logo

сиёсат

НОМАҲОИ ШОДБОШӢ

18 март ба муносибати фарорасии ҷашни эҳёи табиат ва эътидоли баҳорӣ – Наврӯзи байналмилалӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои як қатор кишварҳои ҳавзаи фарҳангии ин Иди бостонӣ, аз ҷумла, ба Раисҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ ва Раиси иҷроияи ҳукумати ин кишвар доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ, Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Ҳасани Рӯҳонӣ, Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Мамнун Ҳусейн ва Сарвазири ин кишвар Муҳаммад Навоз Шариф, Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев, Президенти Ҷумҳурии Туркия Реҷеп Тайип Эрдоган, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев, Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Алмазбек Атамбоев ва Президенти Туркманистон Гурбангулӣ Бердимуҳаммадов номаҳои табрикӣ ирсол намуд.
Дар ин барқияҳо зикр гардидааст, ки Наврӯз – яке аз идҳои писандидатарини Машриқзамин – бо анъанаҳои башардӯстонаву созандаи худ – некиву накукорӣ, хуррамиву хушҳолӣ, покдиливу ҳусни ният ва эҳтироми ҳамдигар аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун дастоварди нодири тамаддуни умумиинсонӣ пазируфта шуда, машҳури олам гаштааст. Зимнан, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори умед кардааст, ки кишварҳои мо, бо такя ба ғояҳои фарозандаву арзишманди он, минбаъд низ робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои судмандашонро боз ҳам тақвият бахшида, густариш хоҳанд дод.
Дар арафаи ҷашни хуҷастаи Наврӯзи ҷаҳонӣ аз номи як қатор  роҳбарони кишварҳои гуногун низ ба унвони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон табрикоти зиёди идона ирсол гардидаанд.
Аз ҷумла, дар барқияи табрикии Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин омадааст:
«Муҳтарам Ҷаноби Президент!
Иҷозат фармоед ба муносибати ҷашни анъанавии Тоҷикистон - Ҷашни Наврӯз аз номи Ҳукумат ва мардуми Ҷумҳурии Мардумии Чин ва шахсан аз номи худам ба Шумо ва мардуми Тоҷикистон таманниёти самимии худро изҳор дорам.
Ман ба рушди муносиботи Чину Тоҷикистон аҳамияти хос зоҳир менамоям ва азм дорам, ки якҷоя бо Шумо муносиботи шарикӣ ва ҳамкории дуҷонибаи Чину Тоҷикистонро дар соҳаҳои гуногун ба манфиати халқҳои кишварҳоямон пайваста ба сатҳи нав бардорем.
Ба Шумо саломатии бардавом ва ба корҳоятон муваффақиятҳои калон орзумандам. Ба мардуми дӯсти тоҷик хушбахтӣ ва бурдборӣ таманно дорам».

Дар барқияи табрикии Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев омадааст: 
«Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович!
Табрикоти самимии маро ва мардуми Қазоқистонро ба муносибати Ҷашни барои халқҳоямон умумӣ - Наврӯз қабул фармоед.
Бигзор ҷашни ба динҳову забонҳо тақсимнашавандаи Наврӯз, ки ба ваҳдату шукуфоӣ даъват намуда, ба тамоми одамон рафоҳат мебахшад, ба халқи бародари мо фараҳу иқбол орад.
Мутмаинам, ки муносибатҳои мавҷудаи миёни Қазоқистону Тоҷикистон, ки дар ҳамдигарфаҳмию шарикии созгор асос ёфтаанд, минбаъд ҳам ба манфиати халқҳои ҳар ду кишвар густариш ва рушд меёбанд.
Бо истифода аз фурсат, ба Шумо, Эмомалӣ Шарифович дар фаъолияти давлатиатон муваффақият ва ба халқи дӯсти тоҷик сулҳу шукуфоӣ таманно дорам».

Дар барқияи табрикии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев омадааст:
«Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович!
Боиси ифтихори бузург аст, ки ба Шумо табрикоти самимӣ ва таманниёти неки худро ба муносибати фарорасии иди зебои баҳор, офариниш ва эҳё – Наврӯз ирсол медорам.
Наврӯз, ки бо куҳанбунёдӣ ва зебоии аҷиби худ фарқ мекунад, аз азал асолат ва қаринии тафаккур, анъана ва марому мақсадҳои неки мардумони Ӯзбекистону Тоҷикистонро таҷассум менамояд.
Фалсафаи амиқи Наврӯз моро ҳамеша ба таъмини некуаҳволии мардумони минтақа, ҳифзи сулҳу субот ва инчунин, ба эҳтироми рӯҳияи дӯстиву ҳамбастагӣ ҳидоят мекунад.   
Ин ҷашн, ҳамчунин рамзи ҳавасмандии мо ҷиҳати ҳаматарафа баланд бардоштани ҳамгироии Ӯзбекистону Тоҷикистон дар асоси принсипҳои қавии дастгирии ҳамдигар ва бо назардошти манфиатҳои тарафайн мебошад. Мутмаинам, ки муносиботи ҳусни ҳамҷаворӣ ва ҳамкории гуногунҷанбаи дарозмуддат миёни Ӯзбекистону Тоҷикистон минбаъд низ пайваста таҳким хоҳанд ёфт.
Дар ин рӯзҳои идона, ба Шумо, муҳтарам Эмомалӣ Шарифович ва ба аъзои оилаатон хушбахтиву саодатмандӣ, саломатии бардавом ва комёбиҳои нав ва ба мардуми дӯсти Тоҷикистон сулҳ, шукуфоӣ ва пешрафти минбаъда орзу менамоям».

Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Алмазбек Атамбаев дар барқияи худ гуфтааст:
«Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон!
Аз номи мардуми Қирғизистон ва шахсан аз номи худам Шумо ва дар шахсияти Шумо тамоми халқи тоҷикро ба муносибати Иди баҳор – Наврӯз аз самими қалб табрик менамоям!
Бо ин иди таърихӣ аз қадимулайём халқҳои мо ба оянда умедҳои нек ва дурахшон баста буданд. Бигзор Наврӯз, ки рамзи эҳё ва садоқат ба анъанаҳои аҷдодони хирадманд маҳсуб мешавад, ба таҳкими минбаъдаи рӯҳияи умумӣ ва дӯстии байни халқҳои мо боис гардад.
Ба Шумо, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саломатии бардавом ва дар фаъолияти давлатиатон муваффақият ва ба мардуми Тоҷикистон сулҳ ва шукуфоӣ таманно дорам».

Дар барқияи табрикии Президенти Туркманистон Гурбангулӣ Бердимуҳаммадов омадааст:
«Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович!
Бо шарафмандӣ ба Шумо ва дар шахсияти Шумо ба тамоми мардуми бародари Тоҷикистон ба муносибати Ҷашни байналмилалии Наврӯз табрикоти самимӣ ва таманниёти некуаҳволӣ ва шукуфоиро ирсол медорам.
Анъанаҳои неки Наврӯз, ки онҳоро халқҳои мо дар тӯли асрҳои зиёд гиромӣ медоштанд, имрӯз эътирофи байналмилалӣ гирифтанд. Шомил шудани Наврӯз ба феҳристи мероси ғайримоддии ЮНЕСКО тасдиқи дигари беназирӣ ва аҳамияти умумибашарии ӯ гардид. Ин, ҳамчунин аз ҳавасмандии пойдори мардумони кишварҳои мо ба принсипҳои олии инсондӯстӣ ва меҳнатдӯстӣ, ки ба дӯстӣ, ҳусни таваҷҷуҳ ва ҳамзистии осоишта даъват менамоянд, шаҳодат медиҳад.     
Бигзор ин ҷашни зебои баҳор ва эҳё барои Шумо ва мардуми бародари кишваратон шодӣ, шукуфоӣ ва пешрафт орад».

Дар барқияи табрикии Президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев омадааст:
«Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович!
Аз номи мардуми Озарбойҷон ва шахсан аз номи худам Шумо ва мардуми дӯсти Тоҷикистонро бо фарорасии Ҷашни бостонии Наврӯз, ки таҷассумгари волотарин арзишҳои маънавист, табрик мегӯям.
Ин ҷашни баҳорӣ, ки ба эҳёи табиат ва оғозҳо пайваста аст, мардумро ба корҳои нек, ҳамдигарфаҳмӣ, ҳамгироӣ ва ҳамраъйӣ даъват мекунад.
Умедворам, ки кӯшишҳои якҷояамон минбаъд низ ба манфиати халқҳоямон, ҳифзи арзишҳои воло ва анъанаҳои Наврӯз дар роҳи рушди дӯстӣ ва ҳамкорӣ густариш ва таҳким меёбанд.
Дар ин рӯзҳои идона ба Шумо саломатии бардавом, хушбахтӣ, дар корҳоятон муваффақият ва ба мардуми дӯсти тоҷик сулҳу бурдборӣ таманно дорам».


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 20.03.2017    №: 60    Мутолиа карданд: 517

18.03.2019


ГРАНД СЛЕМИ ЕКАТЕРИНБУРГ. Беҳрӯз мақоми сеюмро гирифт

Tesla дар Қазоқистон нуқтаҳои нерудиҳӣ месозад

Аз фурӯравии биноҳо дар Чин 10 нафар ҷон бохт

Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё дар фикри бунёди биржаи меҳнат шуд

Сиёсатмадори олмонӣ лағви таҳримоти зиддирусиро зарур мешуморад

Ҷаҳон дар як сатр

13.03.2019


Парвиз Давлатзода бо Чэн Гуопин вохӯрд

Имконияти таҳсил дар ДДУК тавсеа меёбад

Маҷмааи меъмории рамзи «Истиқлолият ва Озодӣ» интихоб гардид

06.03.2019


Назорати фаъолияти ширкатҳои букмекирӣ пурзӯр мешавад

Бунёди маҷмааи корхонаҳои нассоҷӣ дар назар аст

Форуми якуми иттилоотонии ҷомеаи шаҳрвандӣ баргузор мегардад

ҶОМИ "ФФТ" "Истиқлол" бори панҷум онро соҳиб шуд

Варзишгарони тоҷик 5 медал ба даст оварданд

Ҷаҳон дар як сатр

Нилуфар Рофиева дар озмуни нозанинҳои Россия ғолиб омад

Лондон муносибаташро бо Москва ба эътидол овардан мехоҳад

Покистон ба гуфтушунид бо Ҳиндустон шурӯъ мекунад

Андешаи Лукашенко оид ба яхи обнашудаи муносибот бо Иттиҳоди Аврупо

Соли 2019 ду ҷоизаи Нобел дар соҳаи адабиёт супурда мешавад

05.03.2019


СУҒД. Авлавият ба кишти картошка

04.03.2019


Хуҷанд ба даҳгонаи шаҳрҳои беҳтарини сайёҳӣ ворид гардид

Сертификати армуғони сайёҳӣ таъсис ёфт

ҶОМИ "ФФТ". "Истиқлол" ва "Кӯктош" дар финал

Осиёи Марказӣ. Камтарин теъдоди маҳбусон дар Тоҷикистон аст

Москва ва Вашингтон нархи раводидро арзон карданд

Қазоқистон ба воридоти меваю сабзавоти Қирғизистон роҳ мекушояд

Лавров: «Вазъият дар Сурия ба эътидол омад»

Ҳалокати 29 нафар аз обхезӣ дар ҷануби Афғонистон

Ҷаҳон дар як сатр

01.03.2019


ФУТБОЛ. «Хуҷанд» бо «Аҳал» мубориза мебарад

Бори нахуст дар таърих якбора ду зан ба кайҳони кушод мебароянд

Пекин дар фикри эъмори Девори бузурги чинӣ шуд

Испания солимтарин кишвари дунё эътироф гардид


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед