logo

фарҳанг

БОЗИҲОИ НАВРӮЗӢ. АЗ НИЁГОН ТО МО

Агар ба таърихи Наврӯзи бостон нигарем, баргузории зӯрозмоиҳои варзишӣ ба он шукӯҳу шаҳомати тоза бахшида, ҷузъе аз фарҳанги тамаддуни қадимаамон маҳсуб мегардад. Ва он то ба имрӯз дар Наврӯз мақоми хоса, таровату зебоии хешро ҳифз намудааст.
Гӯштигирӣ, бандкашӣ, пойга, пойга бо асп, бузкашӣ, дастхобонӣ, гурзандозӣ, илиқарибозӣ, зугирӣ, хурӯсҷангу сагҷанг дар рӯзҳои Наврӯз аз замонҳои қадим ба ҳукми анъана даромада буд.
Алҳол аз ин миён дар кишвари мо ва дигар кишварҳое, ки Наврӯзро таҷлил менамоянд, намуди гӯштигирӣ нуфузи беандоза дорад. Гӯштиҳои ин кишварҳо аз ҳам тафовут доранд. Вале, бояд гуфт, ки гӯштии миллии мо бо усулҳои ҷолибу диданиаш тамошобобтар аст. Он бештар ба дзюдо монанд аст. Дар дзюдо тамоми усулҳои гӯштии миллии мо мавҷуданд ва фарқ танҳо дар он аст, ки ҳангоми ба замин афтондани ҳариф дар дзюдо зӯрозмоӣ идома меёбад. Дар гӯштии миллӣ бошад, рост истода зӯрсанҷӣ намудан шарти асосӣ ва аз камар поён доштан манъ мебошад. Ғайр аз гӯштии миллӣ дар кишвари мо гӯштии кураш низ вуҷуд дорад ва он аслан дар миёни мардуми манотиқи шимоли мамлакат бештар роиҷ аст. Кураш, инчунин дар Ӯзбекистон, Қазоқистон, Туркманистон маъруф аст. Дар кураши қадим ҳарифон аз камари худ дошта, бо зӯри даст ва бозу ба мағлуб кардани якдигар мепардохтанд.
Вале, баъдтар дар ин намуди гӯштӣ усулҳои зебои гӯштии миллии моро ворид карда, онро ҷаҳонӣ намуданд.
Монанд ба гӯштии миллии тоҷиконро дар манотиқи шимоли Афғонистону Эрон низ дидан мумкин аст.
Дар Эрон, бахусус, дар музофоти Мозандарон ва Хуросон гӯштӣ бо номи паҳлавонӣ маъруф аст ва вожаи кӯштӣ, кӯштигирӣ истифода мегардад. Намуди кӯштии паҳлавонӣ ба гӯштии тарзи озод ва Юнону Румӣ бештар наздикӣ дорад. Ба ин хотир, паҳлавонони эронӣ аз рӯи намудҳои мазкур дар дунё шуҳрат доранд.
Дар музофотҳои номбурдаи Эрон дар ҷашни Наврӯз дар саҳрои васеъ зӯрозмоиҳои паҳлавонӣ доир мегарданд ва мардуми зиёд ба тамошо меояд ва ба таври хайрия аз ҷониби ҳукуматдорону соҳибкорон хӯроки яквақтаи ройгон дода мешавад.
Хуллас, мусобиқаҳои варзишӣ, бавижа гӯштигирӣ ба ҳусни Наврӯз ҳусни тоза мебахшанд.
Раҷабалӣ ИСМАТУЛЛОЕВ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 21.03.2017    №: 61    Мутолиа карданд: 371

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед