logo

фарҳанг

ҶИЛВАИ ЧАКАН

Наврӯз дар баробари он ки моро ба гузаштагон, ниёгонамон рӯҳану маънаван мепайвандад, ҳамзамон ба василаи ҳунар низ ёдовари таърихамон мегардад. Таърихе, ки ба он метавон ифтихор кард.
Наврӯз, дар зеҳну тафаккуру дили мо ҷойгоҳи махсус дорад.
Наврӯз моро ҳидоят мекунад, ки ба шинохти асли худ бори дигар рӯ биёрем ва ҳар замон нав шуданҳои дунёро бубинем.
Наврӯз дар либосу кулоҳҳои мо ҷилваи тозаи худро бозгӯ мекунад.
Расм буд ва он ҳафтод пушт, балки беш аз он идома дошт, ки куртаву тоқии чакан бидӯзанд. Не, танҳо ба ин қаноат наварзиданд, балки он ба рӯмоли миёну дастрӯмол, дастор низ роҳ ёфт.
Ин ҳама ҳунар зебоиро, покизагиро, табиати рангини моро ба навъе васф менамуд ва муҳаббатро меафзуд.
Инсон, воқеан, бо ҳар шакл бо табиат иртибот мегирад, иртиботе ногусастанӣ.
Мо акси табиати зебо, таърихи қадимии худро дар ин офаридаҳои ҳунарӣ мебинем. Офтоб ҳамон гуна бо гулҳои бас зебо хандон аст ва башорати рӯзгори пурсаодатро медиҳад.
- Наврӯз аз ҷашнҳои миллӣ ва мардумии мо аст. Мо онро бо муҳаббату садоқати зиёд таҷлил мекунем. Сол нав мешавад, табиат эҳё мегардад. Асари ин ҳама дидаҳову шунидаҳо ба ҳунарамон бо ҳамон меҳри бепоёнаш роҳ меёбад. Наслҳо дар рӯҳияи наврӯзӣ тарбият меёбанд, - мегӯяд Момагул Исматова, сокини деҳаи Дараи Оби Ҷамоати деҳоти Доғистони ноҳияи Шамсиддини Шоҳин, - ва меафзояд, ки маҳз ба василаи Наврӯзи хуҷастапай ба шинохти зебоӣ ва дарёфти маънои рамзу ишораҳои ҳунарҳои миллию мардумӣ роҳ ёфтам. Агарчи пештар ҳам куртаву тоқии чакан медӯхтам ва ин ҳунар дар хонадони мо пушт ба пушт роиҷ буд, аммо аз соли 1991 зарур шумурдам, ки барои дигарон низ бидӯзем. Ин даҳ сол идома ёфт. Пас аз он коргоҳи дӯзандагӣ бунёд намудам. Дар он, инчунин ҳунари дӯзандагиро омӯзондем, нозукию асрори онро фаҳмондему равшан сохтем. Алҳол ин коргоҳ шуҳрат дорад. Ба он муштариёни зиёд муроҷиат мекунанд. Махсусан дар ин рӯзҳои наврӯзӣ кору ташвишамон ба маънои мусбаташ, албатта, хеле зиёд аст. Ба ростӣ, мо аз ин ифтихор ҳам мекунем. Куртаву тоқиҳои чакан, сӯзанӣ, гулдӯзиҳо, чодар, дастрӯмол, рӯмоли миёнро на танҳо барои худ хостор мешаванд, балки онҳо ҳама намоишгоҳҳоро зебу зинати хоса мебахшанд. Дар замони истиқлол чакан мазмуну муҳтавои тоза касб кард ва густариш ёфт. Бисёр  рамзист  ва ҳам ин хуб аст, ки тасвири Парчаму Нишони мо ба ин асарҳои ҳунарии қадимӣ роҳ ёфтаанд. Ин, бешак, дар боло бурдани ифтихори миллӣ, дӯстдории Ватану сарзамини аҷдодӣ мусоидат мекунад.
Сарвиноз ШОДМОНОВА, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 21.03.2017    №: 61    Мутолиа карданд: 390

25.09.2018


Тавсеаи равобити байнипарлумонии Тоҷикистону Корея

Баргузории ҷамъомад оид ба пешгирии ҷинояткорӣ

Анҷоми марҳилаи якуми амалиёти «Кӯкнор-2018»

Гутерриш ба муборизаи фаъолтар алайҳи маводи мухаддир даъват сохт

Теъдоди қурбониёни садамаи киштӣ дар Танзания ба 225 нафар расид

Сеул барои дучандсозии теъдоди сайёҳон $640 миллион харҷ карданист

Фаронса қатораи дуошёнаи тезгард месозад

Ҷаҳон дар як сатр

Ҷом насиби кӣ мешавад?

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед