logo

фарҳанг

ҶАШНИ ОФАРИНИШ

Дар ойинҳо, боварҳо ва асотири ҳамаи халқҳои ҷаҳон мавзӯи оғоз ва тартиби офариниши ҷаҳони ҳастӣ ва инсон ба гунае ҷой дорад ва як унсури муҳими таъйинкунандаи сатҳи маърифат ва ҷаҳонбинии ин халқҳо мебошад. Ин навъ  асотир ҳатто дар миёни халқҳое, ки то замонҳои наздик танҳо дорои фарҳанги ғайрикатбӣ будаанд, ба сурати бисёр сода ва шабеҳ ба афсона зуҳур менамояд.
Вуҷуди чунин ривоёт дар миёни мардумони дорои фарҳанги бисёр сода ва танҳо дар ҳадди фолклорӣ нишондиҳандаи он аст, ки башар зотан ва сириштан ниёз ба таърифе ва таъбире аз чигунагии оғози офариниш дорад, то фалсафаи ҳастии худро бар мабнои он бигузорад.
Аммо ривоятҳо дар хусуси оғоз ва ҷараёни офариниш дар фарҳанги ориёӣ аз як сӯ ба китобҳои осмонӣ ва аз сӯи дигар ба дониш ва ақлу мантиқ мутобиқат дорад, ки таърифҳо ва таъбирҳои гуногунеро аз ин ҷараён дар шоҳасарҳои адабиёти классикии худ ҳам мушоҳида менамоем. Аз ҷумла, дар ибтидои “Шоҳнома”-и безаволи ҳаким Фирдавсӣ ва “Маснавии маънавӣ”-и Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ. Мавлоно ҷараёни таквинии хилқати инсонро дар “Маснавӣ” чунин баён менамояд:
Аз ҷамодӣ мурдаму номӣ шудам
В-аз нумо мурдам, ба ҳайвон барзадам.
Мурдам аз ҳайвониву одам шудам,
Пас чи тарсам, ки зи мурдан кам шудам?
Ҳамлаи дигар – бимирам аз башар,
То барорам аз малоик парру сар
В-аз малак ҳам боядам ҷастан зи ҷӯ,
“Кулли шайин ҳолик илло ваҷҳиҳу”.
Бори дигар аз малак қурбон шавам,
Он чи андар ваҳм н-ояд, он шавам.

Натиҷаи ниҳоии ин навъ нигаришҳо дар бораи офариниш чи дар фарҳанги бостонӣ ва чи асримиёнагии тоҷик ба ҳамон мартабаи волотарини инсон дар ин низом бармегардад ва мақоми инсон он гуна ки аз ин пораи “Маснавӣ” маълум аст, аз фариштагон низ бартар дониста мешавад, балки мавҷуде шумурда мешавад, ки дар ниҳояти камоли худ “болотар аз ҳар пиндорест”.
Мувофиқи иттилооте, ки дар “Фарҳанги асотир ва достонвораҳо дар адабиёти форсӣ” оварда шудааст, силсилаи офариниш дар боварҳои қадими ориёӣ дар “Гоҳанбор” ба сурати муназзам ва давра ба давра зикр гардида, ки аз бисёр ҷиҳат мазмуни он бо мазмуни китобҳои муқаддаси ҷаҳонӣ мутобиқат менамояд.
Марҳалаҳои офариниши олами ҳастӣ дар “Гоҳанбор”  ба шаш давра бахш мешавад, ки дар поёни ҳар яке аз ин шаш давра панҷ рӯзи осоишу ҷашн дар назар гирифта шуда ва ин шаш давра ҳамроҳ бо рӯзҳои ҷашну ид як соли комилро ташкил медиҳад.
Дар гоҳи аввал аз гоҳанбор дар рӯзи чиҳилумини соли офариниш осмон офарида шуда панҷ рӯз баъди он ид аст ва охири ин давра ба понздаҳуми моҳи урдибиҳишт рост меояд.
Дар гоҳи дувум об офарида мешавад ва ин марҳала ё гоҳ бо панҷ рӯзи ҷашнҳои он яксаду панҷумин рӯз (понздаҳи тир) аст.
Дар гоҳи савум замин, гоҳи чаҳорум гиёҳон, гоҳи панҷум ҷонварон ва ниҳоят дар шашумин гоҳ, ки бо панҷ рӯзи ҷашнҳои он сесаду шасту панҷумин рӯз (охири исфандмоҳ) мешавад, инсон ба олами ҳастӣ меояд.
Баъд аз он рӯзи нахусти фарвардинмоҳ меояд, ки нахустин рӯзи он ҷашни Наврӯз аст ва ин ҷашн, ки ҳамчунин чанд рӯз идома меёбад, ҷашни поён ва хулосаи офариниш ва дар ниҳоят ҷашни таҷлили азамат ва каромати ба қавли ҳаким Хайём “мақсуд зи ҷумла офариниш”, - яъне Инсон мебошад.

Таърихи ҷашни Наврӯзро баъзе аз муаррихон ва ровиён ба замони Ҷамшед ва баъзе ба замони Каюмарс, ки тибқи “Авасто” нахустин инсон ва тибқи “Шоҳнома” нахустин шоҳ буд, мерасонанд. Дар маҷмӯъ ба иқрори ҳамагӣ, таърихи Наврӯз қадимтар аз он аст, ки замоне барои он битавон тасаввур кард ё қарор дод.  

Устурашиноси маъруфи фаронсавӣ Ролан Барт муътақид аст, миёни пиндорҳои асотирӣ ва ҳақиқатҳои илмӣ чунон садди маҳкаме вуҷуд надорад, ки ин ду бахши фарҳанги башариро комилан аз якдигар ҷудо тасаввур бикунем. Ба эътиқоди ӯ, илм ҳам асотирӣ, яъне дар марҳалае шартист, вагарна ҳеҷ як ҳақиқати илмӣ аз озмоиш ба сурати мутлақ ҳақиқӣ берун намеояд ва шак ҳамроҳи ҳамешагии ёфтаҳои илмӣ боқӣ мемонад. Бино бар ин, барои мо ногузир аст, ки дар марҳалае аҳкоми илмиро чун барномаи амал бипазирем ва ба ҳақиқати он бовар ва бо он амал бикунем, агарчи баррасии ин аҳкомро ба сурати беохир метавон идома дод.
Аммо ҷанбаи табиӣ ва илмии Наврӯз бисёр барҷаста ва мустаҳкам аст. Ҳатто агар аз дидгоҳи мантиқ низ ба ҳамин ривоятҳои “Гоҳанбор” назар карда шавад, маълум мегардад, ки ин марҳалаҳо аз назари сабабият ва вобастагии мутаносиб мантиқӣ тавсиф шудаанд: осмон – об – замин – гиёҳон – ҷонварон – инсон.
Гузашта аз ин, фаро расидани Наврӯз ба дақиқии “гоҳ” (он) – воҳиди замонии камтар аз сония таъйин карда мешавад ва ин замонест, ки офтоб дар сайри офоқии худ дар бурҷи Ҳамал аз хати устуво гузашта, ба шимол майл менамояд ва эътидоли комили баҳорӣ фаро мерасад. Ин эътидол аз назари табиӣ ва физикӣ дараҷаи комили таносуб ва аз назари маънавӣ ҳамон адолатест, ки ҳамеша қуллаи ормони башарро ташкил додааст. Ин таносуб, эътидол ва адл шарти аслии вуҷуди инсон ва ба камоли табииву маънавӣ расидани он мебошад. Ривояти машҳур дар бораи мубоҳисаи Ибни Сино бо як кишоварз ва зоҳир шудани дониши ин деҳқон дар бораи эътидоле, ки дар бурҷи Бара (Ҳамал) ҳосил мегардад, аз он гувоҳӣ медиҳад, ки ин донишҳои ситорашиносӣ ва кайҳоншиносӣ, ки мабнои шинохти Наврӯзро ташкил медиҳанд, донишҳои фарогир ва барои мардуми заҳматкаш дастрас буда, онҳо корҳои мавсимии худро бо ҳамин донишҳои дақиқ сомон медодаанд. Ҳамин дақиқии ҳисоби корҳои кишту варз аст, ки деҳқонон мегӯянд, вақти тухм пошидан аз пайи ҷуфти гов он дони тухмие, ки зудтар аз дони дигари ҳамон мушт рӯйи хок меафтад, зудтар неш мезанад. Яъне ин ҳисоби замонӣ хеле камтар аз фосилаи як сонияро дар назар дорад.
Ба ҷуз корҳои деҳқонӣ ҳама шуғлҳои дигар ва ҳамчунин, суннатҳои мардумии тоҷикӣ заминаи мустаҳками илмии ситорашиносӣ (астрономию астрологӣ) ва табиӣ доштаанд.
Дар суханронии наврӯзии соли гузаштаи Пешвои миллат, Президенти мамлакат  Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумла омадааст: “Бояд гуфт, ки ҳар ҷашну маросим ҳикмат ва баракате дорад. Хусусан Наврӯз, ки маҷмӯае аз андӯхтаҳои ҳакимонаи халқу миллатҳои куҳанбунёд мебошад, ҷашнест, ки зиндагиву рӯшноӣ, некиву накукорӣ, сулҳу созандагиро меситояд ва мақоми инсонро азизу гиромӣ медорад.”
Ҳамин ду ҷиҳати муҳимтарини ин ҷашн, яъне ҳакимона ва инсонмеҳвар будани Наврӯз боиси иқболи густардаи ҷаҳонии он гардид.
Давлат ва миллати тоҷик сол то сол аз фарҳанг ва ҳикмати Наврӯз истифодаи муассиртар менамоянд, ҳамчунин, Тоҷикистонро чун хостгоҳ ва маъвои фарҳанги Наврӯз беҳтар муаррифӣ намуда, аз тадбирҳои наврӯзӣ барои беҳбуди робитаҳои сиёсӣ, фарҳангӣ ва илмии инсонпарварона баҳрагирӣ мекунанд.
Рустам ВАҲҲОБЗОДА


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 21.03.2017    №: 61    Мутолиа карданд: 435

12.06.2019


ХУҶАНД. "Зирвеко" ба фаъолият мепардозад

Муаррифии асари Си Ҷинпин «Дар бораи идоракунии давлатӣ»

Баргузории конфронси сайёҳӣ дар Рашт

Масоили низоми бонкӣ матраҳ гардид

Дар Чин аз обхезии тобистона 6,75 миллион нафар зарар дид

Дар Ӯзбекистон рӯйхати идҳои касбиро Рӯзи китобдор афзуд

Дар Ҷопон ба солхӯрдаҳо шаҳодатномаи вижаи ронандагӣ медиҳанд

Сокини Британия дар лотерея Ј123 миллион бурд намуд

Ҷаҳон дар як сатр

11.06.2019


Песков: «Путин ба Тоҷикистон ва Қирғизистон сафар мекунад»

Иштироки роҳбарони 11 кишвар дар ҳамоиши Бишкек

Президенти Қазоқистон аз хусуси роҳҳои ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ ҳарф зад

Ҷаҳон дар як сатр

ФАРХОР. Бонувон ба ҳунаромӯзӣ ҳавасманд мешаванд

"Куллиёт" - и Миробид Саййидои Насафӣ

04.06.2019


Лукашенко: "Эмомалӣ Раҳмонро оммаи мардум интизор аст"

Бунёдкорони роботтехникаи Россия ва Чин дар Владивосток ҷамъ омаданд

Ҷаҳон дар як сатр

Машварати сиёсии вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Белгия

Муаррифии портали хизматрасониҳои электронӣ барои андозсупорандагон

Дар ноҳияи Рашт конфронси минтақавӣ баргузор мегардад

ФУТБОЛ. Ду бозии рафиқона бо мунтахаби Ӯзбекистон

03.06.2019


Дар Тоҷикистон баландтарин афзоиши теъдоди сайёҳон ба қайд гирифта шуд

Гармои тоқатфарсо дар Ҳиндустон

Тасдиқи барнома оид ба бозомӯзии касбии кормандони соҳаи маориф

Иди саиди Фитр 5 июн таҷлил мешавад

Форуми байналмилалии сармоягузории «Кӯлоб – 2019» баргузор мегардад

Ёқубҷон Абдуманнонзода - соҳиби дипломи озмуни «Килки тиллоӣ»

Ҷаҳон дар як сатр

29.05.2019


Путин бо нахустпрезиденти Қазоқистон вохӯрд

Раиси Шӯрои Аврупо Доналд Туск ба Тоҷикистон меояд

Мусофири ҳавопаймо аз фурӯбарии 1,5 кг кокаин ба ҳалокат расид

Ҷаҳон дар як сатр

28.05.2019


Дар Қазоқистон ба бунёди ширкатҳои давлатӣ мораторий ҷорӣ карданд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед