logo

иҷтимоиёт

ВАҲДАТ - РАМЗИ БАҚОИ МИЛЛАТ

Имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, ки 20 сол муқаддам дар заминаи талошҳои хастанопазири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имконпазир шуд, дар таърихи давлатдории навини тоҷикон марҳалаи воқеан наву пурнишотро истеҳком бахшид.
Имзои ин санади тақдирсоз буҳрони сиёсӣ, иҷтимоиву низомиро дар мамлакат хотима дода, ба рушди бемайлони соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ асос гузошт. Ин аст, ки таҳлилгарону ҷомеашиносон зимни бозшумории дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ ба марҳилаи баъд аз истиқрори сулҳ дар кишвар авлавият медиҳанд, ки далели раднопазири таърихист. Аз ин рӯ, бо гузашти наздик ба 20 сол аз имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ арзиши ваҳдат дар ҳаёти мо ҷойгоҳи шоистатар касб менамояд. Зеро маҳз ҳамин рӯйдоди таърихӣ мардуми тоҷикро аз хатари парокандагӣ наҷот дода, ба қаламрави саодат раҳнамун кард.
27 июни соли 1997 оғози марҳалаи худсозие буд, ки давра ба давра Тоҷикистонро аз кишвари гирифтори даргириҳои дохилӣ ба як мамлакати соҳибнуфуз ва Президенти муаззами кишварро ҳамчун Сарвари сулҳофару сиёсатмадори неруманд дар ҷаҳон муаррифӣ намуд. Гузашта аз ин, модел ё таҷрибаи сулҳофарии Тоҷикистон дар ҷаҳон мавриди омӯзиш қарор гирифта, Созмони Милали Муттаҳид онро ҳамчун дастури бурунрафт аз муноқишаҳои дохилӣ ба кишварҳои гуногуни ҷаҳон тавсия додааст.
Ваҳдати миллӣ ҳамчун омили муттаҳидсоз низоми ҷомеаи шаҳрвандиро дар мамлакат таҳким бахшида, арзиши истиқлолият, озодиву демократияро дар замири мардум боло бурд. Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон таъкид карда буданд: ки «Даҳсолаҳо лозим мешавад, то захму ҷароҳатҳои ин фалокат муолиҷа шаванд ва мо ба он мекӯшем, ки дар ҳар хонавода сулҳ ва оромӣ ҳукмфармо бошад». Чунин ҳам шуд ва мо дар фазои комили сулҳу ваҳдат ба сар мебарем. Дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва олии касбӣ озодона таҳсил менамоем. Барои донишандӯзӣ шароитҳои комилан мусоид дорем. Муҳимтар аз ҳама, барои мо, ҷавонон, роҳбарияти олии мамлакат ғамхорӣ зоҳир намуда, ба иштироки фаъолонаи насли ҷавон дар корҳои идориву давлатдорӣ авлавият медиҳанд. Ин ҳама дастгириву ғамхориҳо нисбат ба насли ояндасози кишвар моро бо рӯҳбаландӣ ба фардои дурахшон равона месозанд. Мавҷудияти рӯҳияи ватандӯстӣ ва ваҳдати миллӣ гарави озодиву Истиқлолияти давлатӣ, ободиву амнияти кишвар ва саодату хушбахтии мардуми он мебошад. Аз ин рӯ, рисолати инсониву қарзи шаҳрвандии мо ин аст, ки дар ҳифзи неъмати бебаҳои сулҳу ваҳдат фаъол бошем ва дар ҷавоб ба ғамхориҳои рӯзафзуни давлату Ҳукумат аз худ садоқат ба Ватани хешро нишон диҳем.
Сарвиноз ШОДМОНОВА, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 21.03.2017    №: 61    Мутолиа карданд: 347

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед