logo

иҷтимоиёт

САБЗКОРӢ. КАМОНГАРОНРО ҲУСНИ ДИГАР БАХШИД

Дар кӯчаҳои Ғаффор Мирзо, Нурулло Ҳувайдуллоев ва Камонгарони Болои маҳаллаи Камонгарони ноҳияи Синои шаҳри Душанбе дар ҷараёни маъракаи 150 рӯзи ободонии пойтахт то имрӯз наздик ба 200 ниҳоли сояафкан, ороишӣ, мевадиҳанда, ҳамчунин дар масоҳати тақрибан 60 метри мураббаъ гулҳои гуногун шинонда шудаанд, ки ба ин мавзеъ ҳусни тоза зам мекунанд.
Тавре зимни суҳбат Асрор Тӯраев, раиси маҳалла, иброз дошт, сокинон дар чорабиниҳои фарҳангию фароғатии вобаста ба Ҷашни 20 - солагии Ваҳдати миллӣ фаъ-олона иштирок намуда, мекӯшанд ин гӯшаи Душанберо боз ҳам зебову хуррам гардонанд. То кунун, ба манзури тоза кардани гирду атроф аз партовҳо чанд маротиба ҳашар гузаронда шуд. Партовгоҳҳои маҳалла айни замон дар ҳолати хуби санитарию гигиенӣ қарор доранд.
Бино ба гуфтаи раис, аз байни маҳалла канали обпарто мегузарад, ки бо худ партов оварда, ба соҳилу роҳу пайроҳаҳо меафканад ва фазои муҳитизистиро олуда месозад. Аз ин рӯ, сокинони маҳалла барои халал ворид нашудан ба муҳити зист сари вақт даст ба кор шуда, каналро аз партовҳо тоза менамоянд. Дар гузаргоҳи кӯчаи Нурулло Ҳувайдуллоев бошад, бо ташаббуси сокини маҳалла Ҷамшед Султонов навсозии ҷӯйбори гузаргоҳи дуюм ба нақша гирифта шудааст.
Ҷараёни корҳои ободонию созандагӣ дар маҳаллаи Камонгарон қобили тавсиф аст. Барои вусъати корҳои ободонӣ, бо масолеҳи сохтмонӣ таъмин ва навсозии ҷӯйбори маҳалла, ки тақрибан 50 метр дарозӣ дорад, раиси маҳалла саҳми рӯзномаи «Ҷумҳурият» - ро низ таъкид кард.
Воқеан ҳам дар Камонгарон мардум талош доранд, ки маъвои зисти худро ободу тоза нигоҳ доранд. Дар раванди маъракаи омодагӣ ба Ҷашни 20 - солагии Ваҳдати миллӣ онҳо бо амри дил машғули корҳои созандагию бунёдкорианд, то дар соли ҷашнӣ маҳаллаашон на танҳо дар ноҳияи Сино, балки дар пойтахт аз беҳтаринҳо гардад. 
Ёдовар мешавем, ки маҳаллаи Камонгарон 216 хоҷагӣ ва 1176 нафар аҳолӣ дошта, аз се кӯча - Ғаффор Мирзо, Нурулло Ҳувайдуллоев ва Камонгарони Боло иборат аст.
Сафаргул АЛИМОВА, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 20.03.2017    №: 60    Мутолиа карданд: 389

19.11.2018


ДЕВАШТИЧ. Авҷи созандагиҳо дар Ҷамоати деҳоти Яхтан

Артиши Сурия охирин истеҳкоми «ДИ» дар ҷануби кишварро зери назорат гирифт

Дар ҳама минтақаҳои Ӯзбекистон «мактаби президентӣ» месозанд

Роҳандозии барномаи махсуси давлатии ипотекӣ барои дӯзандагони Қирғизистон

Киштии зериобии «Сан Хуан» - ро дар уқёнуси Атлантика ёфтанд

Ҷаҳон дар як сатр

Кулишов: «Марзҳои ИДМ бо таҷҳизоти муосир таъмин карда мешаванд»

Дар Тоҷикистон омӯзгори забони англисӣ барои таблиғи «ДИ» 19 сол гирифт

Қазоқистон мубориза бо машруботро сахттар мекунад

Фоидаи туризм ба кадом шаҳри дунё бештар аст?

Ҷаҳон дар як сатр

"ИСТИҚЛОЛ" бори аввал барои Ҷоми чемпионҳои КФО мубориза хоҳад бурд

Омодагии тими миллӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон – 2022

УСМОН ТОШЕВ САРМУРАББИИ НАВИ ДАСТАИ МУНТАХАБ

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед