logo

фарҳанг

САЙРҲОИ НАВРӮЗӢ

Наврӯз ҷашни пайванди инсону табиат ба шумор меравад ва ин падида дар мисоли якчанд расму одатҳои иҷтимоӣ, боварҳо ва ойинҳо таҷассум ёфтааст. Дар гузаштаи начандон дур, дар айёми Наврӯз мардумон ҷашни баҳорро берун аз шаҳру деҳа, дар муҳити табиат, дар боғу чаманҳо, лаби чашмаву рӯдхонаҳо таҷлил мекарданд. Дар ҳар ноҳияву минтақа сайргоҳҳои махсус бо номҳои “сайлҷо”, “идҷо”, ”идгоҳ” мавҷуд буданд, ки мардум сайрҳоро дар он ҷойҳо мегузаронданд. Чунончи, дар Ҳисор сайру тамошоро дар майдони назди Қалъаи Ҳисор барпо мекарданд,  дар Кӯлоб сайргоҳ болои Тамошотеппа ба шумор мерафт. Дар Бухоро сайрҳои калон дар назди мақбараи Баҳоуддини Нақшбанд, инчунин ҳамасола дар Ширбадан ва Хонақоҳи Файзобод баргузор мешуданд. Дар Самарқанд сайргоҳ канори рӯди Оби Раҳмат буд, дар Нурато – мавзеи Чилдухтарон, дар Исфара – мазори Хоҷаи Сурх, дар Конибодом – мазори Хоҷа Такровут, дар Истаравшан – қалъаи Муғтеппа, дар Панҷакент – мавзеи Қайнар ва ҳамин тариқ назди мазорҳову ҷойҳои дигар ҳамчун сайргоҳи оммавӣ муқаррар шуда буданд. Дар баъзе маҳалҳо сайри наврӯзиро дар назди ягон мазор бо қурбон кардани гӯсфанд ё буз барпо мекарданд.
Истилоҳи «сайр»-ро дар гӯиши мардум «сайл» меноманд. Дар байни тоҷикони Афғонистон барои ифодаи мафҳуми «сайр» вожаи «мела» маъруф аст. Сайрҳо, одатан, аз ду-се рӯз сар карда, то як моҳ давом мекарданд. 
Дар замони пеш аз Ҳукумати Шӯравӣ дар Хуҷанд сайри Соли нав дар соҳили Сирдарё мешудааст. Дар он ҷо намоишҳои оммавӣ, ба монанди базми суруду мусиқӣ, раққосӣ, дорбозӣ, масхарабозӣ, найрангбозӣ, театри зочабозии чодирхаёл, мусобиқаҳои гӯштигирӣ, пойга ва ғайра барпо мегаштааст. Дар лаби дарёи Сир каппаву хаймаҳо зада шуда, чойхонаву ошхона, дуконҳои сайёри нонфурӯшӣ, ҳалвофурӯшӣ, баққолӣ, атторӣ, бозичафурӯшӣ ва монанди инҳо ташкил мешуд. Баъд аз таҷлили Наврӯз сайрҳои гурӯҳӣ дар берун аз шаҳр, дар мавзеъҳои Қалъача, Хоҷа Боқирғон, Чашмаи Арзанак, доманаи кӯҳи Мевағул ва дигар мавзеъҳои хушобу ҳаво сурат мегирифтанд. Дар ин сайрҳо садҳо пиру барно, марду зан ва наврасону кӯдакон ба тамошо мебаромаданд. Дар Кӯлоб бахшида ба Соли нав дар болои Тамошотеппа сайри  калон баргузор мегашт ва он ду ҳафта давом мекард. Он бо қарори беки Кӯлоб дар яке аз рӯзҳои ҷумъа оғоз меёфт. Ҷорчиҳо дар бозору ҷойҳои серодам савора гашта, эълон мекарданд: «Ҳо, буродаро, рӯзи ҷумъа сайли подшоҳӣ дар Кӯлоб меша. Ҳоҳиш ҳаст, ки касе ғуҷҷакӣ боша, тамбурчӣ боша, думбрачӣ, байтгӯ, паҳлавон боша, касе, ки асп дора, човандозай, масхарабоз боша, ба сайли подшоҳӣ биёяд-е!». Ҳамин тавр, ҷорчиҳо аз гузари косибону ҳунармандон гузашта, онҳоро низ ба идгоҳ даъват мекарданд: «Эй, баззоз бошед, савдогар бошед, кавшфурӯш бошед, қассоб бошед, ба Тамошотеппа баромада, дукон кунед-е!». 
Ба Сайри Тамошотеппаи Кӯлоб аз Қаротегин, Дарвоз, Муъминобод, Ховалинг, Даштиҷум, Фархор, Саройкамар, Сари Хосор ва баъзан аз Ҳисору Янгибозор (шаҳри Ваҳдати ҳозира) ва Файзобод низ паҳлавонон, навозандагон, ҳофизон, раққосон, дорбозон, масхарабозон, чашмбандҳо, човандозон ва дигар ҳунармандон, инчунин мухлисону тамошогарони зиёд ҷамъ меомаданд. Рӯзона мусобиқаҳои гӯштигирӣ, бузкашӣ, пиёдапойга ташкил шуда,  дар фосилаҳои байни ин мусобиқот барномаҳои суруду мусиқӣ, масхарабозӣ ва дорбозӣ сурат мегирифтанд. Шабона гулхан афрӯхта, базми чавкӣ созмон медоданд. Доирадастони моҳир доира навохта, раққосон бо тамоми санъат мерақсиданд, масхарабозон нағмаҳо карда, мардумро шоду хушҳол месохтанд. Аз ҷониби бек ба онҳо ҷомаю ҷелак, миёнбанд ва тоқӣ туҳфа дода мешуд.
Устод С. Айнӣ дар асари арзишманди хеш – «Ёддоштҳо» роҷеъ ба сайрҳои Ширбадан ва Файзобод, ки дар фасли баҳор сурат мегирифтаанд, маълумоти ҷолиб додааст. Мувофиқи шаҳодати ӯ, ҳар баҳор сайри Ширбадан, ки дар тарафи шарқии шаҳр ташкил мешуд ва он то ду моҳ, ҳатто то ҳафтод рӯз давом мекард. Дар ин сайр аз туманҳои Бухоро ҳама созандагон ва паҳлавононро даъват мекарданд. Амир дар он сайр ба овардани аҳолии туман (ноҳияҳои) Бухоро қаноат накарда, паҳлавонон ва аҳолии Қаршӣ, Шаҳрисабз, Кармина ва Нурато барин музофотҳои Бухороро ҳам ҷалб мекард. Дар Ширбадан сайргоҳи асосӣ дар ду тарафи роҳи калоне, ки аз пеши чорбоғи амир мегузашт, бино ёфта буд. Дар даруни ин иҳота аввал масҷиди ҷомеъ, баъд аз он майдонҳои чавкӣ (базми умумӣ) ва дигар тамошохонаҳо воқеъ шуда буд ва дигар ҷойҳои онро озуқафурӯшон, қассобон ва ошхонадорон ишғол мекарданд. Дар тарафи шимоли роҳ айвони дарозе буд, ки дар вай дар айёми сайр баззозон, ҳалвогарон, атторон ва дигар дукондорон ҷой мегирифтанд. Тамошогоҳи асосии сайр пеши дарвозаи подшоҳӣ буд, ки ҳар пагоҳ дар он ҷо аввал чавкӣ ва баъд аз он маъракаи гӯштигирӣ ташкил меёфт.
Аммо калонтарини  сайрҳои халқии наврӯзӣ дар Файзобод ташкил меёфтааст. Дар он сайр, ки дар моҳи ҳут (аз 20 феврал то 22 март) барпо мешуд, мардум ҳар рӯзи ҷумъа ба Файзобод рафта, сайр мекардаанд. Файзобод деҳаест дар шимоли шарқии шаҳри Бухоро, дар масофаи як километр, ки боғоти хуб ва киштзори васеи сероб дорад. Дар он ҷо ҳар гуна бозиҳо ташкил ёфта буданд.
Ҳамин тавр, Наврӯз дар байни тоҷикон бештар ба тарзи оммавӣ баргузор мешудааст. Мардум таҷлили Наврӯзро дар мавзеъҳои хушобуҳаво, дар оғӯши табиат созмон медоданд. Тавассути чунин сайрҳо одамон худро ҷузъе аз табиат мешумурданд.
Дилшод РАҲИМОВ,
номзади илмҳои филология, фолклоршинос


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 20.03.2017    №: 60    Мутолиа карданд: 510

15.07.2019


Сарвазири Корея ба Тоҷикистон меояд

Баррасии масъалаҳои ҳамгироии САҲА, СҲШ ва ИА дар минтақаи Осиёи Марказӣ

Нахустин шумораи маҷаллаи «Осиё ва Аврупо» аз чоп баромад

ДТТ. Изҳори нигаронӣ аз вазъи бо кор таъмин шудани хатмкардаҳо

ТИБ. 288 номгӯи доруи ғайристандартӣ ошкор шуд

11.07.2019


Шиносоии Қоҳир Расулзода бо сохтмон ва навсозии шоҳроҳи Душанбе – Бохтар

10.07.2019


Нодиртарин "Девон" - и Навоӣ дар Хуҷанд

Бунёди нахустин пойгоҳи ҷаҳонии шабакаи атмосферии Тоҷикистон дар Осиёи Марказӣ

Иттиҳоди Аврупо барои кишварҳои Осиёи Марказӣ 72 миллион евро ҷудо мекунад

Матвиенко: "Дар бозори Россия қариб тамоми об қалбакӣ будааст"

Ҷаҳон дар як сатр

08.07.2019


Баррасии ҷараёни иҷрои Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонон

"Душанбе - қалби Тоҷикистон"

Ҳамоиш оид ба таҳияи маҳсулоти сайёҳӣ

Россия нахусткайҳоннаварди арабро бо ғизои махсус таъмин месозад

Зиёни иқтисодии Гурҷистон аз коҳиши сайёҳони рус беш аз $700 миллион хоҳад шуд

Дар Қазоқистон то соли 2021 нияти ифтитоҳи 20 мактаби олӣ ва 180 коллеҷро доранд

СММ: "Қирғизистон нахустин кишварест, ки мушкили бешаҳрвандиро ҳал кард"

Зеленский пурра иҷро кардани созишномаи Минскро ваъда дод

Ҷаҳон дар як сатр

04.07.2019


Ҷаласаи Комиссияи муштараки ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Покистон

Масъалаи татбиқи ҳамгироии сиёсати давлатии ҷавонон баррасӣ гардид

ФУТБОЛ. Чемпионати АФОМ дар Тоҷикистон мегузарад

Омӯзгоронро барои кор дар Тоҷикистон ва Қирғизистон интихоб менамоянд

Сарвазири Италия пазироии самимии Путинро ваъда кард

Дар Минск паради низомӣ бахшида ба Рӯзи Истиқлолияти Беларус доир гашт

Путин шартҳои муколамаи Москва ва Киевро ном бурд

Суд ба маъмурияти Трамп истифодаи маблағи Вазорати мудофиаро барои деворсозӣ манъ намуд

Ҷаҳон дар як сатр

02.07.2019


Тақвияти ҳамкориҳо бо БАТР

Мулоқоти Исматулло Насредин бо Умар Аюб Хон

Озмунҳои «Маҳаллаи беҳтарин» ва «Кӯчаи беҳтарин» баргузор мешаванд

Тоҷикистон. Барои табобати Осия Зулфонова аз Олмон табиб оварданд

То соли 2020 маҳсулоти муштараки ширии Тоҷикистону Беларус ба бозор мебарояд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед