logo

фарҳанг

ПАЙВАНДИ ИНСОН, ЗАМИН ВА КАЙҲОН

Дар байни тоҷикон  як силсила расму оини тақвимӣ вобаста ба фасли баҳор роиҷ мебошад. Ин расму оинҳо ба серҳосилӣ, андешаи нав эҳё шудани олами наботот вобаста аст. Наврӯз ба олами наботот пайвастагии зиёд дорад. Он бо пухтани хӯроки баҳории суманак, ки аз навдаҳои нахустини сабзаҳои гандуми баҳорӣ тайёр карда мешавад, оғоз мегардад. Дар ҷашни Наврӯз аз 7 навъи зироатҳои донагӣ хӯроке бо номи гандумкуча тайёр мекунанд. Ба ақидаи мардум ин барои серҳосилии зироатҳои соли дарпешистода ва барқарор намудани неруи худи одамон пас аз фасли сармо мусоидат мекунад.
Омад - омади баҳор ва омода намудани замин  барои кишт байни тоҷикони водиҳо ва кӯҳистон ба таҷлили ҷашни гулҳои нахустини баҳорӣ  вобастагӣ дорад.
Сокинони деҳа  дастаи гули сияҳгӯшро гирифта, онро мебӯсанд,  баъд гулҳоро дар чашм молида, мегӯянд: «Бойчечак – бойчечак, сиёҳгӯш - сиёҳгӯш, вазниниҳои маро бигиру сабукиҳоятро ба ман бидеҳ» ва ба писарбачаҳое, ки гул овардаанд,  меваҳои хушк, тухм ва қанд медиҳанд. Ба гуфтаи мардумшинос М. Р. Раҳимов ин расм деҳқононро аз омода шудан ба корҳои саҳроӣ ва зинда шудани табиат огоҳ менамуд.
Мардумшиноси маъруфи рус Е. М. Пешерева дар бораи таҷлили «Иди Лола» дар шаҳрҳои Исфара, Конибодом, Истаравшан ва ноҳияи  Шаҳристон («Иди лолазор») дар охири асри XIX ва ибтидои асри ХХ маълумоти ҷолиб додааст. Аз рӯйи маълумоти пешниҳоднамудаи олими мардумшинос ин ид аз ҷамъ овардани гули лола ва бо он оро додани  шохчаи дарахт оғоз мегардид. Бо ин шохча сокинони деҳа сайругашти оммавӣ баргузор мекарданд. Рӯзи дувум занҳо ва мардҳо ба мазор мерафтанд. Занҳо одатан дар мазори Абдуллои Сурхӣ ҷамъ меомаданд. Баъди зиёрати мазор ба назди ҷӯй рафта, дар оби он оббозӣ ё  обпошӣ менамуданд.
Дар ҷануби Тоҷикистон ин идро бо номи «Сайри гули сурх» ва дар шаҳри Бухоро бо номи  «Гули сурх»  таҷлил  менамуданд.
Мардумшиноси  дигари рус Б. Х. Кармишева иди мазкурро миёни тоҷикони Бойсуни Ӯзбекистон мушоҳида карда, қайд намудааст, ки он ҷо мазори Гули Сурх вуҷуд дорад. Дар он гузаштагони хоҷаҳои Гули Сурх дафн карда шудаанд. Аз рӯйи ривоятҳо, дар ин ҷо иди Гули Сурх дар рӯзи аввали Наврӯз оғоз меёфт. Шайхҳо дар ин рӯз болои мазор шохчаи гул мегузоштанд ва мардуми атроф  онро зиёрат мекарданд.
Тоҷикони Бухоро дар Иди Наврӯз сабзаи суманакро дар дастархон мегузоштанд. Нафари ба хона даромада се  бор сабзаро ба чашмонашон молида, мегуфт: «Илоҳо моро ба солу моҳи дарозе расонӣ». Баъд аз он, ба сари дастархоне, ки аз санбӯса ва бичакҳои алафин, тухмҳои ранги сурх дошта, суманаки дегӣ  ва меваҷот оро дода шуда буд, менишаст ва аз он тановул мекард.
Байни тоҷикони Бухоро расм буд, ки дар ҷашни Наврӯз аз гули садбарг  мураббо омода карда, рӯйи хони наврӯзӣ гузоранд. Бо ин мақсад гулҳои махсуси садбарг парвариш мекарданд, ки он бо исми гули мураббоӣ ном бароварда буд. То ҳол ин намуд мураббо миёни тоҷикони Бухоро ва ҳам зодагони Бухоро, ки дар Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд, хеле машҳур аст.
Дар Тоҷикистон занҳо дар Наврӯз  куртаҳои гулдӯзӣ мепӯшиданд. Ин куртаҳо аз нақшҳои гуногун иборат буда, табиати диёрро инъикос менамоянд. Нақши ин тасвирҳо  рамзнок буда,  аз табори ориёӣ будани  миллати тоҷик шаҳодат медиҳанд.
З. ЮСУФБЕКОВА,
М. ШОВАЛИЕВА,
ходимони илмии Институти таърих,
бостоншиносӣ  ва мардумшиносии ба номи А. Дониш


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 20.03.2017    №: 60    Мутолиа карданд: 356

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе

Ба иштирокчиёни ҶБВ кумаки моддӣ расонда мешавад

Нахустини Форум байналмилалии санъати мақом баргузор хоҳад гашт

ЛЕВАКАНТ. Тантанаҳои истиқлолият

ФАЙЗОБОД. Ҳиммати як соҳибкор

ИШТИРОКИ ТИМИ МИЛЛӢ ДАР МУСОБИҚАИ BANGABANDHU GOLD CUP"

«ДИ» тахрибкоронашро ба Русия, Аврупо ва Осиё мефиристад

ХФА: "Даромади «Давлати исломӣ» 10 маротиба коҳиш ёфт"

Чин барои рушди ҶАҶ $60 миллиард ёрии молиявӣ мерасонад

Таҳримоти ғарбӣ метавонанд садди барқарорсозии Сурия гарданд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед