logo

фарҳанг

МУЖДА, ЭЙ ҲАМВАТАНОН, СОЛИ НАКУ МЕОЯД

Манзумаи «Наврӯзнома»-и Нақибхон Туғрал аз мероси пурбаҳоест, ки дар асоси донишу таҷриба ва мушоҳидоти деҳқонии гузаштагонамон  чигунагии сол ва обу ҳавою кишту ҳосил аз рӯи дар кадом рӯзи ҳафта омадани Наврӯз муайян карда мешавад.Чунончӣ шоир мефармояд:
Ба расми туҳфа кардам нусхае чанд,
Ба номат аз камоли лутф бинанд.
Ба ҳар соле зи ҷумъа то душанбе,
Қиёсе кун аз он солаш баду беҳ.
Хушбахтона, имсол Наврӯз дар сешанбе фаро расид ва сол аз аввал то охир хеле наку меояд. Сол пурбарфу борон ва ҳосили ғалла фаровон мегардад. Мардум бофароғату осуда буда, беморию марг андак аст:
Агар Наврӯз дар сешанбеҳ ояд,
Яқин он сол сар то сар беҳ ояд.
Шавад он сол пурборону пурбарф,
Ба арзонии ғалла меравад ҳарф.
Халоиқ ҷумлагӣ осуда бошанд,
Ҳама кас дар фароғат буда бошанд.
Шавад мева қалилу ғалла бисёр,
Бувад беморию ғам андак, эй ёр.

Ба гуфтаи шоир, агар Наврӯз дар рӯзи шанбе ояд, он сол пурбарф , вале камборону хушк омада, мева камтар ва дар соли дигар ҳосили ғалла фаровон мешавад.
Омадани Наврӯз  дар якшанбе ба тангии зимистон, баҳори серборон, фаровонии мева ва пур шудани анбор ишора мекунад.
Фарорасии Наврӯз дар рӯзи душанбе ба ҳосили фаровони ғаллаву арзонии он ва гарониаш дар охири сол, ҳамчунин, ба  зимистони хушку сармои сахт далолат мекунад.
Вале омадани Наврӯз дар чоршанбе ба талаф ёфтани ғалла, пасту баландшавии нарх ва беш гардидани марг, хоса бузургон далолат мекунад.
Агар Наврӯз дар панҷшанбе ояд, «Наку сол аст ин» гуфтан нашояд, мегӯяд шоир. Зеро дар он сол ҳосили ғалла каму нархаш гарон, мева бисёр ва зимистон сахт аст.
Фарорасии Наврӯз дар ҷумъа ишора ба фаровонии ҳосили гандум ва камии меваҷот аст.
Муҳимаш он аст, ки Наврӯзи имсола, ба гуфтаи шоири маҳбуб, барои мардуми шарифи мо баракату саодат ва осудагию фароғат меорад.
Мунаввари САФАР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 21.03.2017    №: 61    Мутолиа карданд: 403

20.11.2018


СУҒД. Оғози сохтмони раёсати маориф

ЛЕВАКАНТ. Конфронси илмӣ - назариявӣ ба ифтихори Иҷлосияи XVI

"Парасту" дар Тоҷикобод

Сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ барои машварат дар Тошканд ҷамъ меоянд

Финляндия ҷонибдори ҳузури Россия дар Шӯрои Аврупо

Вазорати маорифи Афғонистон 30 ҳазор занро ба кор мегирад

Баррасии рушди инклюзивии иқтисоди қитъа дар Гвинея Папуаи Нав

Ҷаҳон дар як сатр

АНВАР ЮНУСОВ СОҲИБИ КАМАРБАНДИ WBF

"СОРО КОМПАНИЯ" ҒОЛИБИ ЛИГАИ КАСБИИ ФУТЗАЛИ ТОҶИКИСТОН

19.11.2018


ДЕВАШТИЧ. Авҷи созандагиҳо дар Ҷамоати деҳоти Яхтан

Артиши Сурия охирин истеҳкоми «ДИ» дар ҷануби кишварро зери назорат гирифт

Дар ҳама минтақаҳои Ӯзбекистон «мактаби президентӣ» месозанд

Роҳандозии барномаи махсуси давлатии ипотекӣ барои дӯзандагони Қирғизистон

Киштии зериобии «Сан Хуан» - ро дар уқёнуси Атлантика ёфтанд

Ҷаҳон дар як сатр

Кулишов: «Марзҳои ИДМ бо таҷҳизоти муосир таъмин карда мешаванд»

Дар Тоҷикистон омӯзгори забони англисӣ барои таблиғи «ДИ» 19 сол гирифт

Қазоқистон мубориза бо машруботро сахттар мекунад

Фоидаи туризм ба кадом шаҳри дунё бештар аст?

Ҷаҳон дар як сатр

"ИСТИҚЛОЛ" бори аввал барои Ҷоми чемпионҳои КФО мубориза хоҳад бурд

Омодагии тими миллӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон – 2022

УСМОН ТОШЕВ САРМУРАББИИ НАВИ ДАСТАИ МУНТАХАБ

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед