logo

фарҳанг

НАВРӮЗ ПАЙКИ БАҲОРУ ИДИ КИШОВАРЗОН АСТ

Наврӯз  барои мардуми тоҷик  бузургтарин иди  таърихӣ ва миллӣ мебошад. Он аз замонҳои қадим, беш аз шаш ҳазор сол боз дар саросари  мамлакатҳои шарқ бо шукӯҳу шаҳомати тозае  таҷлил мегардад. Дар васеъ паҳн гардидани анъанаҳои наврӯзии тоҷикон сафарҳои тоҷирон бо “Роҳи абрешим” бештар мусоидат намудааст.

Наврӯз пайки баҳор, арӯси сол, айёми шодию сурур, эҳёи табиату зиндагӣ, замину замон ва кайҳон аст. Наврӯз қабл аз ҳама ҷашни кишоварзон аст, зеро он айёми эҳёи табиат, фарорасии кишту кори деҳқон ва  робитаи инсон бо табиат  мебошад.
То фаро расидани иди Наврӯз дар баъзе минтақаҳои ҷумҳурӣ, аз ҷумла дар ҷануби вилояти Хатлон ва дигар мавзеъҳои хуршедӣ, маъракаи киштукор оғоз меёбад. Барои ба файзу баракат шудани ҳосил маросими «Ҷуфтбаророн» чун анъанаи қадима то ҳол боқӣ мондааст. Мардуми кордида, бахусус пирони кору умрдида, дар ин маросим аҳлона ширкат мекунанд. Мӯйсафедон даст ба дуо бардошта, шукри рӯзгори обод ва фасли баҳор мекунанд. Сипас, таоми баҳорӣ пухта, одамони рӯзгордида ва деҳқонони  асилро ба майдон даъват мекарданд. Баъд бобои деҳқон дар саргаҳи замин ба шохҳои говҳои омодаи ҷуфтронӣ равған мемолиду онҳоро ба ҷуфт мебастанд ва ба кишт шурӯъ мекарданд.
То имрӯз баъзе ин анъанаҳои нек боқӣ мондаанд ва акнун боғдорон ниҳол  шинонда, боғу роғ бунёд мекунанду деҳқонон ба замин гандум мепошанд ва сурудхонон гулҳои баҳориро ба дидаҳои худ молида, шукр мекунанд, ки ба баҳори нав расиданд. Бешубҳа, Наврӯз рамзи бунёдкорӣ, шукуфоӣ, ризқу рӯзии фаровон мебошад.
Яке аз суннатҳои ҷолиби наврӯзӣ, ки  дар давраи истиқлоли кишвар бо ибтикори  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукми анъана даромад, ин мулоқоти ҳарсолаи Сардори давлат дар айёми Наврӯз  бо аҳли зиё мебошад.  Ин мулоқотҳои муҳиму ояндасоз дар рушди илму фарҳанг, маориф, ҳаёти маънавии ҷомеа ва пойдории сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ нақши муҳим мебозанд.
Боиси тазаккур аст, ки аз Наврӯзи соли гузашта то Наврӯзи имсола дар соҳаҳои мухталифи ҷумҳурӣ дастовардҳои зиёде ба амал омадаанд. Аз он ҷумла, истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ зиёд гардида, содироти меваю сабзавот афзуд. Дар ин давра олимони Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон дар соҳаи зироаткорӣ, боғпарварию сабзавоткорӣ 7 навъи нави зироатҳоро минтақабоб гардонда, соҳиби 10 патент ва 9 шаҳодатномаи муаллифию беҳсозӣ шудаанд. Ба Комиссияи давлатӣ барои омӯзишу минтақабобгардонӣ 8 навъи зироат, 2 дурагаи дарахти тут ва 2 дурагаи кирмаки абрешим пешниҳод ва  маводи лозимӣ оид ба  намуди зарафшонии қутосҳо ва намуди тоҷикии чорвои сергӯшт омода гардид. Аз ҷониби олимони Академия 5 намуди ваксина бар зидди касалиҳои сироятии чорво ва 6 намуди маводи кимиотерапевтӣ барои пешгирию табобати касалиҳои чорво дар ҳаҷми 140 ҳазор воя истеҳсол гардид. Зиёда аз 3000 тонна тухмии хушсифати зироатҳои кишоварзӣ истеҳсол ва ба хоҷагиҳои деҳқонию инфиродӣ пешниҳод шуд. Инчунин, лоиҳаи 3 барномаи рушди бахшҳои соҳаи кишоварзӣ таҳия гардид.
Бо файзу қудуми Наврӯз имрӯз Тоҷикистони биҳиштӣ дар фазои тантанаҳои Наврӯзу баҳори нозанин ғарқ аст. Ин файзу нусрат аз он башорат медиҳад, ки баҳори имсола дар соли ҷашнгирии 20 - солагии Ваҳдати миллӣ  боиси  фаровонию баракат мегардад.
Эй субҳи Ватан, муждаи Наврӯз муборак!
Эй субҳи чаман, накҳати фирӯз муборак!
Н. М.  АСОЗОДА, доктори илмҳои кишоварзӣ, узви вобастаи АИКТ,       
Д. Қ.  КОМИЛЗОДА, академики АИКТ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 20.03.2017    №: 60    Мутолиа карданд: 412

19.02.2019


МАКТАБИ ДАВЛАТДОРИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

Баррасии масъалаҳои рушди сайёҳӣ

Вохӯрии Низомиддин Зоҳидӣ бо Мазен Шамия

Дурнамои рушди муносибатҳо матраҳ гардид

ҶОМИ КУШОДАИ АВРУПО. Муҳаммадризо Қувватов медали биринҷӣ ба даст овард

Авҷи ниҳолшинонӣ

Саҳми соҳибкорон дар ободии деҳот

Ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Чин ва Россия густурдатар мегардад

Сарвар Дониш: «Музокироти сулҳ бидуни ҳукумат қурбе надорад»

«Туҳфаи шоҳона» - и Арабистони Саудӣ ба шаҳрвандони Покистон

Дар Қазоқистон маркази амнияти иттилоотӣ ифтитоҳ меёбад

Сокини навраси Шимкент ду нафарро аз сӯхтор наҷот дод

Ҷаҳон дар як сатр

18.02.2019


Боздиди Азим Иброҳим аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ

ВКД Ҷиноятҳо 83,6 дарсад ошкор шуданд

Вазорати молия. Барои дастгирии буҷет маблағи бештар ҷалб хоҳад гашт

«BISHKEK OPEN – 2019». Дурахши каратэ-дочиёни навраси тоҷик

«МОҲИЯТ ВА ТАЪЙИНОТИ МАТБУОТИ МАҲАЛЛӢ»

РОҒУН. Ободонӣ вусъат меёбад

АНДОЗ. Нақша 100, 6 дарсад иҷро гардид

ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН. Гардиши савдо ду баробар афзуд

Тоҷикистон миёни кишварҳои ИДМ ба афзоиши баландтарини ММД муваффақ гашт

Дар Тошканд конфронси байналмилалӣ оид ба Осиёи Марказӣ баргузор мегардад

Қасри сафед: "Музокироти тиҷоратӣ дар Пекин ба пешравӣ мусоидат кард"

Трамп мехоҳад ҷангиёни «Давлати исломӣ» - ро ба Аврупо барои суд кардан баргардонад

Кумитаи амнияти иттилоотии Қазоқистон беш аз 90 сомонаи хавфнокро ошкор сохт

Ҷаҳон дар як сатр

15.02.2019


ШАМШЕРБОЗӢ. ИШТИРОКИ ВАРЗИШГАРОНИ МО ДАР ЧЕМПИОНАТИ КУШОДИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Дар Душанбе ташкили низоми муттаҳидаи мудофиаи зиддиҳавоӣ баррасӣ шуд

Дар чор сол муомилоти мол байни Тоҷикистону Ӯзбекистон 19 маротиба афзуд

Медведев: «Таҳримоти ИМА ба иқтисоди Россия таъсири чандон бузург расонда наметавонад»

Пентагон. ИМА аз Афғонистон ҳамроҳи иттифоқчиёнаш меравад

13.02.2019


2018. Сиёсати хориҷии Тоҷикистон пурбарор буд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед