logo

фарҳанг

ДАР АРАФАИ НАВРӮЗ

Бахшида  ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз аз ҷониби  ректори Донишгоҳи омӯзгории Рашт Муродалӣ Сангов ба мактаб - интернати  ҷумҳуриявии ноҳияи Нуробод 3  компютер ва ба 16 нафар ятимони кулл сарулибоси идона тақдим гардид.
Дар ин маросим раиси ноҳия ва   устодону донишҷӯёни донишгоҳ иштирок намуда, барои хонандагони муассисаи таълимӣ хони наврӯзӣ оростанд. 
Зафарҷон Ҳисориев, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи ноҳия,  иброз дошт, ки имрӯзҳо дар Нуробод ҷиҳати таҷлили ин ҷашни миллӣ омодагии ҳамаҷониба дида шудааст. Тибқи  Нақша – чорабиниҳо баргузории маҳфилу базмҳои идона, аз ҷумла мусобиқаҳои  варзишӣ, гузарондани конференсияҳои бадеӣ,  суннатҳои таърихӣ таҳти унвони «Навои Наврӯз», «Кадбонуи Наврӯз», «Арӯси Наврӯз», «Дастархони наврӯзӣ», «Иншои беҳтарин», «Кадбону куҷост?», «Шеъру ҳикояҳои беҳтарин», «Ровиёни Наврӯз» ва базми «Ширу шакар»  ба роҳ монда шудааст.  Роҳандозии чунин озмунҳо баҳри боло бурдани ҳувияти миллию ҳисси ватандӯстии ҷавонон ва   саҳмгузории онҳо дар шукуфоии кишвари азизамон мусоидат хоҳанд намуд.
Дар  арафаи Иди байналмилалии Наврӯз бо саҳми соҳибкорони маҳаллӣ як зумра иншоот,  аз қабили  бинои мағозаҳои  баландошёнаи замонавӣ ва дукону марказҳои хизматрасонӣ  дар шаҳраки Дарбанд сохта ба истифода дода шуданд.
Имрӯзҳо маркази ноҳия ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, биноҳои  ташкилоту муассисаҳо  бо шиору овезаҳои ҷашнӣ, парчаму ангораҳои наврӯзӣ оро ёфта, ташкили корҳои ободонию созандагӣ, ниҳолшинонию кабудизоркунӣ, таъмиру тармими роҳҳои автомобилгард ташкил карда шудааст.
Гулнисои САЪДОНШО, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 20.03.2017    №: 60    Мутолиа карданд: 351

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед