logo

сиёсат

"ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР". ДОИРАИ ТАВАҶҶУҲ ТАВСЕА МЕЁБАД

Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Заробиддин Қосимӣ  14 март доир  ба ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи об, имконоти ҷалби сайёҳон ва сармоягузорони араб брифинг доир намуд.
Ин чорабинӣ дар яке аз марказҳои илмию тадқиқотие, ки ба омӯзиши мавзӯъҳои вобаста ба Русия ва кишварҳои дигари пасошӯравӣ машғул аст, бо иштироки намояндагони воситаҳои ахбори омма, олимону муҳаққиқон, масъулони идораҳои давлатӣ ва чанде аз соҳибкорони маҳаллӣ баргузор шуд. Зимни гузориши таҳлилии дипломати тоҷик ва андешарониҳои ҳозирин ба ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар соҳаи об, аз ҷумла қабули қатъномаи Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид, 21 декабри соли 2016, дар бораи эълон гардидани Даҳсолаи байналмилалии амал "Об барои рушди устувор", солҳои 2018-2028 баҳои баланд дода шуд.  Ҳозирин, ҳамчунин ба имконоти сармоягузорӣ дар Тоҷикистон ва ҷалби сайёҳони араб таваҷҷуҳи зиёд зоҳир намуданд.
Ҳамзамон, дар қароргоҳи Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва рушд дар Париж мулоқоти намояндаи Сафорати Тоҷикистон бо масъулони бахши об ва муҳитзистии ин созмони бонуфуз баргузор гардид. Зимни вохӯрӣ ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи об, аз ҷумла бо пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қабул гаштани Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» дар Маҷмаи умумии СММ муаррифӣ гардида, аҳамияти он барои пешбарии Ҳадафҳои рушди устувор баён шуд. Таъкид гардид, ки ҳамкории кишварҳо баҳри татбиқи минбаъдаи ташаббуси нави Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷалби ин созмони бонуфуз ва кишварҳои шомили он муҳим арзёбӣ мешавад.
Намояндагони созмон эълом доштанд, ки мавзӯи муҳити зист ва хусусан масоили обӣ аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва рушд маҳсуб шуда, ҳамкориҳо ҷиҳати татбиқи ташаббуси навтарини байналмилалии Тоҷикистон барои расидан ба ҳадафҳои тавсияҳои вобаста ба об, ки аз ҷониби Шӯрои мудирони ин созмон моҳи декабри соли 2016 тасдиқ гаштаанд,  низ созгор мебошанд.
Додоҷон РӮЗИЕВ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 20.03.2017    №: 60    Мутолиа карданд: 469

19.11.2018


ДЕВАШТИЧ. Авҷи созандагиҳо дар Ҷамоати деҳоти Яхтан

Артиши Сурия охирин истеҳкоми «ДИ» дар ҷануби кишварро зери назорат гирифт

Дар ҳама минтақаҳои Ӯзбекистон «мактаби президентӣ» месозанд

Роҳандозии барномаи махсуси давлатии ипотекӣ барои дӯзандагони Қирғизистон

Киштии зериобии «Сан Хуан» - ро дар уқёнуси Атлантика ёфтанд

Ҷаҳон дар як сатр

Кулишов: «Марзҳои ИДМ бо таҷҳизоти муосир таъмин карда мешаванд»

Дар Тоҷикистон омӯзгори забони англисӣ барои таблиғи «ДИ» 19 сол гирифт

Қазоқистон мубориза бо машруботро сахттар мекунад

Фоидаи туризм ба кадом шаҳри дунё бештар аст?

Ҷаҳон дар як сатр

"ИСТИҚЛОЛ" бори аввал барои Ҷоми чемпионҳои КФО мубориза хоҳад бурд

Омодагии тими миллӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон – 2022

УСМОН ТОШЕВ САРМУРАББИИ НАВИ ДАСТАИ МУНТАХАБ

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед