logo

иқтисод

ТАШАББУСИ ҶАҲОНИИ ТОҶИКИСТОН АҲАМИЯТИ ҲАЗОРСОЛА ДОРАД

Суханрониҳои пурҳикмати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар конфронсҳои байналмилалӣ  доир ба об ҳамеша масъалаҳои мубрами ҳаётро дар бар гирифтаанд. Дар асоси пешниҳоди Роҳбари давлати Тоҷикистон роҳҳои аз байн бурдани мушкилоти  умдаи аҳолии кураи Замин, ки  аз норасоии оби тоза танқисӣ мекашанд,  ба воситаи ҳамкориҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ   муайян карда шуданд.

Қабули қатъномаи нави Маҷмаи умумии СММ зери унвони Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор»,  солҳои 2018 – 2028 бо ибтикори Тоҷикистон қадами навест дар ҷодаи ҳалли масъалаҳои соҳа, ки аҳамияти ҳазорсола дорад.
Беҳдошти  санитарии дастрасии аҳолӣ ба об, ду баробар кам кардани мушкилоти  қисми аҳолии  ба оби ошомидании безарар ниёзманд, аз ҳадафҳои асосии даҳсола аст. Ҳифзу истифодаи самараноки захираҳои об дар самти расидан ба Ҳадафҳои рушди ҳазорсола дар заминаи эъломияи мазкур аҳамияти хоса пайдо намуданд. Рафъи камбизоатию аз байн бурдани ҳолати осебпазири  саломатии инсон ба рушду истифодаи оқилонаи захираҳои об алоқамандии зич дорад. Ҳоло   768 миллион одам  обро аз сарчашмаҳои барои саломатӣ хатарнок  истеъмол менамоянд ва  тақрибан 2, 5 миллиард сокини сайёра ба  шароити дурусти  санитарии об дастрасӣ надоранд.
Дар ин маврид Ҳукумати ҷумҳурӣ дар зарфи  5  соли охир ҷиҳати рафъи  мушкилоти  марбут ба захираҳои об  бо маблағи зиёда аз 500 миллион доллари амрикоӣ қариб 20  барномаву нақшаҳои стратегиро роҳандозӣ  намудааст.  «Мо чунин мешуморем, ки даҳсолаи нав бояд ба саъю талошҳо дар ҳамаи самтҳо такони нав дода, дар давраи баъди соли 2015 ба рушду тавсеаи шарикӣ ва ҳамкорӣ дар соҳаи об хизмат намояд», - таъкид намуданд Пешвои миллат.  Маҳз ин нукта барои  ҷалби таваҷҷуҳи давлатҳои ҷаҳон дар самти ҳалли бисёр масъалаҳои марбут ба об нақши калидӣ бозидааст.
Бо тағйирёбии иқлим дар кишвар ҳолати камшавии захираҳои об, хусусан обшавии аз ҳад зиёди пиряхҳо ба вуҷуд омад. Танҳо масоҳати пиряхи бузурги  кишвар - Федченко тӯли солҳои охир ба андозаи 11 километри мураббаъ ё ҳаҷман то 2 километри мукааб талаф ёфтааст. Чунин вазъ барои мамлакати мо ва ҳам минтақа  боиси нигаронии ҷиддист.
Эҳтиёҷоти одамон ба об дар Осиёи Марказӣ аз ҳисоби афзоиши аҳолӣ нисбат ба солҳои 60 – уми қарни гузашта ду баробар афзудааст.  Ҳамчунин, масоҳати заминҳои обёришавандаи минтақа  аз 2 – 3 миллион гектари  охири асри XX то ба 8,5 миллион  расидааст. Агар ибтидои соли 1960 дар минтақа соле тақрибан 60 км мукааб об  истифода мешуд,  айни замон давоми  як сол  беш аз 110 км мукааб истифода мегардад.  Вазъи мавҷудаи истифода ва ҳифзи захираҳои об вазифаю тадбирҳои заруриро аз масъулони соҳа  талаб менамояд. Дар ин радиф таҳкими ҳамаҷонибаи ҳамкорӣ ва шарикии глобалӣ ба хотири рушд,  таълими фарҳангу маданияти истифодаи оқилонаи об ва шарикии давлату бахши хусусӣ дар самти ноил шудан ба таъмини ҳолати санитарии об аз масоили ҳалталаби рӯз боқӣ мондаанд.
 Ҳамкориҳои судманд ва зарурӣ ҷиҳати истифодаи устувори захираҳои об калиди рушди дарозмуддат аст. Таъминот бо оби тоза барои рушди устувор  ба ҳалли бисёр масъалаҳои зиндагии мардуми кишварҳои  минтақаи Осиёи Марказӣ ниҳоят зарур мебошад. Аҳамияти истифодаи  самараноки обро  дарк намуда, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар конфронси  байналмилалии 9 июни соли 2016 доир ба  Даҳсолаи байналмилалии  амалиёти «Об барои ҳаёт»  бори дигар  зарурати ҳалли ин масъаларо таъкид намуданд.  Имрӯзҳо  дастрасӣ ба оби ошомиданӣ   самти афзалиятноки  соҳа дар  кишвар ба ҳисоб меравад.  Кӯшишҳои пайгиронаи Пешвои миллат муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон натиҷаҳои баланд дода, ба фаровонию беҳбудии ҳолати санитарии он мусоидат намуданд.
Барои баланд бардоштани маданияти истифодаи оқилонаи  об ва ҳифзу нигоҳдории он дар фанҳои ҷуғрофия, экология, кимиё, табиатшиносӣ, ботаникаю биология ба роҳ мондани таълими мавзӯъҳои дарсии  «Обҳои Тоҷикистон»,  «Усулҳои  тоза кардани об,  хосиятҳои физикию  кимиёии об, таҳлил  ва синтези он», «Истифодаи оқилонаи  захираҳои об» ва «Роҳҳои асосии ҳифзи манбаю захираҳои об» нақши муҳим дорад.  Ҳамчунин, дар ҷараёни дарсҳо  ба наврасон фаҳмондани  натиҷаҳои даҳсолаи байналмилалии амалиёт «Об барои ҳаёт» ва аҳамияти даҳсолаи нав дар ин самт бо ташаббуси Тоҷикистон  айни муддаост. 
Ҳотамбек  МАҲРАМОВ,
Ҷамила  МАҲМАДЗИЁЕВА, 
омӯзгорони МТМУ № 1 – и  ноҳияи  Рашт


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 20.03.2017    №: 60    Мутолиа карданд: 362

15.02.2019


ШАМШЕРБОЗӢ. ИШТИРОКИ ВАРЗИШГАРОНИ МО ДАР ЧЕМПИОНАТИ КУШОДИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Дар Душанбе ташкили низоми муттаҳидаи мудофиаи зиддиҳавоӣ баррасӣ шуд

Дар чор сол муомилоти мол байни Тоҷикистону Ӯзбекистон 19 маротиба афзуд

Медведев: «Таҳримоти ИМА ба иқтисоди Россия таъсири чандон бузург расонда наметавонад»

Пентагон. ИМА аз Афғонистон ҳамроҳи иттифоқчиёнаш меравад

13.02.2019


2018. Сиёсати хориҷии Тоҷикистон пурбарор буд

КОРРУПСИЯ. 2047 ҷиноят ошкор гардид

САНОАТ. Беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулот содирот шуд

САРМОЯИ МУСТАҚИМ. Воридот дар ҳоли афзоиш аст

ОБ. Таъминоти аҳолӣ рӯ ба беҳбудӣ дорад

АВҶИ ОБОДКОРИҲО ДАР ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА

12.02.2019


АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО АЗ КАШФИЁТИ НАВ ТО САНОАТИ ДОРУСОЗӢ

КӮЛОБ. Содироти 825 тонна маҳсулоти кишоварзӣ

ДАНҒАРА. Саноатикунонӣ вусъат мегирад

ФУРУДГОҲҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Сатҳи хизматрасонӣ рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДК. Авлавият ба сатҳи касбият ва таълим

САДА. Тантанаи ҷашни миллӣ дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин

11.02.2019


ВАЗОРАТИ ФАРҲАНГ. 2018 - соли муваффақиятҳо буд

КУМИТАИ РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 1 миллион сайёҳ ба Тоҷикистон омад

МТС. Ҳамкориҳо бо Ӯзбекистон густариш меёбанд

ВМКБ. Гумрукчиён ба буҷет 16,9 миллион сомонӣ ворид карданд

ҲИСОР. Саҳми назарраси соҳибкорон дар ободонии шаҳр

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ба 1 миллиард сомонӣ расид

ВАРЗОБ. Таваҷҷуҳи сайёҳон ба нуқтаҳои истироҳатӣ афзудааст

08.02.2019


Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ. Музди миёнаи меҳнат - 1220 сомонӣ

КУМИТАИ ТЕЛЕВИЗИОН ВА РАДИО. Сифати кори шабакаҳо беҳтар мешавад

КҲФМГ. Офатҳои табиат 34 миллион самонӣ хисорот овард

Саноатикунонӣ дар Шаҳринав

Меъёри бозтамвил ба 14 дарсад поён фаромад

ШАҲРИ ВАҲДАТ. Иҷрои барзиёди андози иҷтимоӣ

ТАНЗИМ. Қонуншиканӣ коҳиш ёфтааст

СОҲИЛ. Корҳои мустаҳкамсозӣ вусъат меёбанд

ДДСТДТ. Авлавият ба рушди ҳунарҳои мардумӣ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед