logo

сиёсат

ТАШРИФИ САРВАРИ ДАВЛАТ БА ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА

Субҳи имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади иштирок дар тантанаҳои бошукӯҳи идонаи Ҷашни байналмилалии Наврӯз ба шаҳри Турсунзода ташриф оварданд.

Имсол чорабиниҳои ҷумҳуриявии ҷашни Наврӯзи фархундапай дар маркази шаҳри Турсунзода сурат гирифта, ба ин хотир маҳалла ва кӯчаву хиёбонҳои шаҳр симои идона дорад.
Дар рӯзи таҷлили бошукӯҳи Наврӯзи ҷаҳонӣ пеш аз оғози чорабиниҳои фарҳангии наврӯзӣ аз тарафи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Турсунзода як қатор иншооти таъйиноти гуногун ифтитоҳ мегардад, зеро созандагию бунёдкорӣ ва ободонӣ аз ойини нек ва хоси ҷашни Наврӯз аст.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар даромадгоҳи шаҳр сокинону фаъолон бо эҳтирому самимияти хоса ба таври бошукӯҳ истиқбол гирифтанд.
Аҳли ҳунар ва хонандагон ба хотири пазироии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барномаи зебову рангинро, ки фазилатҳои неки Наврӯзи бостониро бозгӯй мекард, манзур намуданд.

Шиносоӣ бо фаъолияти гармхонаҳо дар Ҷамоати деҳоти ба номи Турсун Туйчиев
Дар деҳаи Зарбдори Ҷамоати деҳоти Турсун Туйчиеви шаҳри Турсунзода Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолияти як қатор хоҷагиҳои деҳқонӣ, ки ба сабзавоткорӣ машғуланд, шинос шуданд.
Дар ин ҷо Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз гармхонаҳои хоҷагии деҳқонии “Саховат-1” дидан намуда, ба кори кишоварзону саҳмдорон дар самти истифодаи мақсадноку оқилонаи замин ва гирифтани ҳосили дилхоҳи маҳсулоти барвақтӣ баҳои баланд доданд. Сарвари давлат ба меҳнаткашон барои рушди соҳаи афзалиятнок, афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, ғанӣ гардондани бозори истеъмолӣ ва таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти барвақтӣ, бахусус помидор ва бодиринг маслиҳатҳои муфид доданд.
Роҳбари хоҷагии “Саховат - 1” деҳқони ботаҷриба Абдуллоҷон Ҷӯраев гармхонаҳои хоҷагии хешро дар масоҳати 0,50 гектар бунёд кардааст. Дар гармхонаи якуми хоҷагӣ, ки масоҳати умумии он 0,8 гектар ва гармхонаи дуюм 0,12 гектарро ташкил медиҳад, помидори навъи «Белла F-1» парвариш мегардад.  Дар ҳар ду гармхона 5 ҳазору 800 бех ниҳоли помидор нашъунамои хуб дорад. Обдиҳиву ғизодиҳии помидор ва бодиринг, ки асоси даромади ин хоҷагӣ аст, бо усули қатрагӣ ба роҳ монда шудааст. Масоҳати умумии заминҳои корами обии хоҷагии деҳқонии «Саховат-1» 3,1 гектарро ташкил дода, дар баробари парвариши маҳсулот дар гармхонаҳо, ҳамчунин, дар майдони 2 гектар сабзавот, аз ҷумла 1 гектар пиёз, як гектар бодиринг ва 0,60 гектар ғалла кишт шудааст.
 Дар деҳаи Зарбдор Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон,  ҳамчунин, бо фаъолияти меҳнаткашони хоҷагиҳои деҳқонии “Доно”, “Баҳодур” ва “Лочин” шинос шуданд. Ҳамаи саҳмдорони ин хоҷагиҳо низ ба парвариши сабзавоти барвақтӣ - помидору бодиринг, инчунин, ба парвариши дигар сабзавот, аз ҷумла  карам, пиёз, шалғам ва сабзӣ машғул мебошанд.
Дар хоҷагии деҳқонии “Доно” дар масоҳати 0,1 гектар гармхонаҳои бодиринги навъи “Парма” ва дар дигар қитъаҳо беш аз 6 ҳазор бех ниҳоли помидори навъи “Мадина” шинонда шудааст. Аз рӯи маълумоти роҳбари хоҷагӣ Абдусалом Холбеков, аз соли 1996 то имрӯз саҳмдорони хоҷагӣ бо гирифтани ҳосили баланд дар баробари таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулот, содироти онро ба хориҷ ба роҳ монда, даромади хуби иқтисодӣ мегиранд.
Дар ҳамин ҷо Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намоишгоҳи дастовардҳои меҳнаткашон, аз ҷумла анвои гуногуни маҳсулоти кишоварзӣ, аз қабили картошка, пиёз, помидор, бодиринг ва маҳсулоти мевагиро тамошо карданд.
Сокинони меҳнатқарини шаҳри Турсунзода барои ҳамаи дастгириҳо ва талошҳо баҳри беҳтар намудани шароити кору зиндагиашон ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзи сипос карданд.

Кишти пунбадона дар ҶДММ “Агросаноат”
Дар Ҷамоати деҳоти “Регар” Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Агросаноат” ба кишти зериплёнкагии пахта бо усули обмонии қатрагӣ оғоз бахшиданд.
Меҳмони олимақомро дар даромадгоҳи хоҷагии мазкур деҳқонони соҳибтаҷриба ва олимони соҳа гарму самимӣ истиқбол гирифта, бо иштироки  Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кишти пунбадона шурӯъ намуданд. Шумораи умумии коргарони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Агросаноат” 500 нафарро ташкил медиҳад ва он дар ихтиёри худ  869 гектар замини корам дорад. Аз масоҳати умумии майдони кишт 769 гектар замини обӣ, 100 гектар лалмӣ ва бештар аз 2 гектари дигарро боғи интенсивӣ ташкил медиҳад. Самти асосии фаъолияти хоҷагии мазкур истеҳсол, азхудкунӣ, фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ва чорводорӣ мебошад. Дар фермаи ширию гӯштии хоҷагӣ, дар айни замон 437 сар гови хушзоти “Симинтал”, ки аз Олмон оварда шудааст, парвариш меёбад.
Дар ҳамин ҷо ба Сарвари давлат олимони Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон оид ба истифодаи технологияи муосири обёрии қатрагӣ бо найчаҳои полиэтиленӣ дар парвариши пахтаи навъи ватании «Дӯстӣ - ИЗ» маълумот доданд. Ҳосили интизории ин навъи тухмӣ 50 - 55 сентнерро ташкил медиҳад. Иттилоъ дода шуд, ки дастгоҳи обёрии қатрагӣ аз истгоҳи обкашӣ, таҷҳизоти обтозакунӣ, қубурҳои магистралӣ ва тақсимкунанда ва хати қатрадиҳанда иборат мебошад. Кишти пахта бо чунин усул дар шаҳри Турсунзода бори аввал ба роҳ монда мешавад. Афзалияти технологияи инноватсионӣ дар сарфаи об мебошад. Нуриҳои минералӣ ва коркарди байни қаторҳо кам шуда, тавассути чунин усул замин аз шӯршавӣ нигоҳ дошта мешавад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо меҳнаткашони хоҷагӣ суҳбати озоду самимӣ доир карда, ба онҳо барои баҳрабардорӣ аз ҳар ваҷаб замин бо истифода аз обу ҳавои мусоиди фасли баҳор маслиҳатҳои судманд доданд.

Ифтитоҳи биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ бо маркази хизматрасонӣ
Дар кӯчаи Аҳмади Дониши шаҳри Турсунзода Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои 6-ошёнаи истиқоматиро бо маркази хизматрасонӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Иншооти тозабунёд аз 4 қисм иборат буда, бо маблағи 11 миллиону 500 ҳазор сомонӣ аз тарафи соҳибкори маҳаллӣ Абдуқаҳҳор Ғаффоров бунёд гардидааст. Бинои мазкур аз 153 манзили истиқоматии 1, 2 ва 3 ҳуҷрадор иборат буда, масоҳати умумии хонаҳои истиқоматӣ, ки бо тарзи миллии меъморӣ сохта шудааст, 5 ҳазору 750 метри мураббаъро ташкил медиҳад. Корҳои сохтмонии  бино бо маркази хизматрасонӣ дар ошёнаи якуми он соли 2015 оғоз шуда буд. Лоиҳаи бино аз тарафи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «АРХ Строй» тарҳрезӣ гардида, пудратчиён ҷамъиятҳои дорои масъулияти маҳдуди «Капитал АА-2014» ва «Соҳиб Дӯст» мебошанд. Дар рафти корҳои сохтмонӣ то 50 нафар коргарону мутахассисони маҳаллӣ бо ҷойи кори муваққатӣ ва маоши хуб таъмин гардиданд. Саҳни бино ба таври муосир оро ёфта, барои фароғату бозии хурдсолон майдончаи нави варзишӣ ба истифода супурда шуд.
Пас аз мавриди истифода қарор гирифтани иншооти нав дар маркази хизматрасонии он наздики 30 нафар сокинони маҳаллӣ бо шуғли доимӣ таъмин гардиданд. Минбаъд меҳмонону сокинони шаҳр метавонанд дар ин ҷо аз намудҳои гуногуни хизматрасонии ба талаботи замон ҷавобгӯй баҳравар шаванд.
Соҳибкори маҳаллӣ Абдуқаҳҳор Ғаффоров ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дастгирии пайваста ва таъмини шароити мусоид ҷиҳати пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ изҳори сипос намуда, ваъда дод, ки ояндаи наздик дар кӯчаи Аҳмади Дониши шаҳр боз 2 бинои баландошёнаи истиқоматиро бо ҷойгир намудани таваққуфгоҳи зеризаминӣ бунёд мекунад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сохти меъморӣ ва сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, бунёди боз як бинои хуштарҳу замонавиро дар рӯзҳои таҷлили Ҷашни ҷаҳонии Наврӯз туҳфаи арзанда ба сокинони саодатманди шаҳри Турсунзода маънидод карданд.

Иштироки Пешвои миллат дар тантанаҳои идона ба ифтихори Ҷашни ҷаҳонии Наврӯз
Дар шаҳри Турсунзода баъди ифтитоҳи як қатор иншооти таъйиноти гуногун ва шиносоӣ бо рафти корҳои саҳроӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тантанаҳои бошукӯҳи идонаи Ҷашни байналмилалии Наврӯз иштирок ва суханронӣ карданд.
Тантанаҳои асосии таҷлили Наврӯзи ҷаҳонии хуҷастапай дар варзишгоҳи марказии шаҳр баргузор шуда, дар он фаъолони кишвар, намояндагони зиёиёни мамлакат, намояндагони корпуси дипломатӣ ва созмонҳои байналмилалии муқими шаҳри Душанбе, меҳмонон аз кишварҳои хориҷ ва сокинони шаҳри Турсунзода ширкат варзиданд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ нахуст ҳамаи ҳозирин ва дар шахси онҳо кулли мардуми шарафманди Тоҷикистон, инчунин, ҳамватанони бурунмарзиро бо фарорасии Наврӯзи фархундаву оламафрӯз - ҷашни бедории табиат самимона табрику таҳният гуфтанд.
Бино ба таъкиди Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҷашни Наврӯз таърихи бисёр дерина дошта, ойини бедориву хушҳолӣ барои инсоният мебошад. Наврӯз дар давоми таърихи беш аз панҷҳазорсола ва роҳи пуршебу фарози худ мазмуни амиқу васеи иҷтимоӣ ва амалӣ касб намудааст. Бо дарназардошти ҳамаи хусусиятҳои неки инсонпарваронаи ин ҷашни аҷдодӣ пешниҳоди созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби беш аз 190 кишвари аъзои Созмони Милали Муттаҳид пазируфта шуд ва қатъномаи махсуси ин созмони бонуфузи сайёра оид ба додани мақоми байналмилалӣ ба Наврӯз қабул гардид.
Зимни суханронии худ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки таҷлили Ҷашни бостонии Наврӯз дар шаҳри Турсунзода басо рамзӣ мебошад, зеро мардуми куҳанбунёди он дар пойдории асолат, пояҳои таърихиву фарҳангии Наврӯз ва ҳифзу идомаи накутарин анъанаҳои миллӣ саҳми басо арзишманд доранд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо итминон иброз доштанд, ки идомаи суннатҳои неки аҷдодӣ, аз ҷумла корҳои ободонӣ, бунёди боғҳо, покиза кардану ба тартиб овардани манзили зист, оростани кӯчаву хиёбонҳо ва намуди идона бахшидан ба шаҳру деҳот имконияти беҳтарини баланд бардоштани сатҳи маърифати ҷавонон, таблиғи заҳмати созанда ва тарзи зиндагии солим, одобу ахлоқи ҳамида, ҳисси миллӣ ва осоишу пешрафту ободии минбаъдаи кишвари азизамон  мебошад.
Дар охир Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар ҳамаи иштирокчиёни Ҷашни байналмилалии Наврӯз ва кулли мардуми шарафманди Тоҷикистонро бо фарорасии иди ниёгон табрику шодбош гуфтанд.
Баъди суханронии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барномаи бошукӯҳи фарҳангӣ ва намоиши театрикунонидашуда ба ифтихори Наврӯзи оламафрӯз, ки аз ҷониби устодони санъати ҷумҳурӣ ва ҳунармандони шаҳри Турсунзода дар сатҳи баланд таҳия гардида буд, пешкаши меҳмонону иштирокчиёни тантанаҳои идона карда шуд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 21.03.2017    №: 61    Мутолиа карданд: 478

19.11.2018


ДЕВАШТИЧ. Авҷи созандагиҳо дар Ҷамоати деҳоти Яхтан

Артиши Сурия охирин истеҳкоми «ДИ» дар ҷануби кишварро зери назорат гирифт

Дар ҳама минтақаҳои Ӯзбекистон «мактаби президентӣ» месозанд

Роҳандозии барномаи махсуси давлатии ипотекӣ барои дӯзандагони Қирғизистон

Киштии зериобии «Сан Хуан» - ро дар уқёнуси Атлантика ёфтанд

Ҷаҳон дар як сатр

Кулишов: «Марзҳои ИДМ бо таҷҳизоти муосир таъмин карда мешаванд»

Дар Тоҷикистон омӯзгори забони англисӣ барои таблиғи «ДИ» 19 сол гирифт

Қазоқистон мубориза бо машруботро сахттар мекунад

Фоидаи туризм ба кадом шаҳри дунё бештар аст?

Ҷаҳон дар як сатр

"ИСТИҚЛОЛ" бори аввал барои Ҷоми чемпионҳои КФО мубориза хоҳад бурд

Омодагии тими миллӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон – 2022

УСМОН ТОШЕВ САРМУРАББИИ НАВИ ДАСТАИ МУНТАХАБ

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед