logo

иқтисод

НОҲИЯИ ҲАМАДОНӢ. ТАКЯ БА МАРДУМ - МУҲИМТАРИН ОМИЛИ ПЕШРАФТ

Бино ба иттилои Вализода Абдуқодир, раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, соли 2016 дар саҳифаи таърихи ноҳия рӯйдодҳои муҳим сабт гардиданд.

Дар рафти сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моҳи июли соли 2016 - ум дар ноҳия 9 иншооти  ҳаётан муҳим, аз ҷумла  чор хати нави оби нӯшокӣ дар корхонаи давлатии фаръии обу канализатсияи ноҳия, биноҳои шуъбаи маориф, нозироти андоз дар маркази ноҳия ва муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №12 дар деҳаи Пушкини Ҷамоати деҳоти Қаҳрамон мавриди истифодабарӣ қарор дода шуданд.
Бо ҷалби соҳибкорони ватанӣ корхонаҳои нав бунёд ёфтанд. Корхонаи коркарди намак дар деҳаи Меҳрвари Ҷамоати деҳоти Чӯбек ва корхонаи истеҳсоли регу санги майда, дар ҳудуди Ҷамоати деҳоти Панҷоб сохта ба истифода дода шуданд. Аз тарафи соҳибкорон бунёди сехи дӯзандагӣ дар деҳаи Пушкини Ҷамоати деҳоти Қаҳрамон ва 2 корхонаи коркарди маҳсулоти кишоварзӣ дар деҳаи Сафар Гадоии Ҷамоати деҳоти Панҷрӯд идома дорад. Бо ҷалби соҳибкорон зиёда аз 10 маркази маданӣ – маишӣ ва хизматрасонӣ ба фаъолият шурӯъ кард ва дар деҳаҳои ҳудуди ноҳия дар маҷмӯъ 56, 5 километр роҳҳо сангфарш гардиданд. Аз ҳисоби буҷети ноҳия, сарчашмаҳои маблағгузорӣ ва соҳибкорони ватанӣ дар ҳаҷми 1,7 миллион сомонӣ муассисаҳои таълимии ноҳия то соли хониш пурра аз таъмир бароварда шуданд. Соҳибкорони маҳаллӣ дар муассисаҳои таълимии № 6 - и деҳаи Тагноб, № 39 - и деҳаи Пахтаободи Ҷамоати деҳоти Даштигуло, № 45 - и деҳаи Бузохонаи деҳоти Чӯбек 6 – тогӣ синфхона, бинои нотамоми муассисаи таълимӣ дар деҳаи Пушкини Ҷамоати деҳоти Қаҳрамон барои 624 хонанда, бинои маъмурии шуъбаи маорифи ноҳияро сохта ба истифода доданд.
Соли хониши 2016 – 2017 дар 52 муассисаи таълимии ноҳия 29166 нафар хонандагон ба таълим фаро гирифта шуданд.
Таъмини мактабҳо бо китобҳои дарсӣ беҳтар гардидааст. Соли гузашта 58 нафар омӯзгори ҷавон бо кор таъмин гардид. Аз шумораи умумии хатмкунандагон соли гузашта 1025 нафар ба донишгоҳҳои олии кишвар ва берун аз он ва 427 нафар ба коллеҷу литсейҳои касбӣ – техникӣ, аз ҷумла 25 нафар - 13 духтар ва 12 писар тибқи квотаи президентӣ ба донишгоҳҳои олии кишвар дохил шуданд.
Холназар КАСИРОВ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 20.03.2017    №: 60    Мутолиа карданд: 539

19.07.2019


ПАЛАТАИ ҲИСОБ. 88,З миллион сомонӣ зарари молиявӣ ошкор гашт

УМЕД БОБОЗОДА: "Аксари муроҷиатҳо оид ба адолати судиянд"

Кӯдакони аз Ироқ овардашуда ба зиндагии муқаррарӣ бармегарданд

"EXPO 2019 BEIJING". Гӯшаи Тоҷикистонро беш аз як миллион нафар тамошо кард

НИГАРОНӢ. Ҷудошавии 6065 оила дар ним сол

18.07.2019


ХАДАМОТИ ЗИДДИИНҲИСОРӢ. Болоравии нархи барқ ба қарзи он марбут аст

Азим Иброҳим Ким Тэ Сонгро ба ҳузур пазируфт

Ба ташкили корхонаҳои муштарак ҳавасмандӣ зоҳир гардид

Ҳамоиши «Ваҳдат – омили ягонагӣ ва суботи ҷомеа» доир шуд

Ҳамкорӣ бо Қатар густариш меёбад

Саридораи геология. 2810 харитаи геологӣ рақамӣ шуд

121 шахси масъул ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуд

Роҳи нави сесатҳаи Душанбе ба истифода дода мешавад

Президенти Қазоқистон Шӯрои миллии эътимоди ҷомеаро созмон дод

Дар Ӯзбекистон аввалин IT-технопарк бунёд мегардад

Ҷаҳон дар як сатр

17.07.2019


Музокироти ҳайатҳои расмии Тоҷикистон ва Корея

КУМИТАИ МУҲИТИ ЗИСТ. Нигаронӣ аз набудани партовгоҳҳо дар деҳот

ПРОКУРАТУРАИ ГЕНЕРАЛӢ. 5774 гектар қитъаи замин ба ҳолати аввала баргардонда шуд

ИЗЗАТУЛЛО САТТОРӢ: "Истеҳсоли гӯшти мурғ 9 маротиба зиёд мегардад"

ВАЗОРАТИ АДЛИЯ. Хулосаи ҳуқуқӣ ба 1936 лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ

ТАЭКВОН – ДО. Муниса медали тилло ба даст овард

Суръати рушди ММД Тоҷикистон миёни кишварҳои ИДМ баландтарин шуд

Тоҷикистон ба сохтмони лӯлаи гази «Осиёи Марказӣ — Чин» шурӯъ мекунад

Дар ҷанубу ғарби Чин аз хушксолӣ 7,4 миллион нафар зарар дид

Ҷаҳон дар як сатр

Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рӯзномаи «Ҷумҳурият» якҷо бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бахшида ба Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «ТОҶИКИСТОН – ХОНАИ УМЕДИ МО» озмун эълон менамояд.

16.07.2019


ХАДАМОТИ АЛОҚА. Корти ID симкорти муштариро ба расмият медарорад

ЭНЕРГЕТИКА. 2,5 миллиард сомонӣ қарзи дебитории "Барқи тоҷик" муаммои ҳалталаб боқӣ мемонад

15.07.2019


Сарвазири Корея ба Тоҷикистон меояд

Баррасии масъалаҳои ҳамгироии САҲА, СҲШ ва ИА дар минтақаи Осиёи Марказӣ

Нахустин шумораи маҷаллаи «Осиё ва Аврупо» аз чоп баромад

ДТТ. Изҳори нигаронӣ аз вазъи бо кор таъмин шудани хатмкардаҳо

ТИБ. 288 номгӯи доруи ғайристандартӣ ошкор шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед