logo

сиёсат

СОЗИШНОМАИ ПАРИЖ КИШВАРҲОРО БА ИҚДОМИ ЯКҶОЯ АЛАЙҲИ ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ ДАЪВАТ МЕКУНАД

Тағйирёбии иқлим, бахусус гармшавии сайёра ба тамоми мамлакатҳо хатари ҷиддӣ дорад. Солҳои охир баландшавии аз меъёр зиёди сатҳи об барои сокинони чандин кишварҳо паёмадҳои ногуворе ба бор овард.
Дар Тоҷикистон нишонаҳои тағйирёбии иқлим дар обшавии зиёди пиряхҳо ба мушоҳида  мерасад.  Аз 14 ҳазор пиряхи Тоҷикистон, ки барои Осиёи Марказӣ аҳамияти ҳаётӣ доранд, дар давоми 30 соли охир  беш аз ҳазор пирях нест шудааст. Ин дар ҳолест, ки чанде қабл дар ҷаласаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Созишномаи Париж ба Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид дар бораи тағйирёбии иқлим ба тасвиб расид. Хайрулло Ибодзода, раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, зимни баррасии санади мазкур иброз дошт, ки он 12 декабри соли 2015 дар шаҳри Париж ба имзо расида, аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ пешниҳод шудааст. Мақсади тасдиқи Созишномаи Париж оид ба тағийрёбии иқлим иҷро намудани талаботи Конвенсияи меъёрии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим мебошад.
Созишномаи Париж аз тарафи  104  узви Конвенсияи СММ оид ба тағйирёбии иқлим дар конфронси 21 - уми он, ки дар Париж 30 ноябри соли 2015 баргузор гардида буд, қабул шуд. Дар кори ин конфронс Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок ва суханронӣ намуда, аз ҷумла иброз доштанд: «Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти эътирофи ҳаҷми зиёди партовҳои гулхонаӣ дар раванди истифодаи манбаъҳои энергетикӣ, рушди минбаъдаи соҳаи энергияи таҷдидшавандаро омили муассири коҳиши партовҳо медонад. Ба ҳамин тартиб, кишвари мо бо истифодаи пурсамари манбаъҳои барқароршавандаи энергия, алалхусус гидроэнергетика, ки ба рушди иқтисодию иҷтимоӣ, мутобиқшавии аҳолӣ ба тағийрёбии иқлим ва ташаккули «иқтисоди сабз» мусоидат менамояд, таваҷҷуҳи хос медиҳад. Ҳамзамон бо ин, бунёди иншооти гидроэнергетикӣ ба коҳиши хавфҳои офатҳои табиӣ вобаста ба об бештар мусоидат мекунад.  Аз ин рӯ, рушди соҳаи гидроэнергетика  аз самтҳои фаъолиятноки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дониста мешавад».
Кумитаи ҳифзи муҳити зист бо котиботи Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим ҳамкории фаъол дорад. Кишвари мо гузориши сеюми худро ба котиботи конвенсия ҳанӯз соли 2014  пешниҳод карда буд. Моҳи апрели соли 2016 дар қароргоҳи СММ вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон санади мазкурро имзо намуд. Тибқи ин созишнома ҳамаи кишварҳо ба таъмини афзоиши ҳарорати ҷаҳонӣ ба таври назаррас камтар аз 2 дараҷа ва бо назардошти ҷиддияти хатарҳои мавҷуда - ба ҷустуҷӯи маҳдуд кардани болоравии ҳарорати 1,5 дараҷа уҳдадор шуда буданд. Татбиқи созишномаи Париж барои расидан ба Ҳадафҳои рушди устувор хеле муҳим мебошад. Созишнома ҳамчун воситаи муҳим барои сафарбар намудани дастгириҳои молиявӣ ва техникӣ, инчунин афзудани имкониятҳои кишварҳои рушдкунанда чун Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад. Тасдиқ шудани  созишномаи мазкур аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон манфиати бевосита, ба мисли таълими дониш ва технология, дастгирии чораҳо оид ба пастгардонӣ ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим, истифодаи бештар аз манбаъҳои барқароршавандаи барқ ва баланд бардоштани устуворӣ ба тағйирёбии иқлимро дорад.
Мунаввари САФАР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 20.03.2017    №: 60    Мутолиа карданд: 800

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед