logo

фарҳанг

НАВРӮЗ МО ВА ТАБИАТ

Муҳити зист (экология) яке аз рукнҳои асосии табиат ва муносибати инсон бо он мебошад. Худи табиат бо тамоми муносибаташ ба кайҳон ва дороии фавқониву таҳтониаш ба танҳоӣ манобеи табиӣ буда наметавонад, то он замоне ки инсон онро барои истифодаи худ мавриди ниёзи башар қарор бидиҳад.
Маҳз инсон, ки ба воқеият аз диди ҷуғрофӣ ба табиат менигарад, зарурати ин ё он дороии табиатро дар муҳити зисти худаш муайяну мушаххас менамояд. Бахши ҳаётии авлоди башар дар истифодаи абзорҳои баҳрабардорӣ аз умури кайҳонӣ ё манобеи заминӣ нест, балки рӯҳия халлоқияти тафаккури инсон мебошад.
Бинобар он, дар муҳити зист омили асосӣ муносибати тавозун ва ҳамоҳанги инсон бо қонуну қоидаҳои табиӣ, риояти низоми табиат шарти зарурӣ мебошад, ки дар ҷараёни он таодули муносибатҳои тарафайн ба амал бароварда мешавад. Ба ҳамин сабаб метавон гуфт, ки на нажоду миллат, на маҳорат, балки рӯҳияи инсон ба маънои маҳдуди калима ва рӯҳияи авлоди башар ба маънои васеи калима дар вокунишу бархӯрд бо табиат нақши калидӣ, асосӣ ва ҳалкунанда дорад.
Таърихи ин масъала, воқеан дарсест, ки бо номи низоми табиат машҳур аст ва дар тӯли асрҳои зиёд, шояд ҳам аз аввали гузариши инсон аз амали сайду шикор ба ҳаёти муқимию соҳилнишинӣ аз тамаддунҳои гуногуни аҳди қадим сар карда, бо садҳо забонҳои мухталифу таъбироти зарифу амиқ ёдовар шудааст. Мо қадимати Наврӯзро аз он сабаб варои устураи Ҷамшед арзёбӣ намуда, ҷашни Наврӯзро то замони Ҷамшед яке аз ҷашнҳои муътабари ниёгони ориёӣ  мешуморем, ки дар он муносибати инсони оқил бо табиат аз ҳамон давраи гузариши   Homo sapiens ба ҳаёти муқимӣ шурӯъ шуда, ҷашнҳои ба истилоҳи имрӯза миллӣ ва суннатии сол ташаккул ёфта буданд.
Наврӯз, бешубҳа, ба табиат ба маънои томи ин калима вобаста аст. Хони наврӯзие,  ки ба унвони «Ҳафтсин» дар ҷашнҳои наврӯзӣ чӣ дар аҳди қадиму асрҳои миёна ва чӣ дар давраи муосир дар мамолики шарқи ҳавзаи Наврӯз ороста мешавад, намоди муносибати ҷисмонию маънавии инсон ба табиат барои ба амал баровардани ризқу рӯзии мардум ва боздиҳии самараи меҳнати инсон тавассути табиат ҳамчун манбаи ғизоӣ мебошад.
Муҳаққиқони тоҷик низ масъалаҳои марбут ба муҳити зистро мавриди таҳқиқ қарор додаанд. Онҳо ба анъанаи тадбирҳои қабл аз наврӯзӣ аҳамият дода, чорабиниҳои экологии онро иборат аз тоза кардани соҳили дарёву рӯдҳо, каналҳои обёрӣ ва ҷӯйборҳо дар деҳу шаҳру кишвар, тоза кардани лавозимоти хонавода ва манзилҳо, тоза ва сафед кардани деворҳо, буридани дарахтон ва нигоҳубини решаҳои онҳо ва ғайраро ба қалам додаанд. Инчунин, пайваста таъкид намудаанд, ки чун покӣ дар Авесто ҳамчун кори хайр тараннум шудааст, бояд бо фаро расидани Наврӯз муҳити хонавода, атроф, дар навбати аввал, поксозӣ гардад, танҳо баъд аз он инсон ба покии ботинӣ бояд бипардозад.
Дар «Готҳо»-и Авесто, ки ин бахшро ба қалами худи Зардушт нисбат медиҳанд, чунин омада: «Эй Маздо, манам он касе, ки кишоварзонро аз газанду осеби девистон нигаҳбон хоҳам буд…, киштзорҳоро аз офату ноамнии вуҳуш нигаҳдор бошам». «Ононе, ки эй Маздо, ин заминро хор медоранд, ки бар ту ва он пайравони оин басе гиромист, аз гурӯҳи зиёнкорон аст». «Эй Аҳуро, неруямонро фузун кун, то аз замини муқаддас нек баҳра тавонем бурд, покманишу ростӣ ва дурустиро фаророҳамон қарор деҳ, то дар партави онҳо аз анворат ҳарчи бештар баҳра бардорем».
Дар адабиёти паҳлавӣ омада, ки вақте Зардуштро пурсиданд, ки беҳтарин ҷои замин куҷост,  ӯ посух дода, ки «хуштарин замин ҷоест, ки касе бештарин ғалла ва гиёҳу дарахтони мевадор бикорад, дар замини хушк об падид кунад, бештар парвариш ёфта, бештар зоду валад намояд, ҷое, ки сутурон дар он замин бештар бошанд.» Ҳамчунин, дар паёмҳои Зардушт омадааст, ки касе кори киштукору  зироат намедонад, заминро шухм зада наметавонад ва аз кишоварзӣ бехабар аст, яқин бояд бидонад, ки рӯзе ба дари бегонагон ба суроғи нон хоҳад рафт ва муҳтоҷи бозмондаи хони дигарон хоҳад шуд.
Бояд биниши нави бунёдӣ ба муносибати инсон ба табиатро ба роҳ монд, ки ҳамоҳангии комил ва таодули муносибатҳои тарафайнро бо таваҷҷуҳ ба дастовардҳои илмҳои муосир барои ҳамеша нигоҳ дорад. Як диди тозаи ҷаҳонӣ дар бораи бархӯрди инсон бо табиат ва кайҳон бояд эҷод шавад, ки он тамоми мушкилиҳои равияву ҷараён ва муносибатҳои гуногун ба табиатро аз рӯи усули ахлоқию маънавӣ ва илмию муносибати оқилона ҳаллу фасл намояд.  
Дар шароити ҷаҳонишавӣ ва таҳаввулоте, ки дар охири асри 20 ва ибтидои асри 21 дар як қатор давлатҳои Осиёву Урупо ба вуқӯъ пайваст, дидгоҳҳои роиҷро дар заминаи назми ҷаҳонӣ ба куллӣ тағйир дод ва имрӯз нигариши тозатар ва густардатар роҷеъ ба «сиёсати ҷаҳонӣ» бояд баргузид, зеро раванди таҷаддуд (модернизатсия)-и ҷомеаи ҷаҳонӣ хеле аз ҷанбаҳои худро дар арсаи сиёсат ва равобити байналмилалӣ ба унвони меъёрҳои стандартии тамаддун муаррифӣ шудааст. Боиси хурсандӣ ва ифтихор аст, ки на ҷанбае аз маданияти моддӣ, балки яке аз унсурҳои маданияти маънавии халқҳои эронитабор - иди шодиву сурури ниёгони ориёии мо ҷавобгӯи ҳамон меъёрҳои стандартии байналмилалӣ шуда ва Наврӯз тавассути ЮНЕСКО иди ҷаҳонӣ эълон гашт.
Муҳаммадқул ҲАЗРАТҚУЛОВ,
доктори илмҳои фалсафа, профессор


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 21.03.2017    №: 61    Мутолиа карданд: 433

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад

ЭКСПО дар Шанхай: шартномаҳо ба маблағи қариб $60 миллиард ба тасвиб расиданд

Сӯхтори ҷангал дар Калифорния боиси ҳалокати 25 нафар гашт

Ҷаҳон дар як сатр

ВАХШ. Суратҳисоби бонкӣ барои ятимон

ОЛИМПИАДАИ “GENIUSKIDS – 2018” 35 медали хонандагони тоҷик

САМБО. Хушқадам Хусравов – қаҳрамони ҷаҳон

09.11.2018


Ҳамоишҳои ҷавонон бахшида ба Рӯзи Президент

Баррасии масоили рушди ҳамкориҳо

Мулоқоти Юсуф Раҳмон бо Кристофер Рэй

Таъсиси гурӯҳи корӣ баҳри иҷрои «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе барои давраи то соли 2025»

Давлаталӣ Саид дар Корея

20-умин конфронси расонаҳои Осиёи Марказӣ дар Остона баргузор шуд

«Толибон» рӯйхати иштирокдорони мушовараи Москваро интишор дод

Таърихшиноси фаронсавӣ ба Макрон нақши Россияро дар наҷоти Аврупо хотиррасон кард

Ҷаҳон дар як сатр

"TASHKENT GRAND PRIX" ИШТИРОКИ ПАҲЛАВОНОНИ ТОҶИК ДАР ОН

"Истиқлол" бори ҳафтум чемпиони Тоҷикистон шуд!

08.11.2018


ШАҲРИСТОН. Бунёди 68 иншооти нав

ГУЛИСТОН. Бунёди майдони Парчами давлатӣ ва навсозии кӯдакистони “Дилноз”

Вусъати созандагӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

ХУҶАНД. Ифтитоҳи маҷмааи фитнеси занона

НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ. Муассисаҳои таълимӣ ба фасли сармо омодаанд

“АРБОБОНИ ИЛМИ ТОҶИК”

Бо хоҳиши Макрон вохӯрии муфассали Путин ва Трамп баргузор намешавад

Толибон нияти иштирок дар музокироти сулҳи Москваро доранд

Дар 40 соли ислоҳот савдои берунаи Чин 670 маротиба афзуд

Деҳлӣ ҳавои ифлосро бо борони сунъӣ тоза карданист

Ҷаҳон дар як сатр

МАРҲИЛАИ ИНТИХОБИИ ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ – 2020. Ҳарифони мунтахаби Тоҷикистон (U-23) муайян шуданд

07.11.2018


Маҷлиси тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия

Мулоқоти Рамазон Раҳимзода бо Абдулазиз ибни Сауд

Пулҳои миллӣ бо такмили унсурҳои ҳимоя


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед