиёс бо мардуми хайманишин, рамагарду ғорнишину ҷангалиён инсонҳои нахустине буданд ба киштварзӣ, зиндагии бумӣ, деҳнишиниву шаҳрсозӣ пардохтаанд. Ин аст, ки ҷашнҳои бузургтарини тоҷикони бостон намоди такрори замон, бозовардани фаслҳо ба табиат, боззоии замин, гардишу тобиши офтоб пайванданд; ҷашни Сада ба нерумандии офтоб, ҷашни Меҳргон ба таодули поизии (баробарии тирамоҳии) шабу рӯз, ҷамъоварии самари кишти замин ва ҷашни Наврӯз ба таодули баҳории (баробарии баҳории) шабу рӯз, гиромидошти обҳои зинда ва кишти замин.
Гузаштагони мо бузургтарин шоистагиҳои Наврӯзро дар он мешумориданд, ки дар дарозои моҳи фарвардин рӯшноиву покӣ ва обҳои зиндаро сутуда, ҳама ҷоро поку равшан месохтанд, барои хушнуд сохтани фуруҳарҳо (арвоҳон) гӯри ниёконро зиёрат мекарданду онҳоро пок медоштанд.
Гузаштагони мо ба фариштае бо номи Аноҳито арҷ мегузоштанд, ки ӯ нигаҳбони обҳои пок буд.
Аноҳито ҷуз аз сарпарастии обҳо вазифаҳои дигаре дошт, ки аз ҷумла некону поконро барои арҷгузорӣ ба озодӣ, неруву қудрат, шоистагиву фарзонагӣ, ба дунё овардани насли неруманду некукор ҳидоят мекард. Онҳое, ки ин дархостҳоро амалӣ мекарданд, барояшон баракату сарвату қудрат бахшида мешуд. Аноҳито нигаҳбону пойдории насл аст, занону мардонро меполояд, то ки ба покӣ фарзанд оранд. Тамоми зӯрмандон ва ҷанговарони роҳи ҳақиқатро ёрӣ мекунад. Ин аст, ки Худованд таъкид мекунад, ки ӯро аз неру ва иродаи худаш офаридааст.
Ва боястӣ пурсид, ки онҳо агар изадони (фариштагони) хок (замин), ҳаво, оташ (офтоб, раъду барқ) – ро ба гунаи мард гумон карда бошанд, аз чист, ки фариштаи обҳои покизаро зан тасвир намудаанд. Ба гумони мо, ниёконамон, ки дар инсонсозии башар нақши муҳим доштанд ва яке аз нахустин фарҳанговарони рӯйи заминанд, дарёфта буданд, ки зан қудрате дорад, то обҳоро пок нигаҳ дорад, зан қудрати зойидан дорад ва об барои замин ба сони ҷараёни хун дар ҷисми инсон ва сохтмони ҳама мавҷудоти зинда мебошад.
 Дар ин бора падари таърихнигории ҷаҳон Ҳеродот чунин навиштааст: «Порсиён ҳаргиз рӯдхонаву обҳои равонро ба ҳеҷ васила олуда намекунанд. Онон ҳатто дасту бадани худро дар обҳои равон намешӯянд ва ба касе ҳам иҷозаи чунин кореро намедиҳанд, чун эҳтирому тақаддуси вижа барои рӯдхонаҳо қоил ҳастанд».
Гузаштагони мо дар Наврӯзи хуҷаста кудурат аз дилҳои ранҷидаро мезудоянд, субҳ хурдсолон барои пойбӯси меҳтарони худ мешитобанд ва подошҳо мегиранд, падару модарон барои арӯсии фарзандони худ ба хостгорӣ мешитобанд, шоҳ гуноҳи гунаҳкоронро мебахшояд, ба нотавонону нодорон назр медиҳанд, хонаҳоро ороста, уду анбар месӯзонанд, мушк мепошанд, хони ҳафтсину ҳафтшини наврӯзӣ мегустуранд ва монанди онҳо даҳҳо ойинҳои неку расоро ба ҷо меоваранд, то ки ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз аз ҷашни Ҷамшед нобаҳраманд намонад.
Омадани Наврӯз ба осудагиву оромии мардумон вобаста аст, зеро замони Наврӯз замони ишқварзӣ аст, на ошуфтагиҳову ҷангу пархошҳои дилхарош.
Рӯҳи аҳуроии Наврӯз ва накҳати баҳории он бо ҷашнгирии хуҷаста ҳама ожангҳо ва кинаҳоро аз байн бурда, тозаву сабз мекунад.
Ва, инак, пас аз сайри таърихии беш аз 6 000 - солаи худ, дар натиҷаи талошҳои пайвастаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дирафши рангоранги Наврӯз дар саросари ҷаҳон ҷилвагар шуда, ин ҷашни хирадофаринӣ ва зебоӣ, ҷашни боззоиву меҳрофаринӣ, ба худ мақоми байналмилалӣ касб кард. Дар пойтахти кишвар, ҳама марказҳои вилоятҳо ва шаҳрҳову навоҳи наврӯзгоҳҳо бунёд шудаанд. Чуноне бо хушнудӣ мушоҳида мешавад, бо ҳамсӯйӣ ба биниши ориёӣ ва зебоипарастии Сарвари давлат, пеш аз ҳама, дӯшизагону бонувони кишварамон аз оғози моҳи март бо либосҳои ҳафтранги атласу чакан хиёбону кӯчабоғҳои шаҳру деҳотамонро гулгун сохтаанд.
Умед аст, ки ҳар рӯз шодиҳои азалии ҳамдиёрони мо чун Наврӯзи хуҷастапайк афзун гардад ва ғамҳои мардумони ҷаҳон низ кам шавад.
Дар дасту дар ҷабин, дар лабону дар болин, дар сари роҳи ҳар гоми бардоштаатон гулҳои зебову атрогини баҳорӣ нақшофарӣ кунанд.
Зафар МИРЗОЁН,
мушовири ректори Донишгоҳи
давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 17.03.2017    №: 59    Мутолиа карданд: 639

19.11.2018


Кулишов: «Марзҳои ИДМ бо таҷҳизоти муосир таъмин карда мешаванд»

Дар Тоҷикистон омӯзгори забони англисӣ барои таблиғи «ДИ» 19 сол гирифт

Қазоқистон мубориза бо машруботро сахттар мекунад

Фоидаи туризм ба кадом шаҳри дунё бештар аст?

Ҷаҳон дар як сатр

"ИСТИҚЛОЛ" бори аввал барои Ҷоми чемпионҳои КФО мубориза хоҳад бурд

Омодагии тими миллӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон – 2022

УСМОН ТОШЕВ САРМУРАББИИ НАВИ ДАСТАИ МУНТАХАБ

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед