logo

иқтисод

КАМОНГАРОН. 430 МЕТР РОҲ АЗ ТАЪМИР БАРОМАД

Дар пойтахти кишвар дар доираи қарори раиси шаҳри Душанбе 150 рӯзи ободонию созандагӣ, ниҳолшинонию кабудизоркунӣ таҳти унвони "Хуррамгардонии Душанбешаҳр - рисолати сокинони пойтахт" бо маром ҷараён дорад. Сабзкории гулгашту хиёбонҳо ва таъмиру азнавсозии кӯчаҳо дар маҳаллаи Камонгарони ноҳияи Сино аз ободкорӣ ва созандагии сокинон дарак медиҳад. Вазъ баъди чопи чанд матлаб дар рӯзномаи «Ҷумҳурият» ва мусоидати доимии кормандони нашрия бобати ин масъала беҳтар гардида, як қисми камбудиҳо, аз ҷумла чароғонсозӣ ва мумфаршкунии роҳҳо, то андозае ҳалли худро ёфта истодаанд. Албатта, баъзе аз кӯчаҳо ҳанӯз ба беҳбудӣ ниёз доранд.
Дар ин бора Файзулло Исмоилов, сардори шуъбаи истеҳсолӣ-техникии Муассисаи давлатии истифодабарии роҳҳои ноҳияи Сино, иброз дошт, ки аз ҷониби муассиса дар давоми соли гузашта 430 метр роҳ дар асоси муроҷиати сокинон аз таъмир баромад. Айни замон таваҷҷуҳи муассиса бештар ба таъмири роҳҳои асосӣ равона шудааст. Аз ин лиҳоз, мутахассисон дар беҳсозии роҳҳои байни хонаҳо сокинони маҳалларо низ бо назардошти ҳисси масъулият, кордонӣ ва аз ҳама муҳим доштани имконияти молиявӣ масъул меҳисобанд. Масалан, иқдоми раиси маҳалла Асрор Тӯраев ва чанд нафар сокинони он ҷиҳати аз байн бурдани мушкили зериобмонии роҳи назди хонаи истиқоматии рақами  91 аз оби борон тавассути азнавсозии ҷӯйбори обгузар маблағи муайянро талаб менамояд. Дар кӯчаи Камонгарони Боло кандани роҳ аз ҷониби сохтмончиён на ба хотири таъмиру азнавсозӣ, балки гузарондани лӯлаи фозилоб сурат гирифт. Бояд тазаккур дод, ки мушкили асосии сокинони маҳалла низ ҳамин аст, яъне набудани нуқтаи пайвастшавии корези фозилоб ба шоҳлӯлаи асосӣ. Ва ҷараёни насби ин нуқта дар маҳалла идомаи корҳои васлкунӣ ба ҳисоб меравад, ки дар доираи он 8 хоҷагӣ пурра бо нуқтаи корези фозилоб таъмин шудаанд. Мутахассисони бар онанд, ки роҳҳои байни хонаҳо дар он вақт комилан таъмир ва азнавсозӣ мешаванд, ки масъалаи насби лӯлаи фозилоб ҳалли худро ёбад. Зеро, дар вақти таъмири роҳ имкони дубора кандани он пеш меояд.
Дар раванди бунёди кӯчаву шаҳрак дар пойтахти кишвар маҳаллаи Камонгарони ноҳияи Сино ҳам дар канор нест ва марҳила ба марҳила барои расидан ба ҳадафи олии давлату Ҳукумат – фароҳам овардани шароит барои зиндагии шоистаи сокинон ва ба меъёрҳои ҷаҳонӣ мутобиқ гардондани шаҳри Душанбе қадамҳои устувор гузошта истодааст.
О. ВАФОБЕКЗОДА,  «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 21.03.2017    №: 61    Мутолиа карданд: 354

16.01.2019


Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар Эрон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Роҳандозии моратории дусола дар Тоҷикистон

Нақшаи Brexit дар парламенти Британия рад карда шуд

Кремл роҳи ҳалли буҳрони Украинаро пешниҳод намуд

Ифтитоҳи онлайн-донишгоҳ барои гурезаҳо дар Италия

15.01.2019


Ҷаласаи ҷамъбастӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Абдулазиз Комилов

Ёдгор Файзов: «Соли 2018 соли таҳкими волоияти қонун дар Бадахшон буд»

ХУҶАНД. 1548 медали варзишгарон дар як сол

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Созишномаи сулҳ – мавзӯи асосии мулоқоти Путин ва Абэ хоҳад шуд

Савдои хориҷии Чин соли 2018 натиҷаи рекордӣ нишон дод

Дар Алмаато гурӯҳи хориҷиёни террорист боздошт шуд

То соли 2024 аҳолии Қирғизистон бо оби ошомиданӣ пурра таъмин мешавад

10.01.2019


Дар Саразм осорхона ва меҳмонхонаи замонавӣ бунёд мешаванд

Вохӯрии Парвиз Давлатзода бо Владимир Норов

Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон

“ГАНҶИ СУХАН” – маҳфили адибпарвар

РӮШОН. Ифтитоҳи маркази дуошёнаи савдо

Муҳаммад Салоҳ – беҳтарин футболбози Африқо

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Самарқанд мизбони нахустмулоқоти «Ҳиндустон – Осиёи Марказӣ»

Баргардондани 47 шаҳрванди Қазоқистон аз Сурия

Остона ба гузарондани Ҳамоиши ҷаҳонии туризми шаҳрӣ омодагӣ мегирад

Дар Беларус бори нахуст ҳукми қатл содир шуд

09.01.2019


Таҷлили 110 - солагии аллома Бобоҷон Ғафуров

GLOBE SOCCER AWARDS. Беҳтаринҳоро муайян кард

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Дар Пекин музокироти тиҷоратии ИМА ва Чин мегузарад

Эрдуғон пирӯзӣ бар террористони «Давлати исломӣ» - ро эълом дошт

Разведкаи Сурия дар ҳафт сол 80 саркардаи исломиро нест кард

Сарвари ҶХД Корея ба Чин бо ташрифи серӯза омад

Танзими нархи дорудар Қазоқистон


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед