logo

туризм

АСЭФП: БА ТАРБИЯИ КАДРҲО АВЛАВИЯТ ДОДА МЕШАВАД

Бадахшон як гӯшаи зебои Тоҷикистон буда, ҷаҳониён бештар онро бо унвони Помир мешиносанд ва ба гуфтаи Сарвари маҳбубамон Эмомалӣ Раҳмон (зимни мулоқот бо роҳбарону фаъолони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, 26 июни соли 2013, шаҳри Хоруғ) «Бо назардошти табиати нотакрор, кӯҳу қуллаҳои осмонбӯс ва мазеъҳои таърихиву фарҳангӣ таваҷҷуҳи ҳазорон сайёҳон ва ҷаҳонгардонро ба худ ҷалб кардааст... Тараққӣ додани сайёҳӣ яке аз самтҳои афзалиятноки рушди иқтисодиёти вилоят ба ҳисоб меравад».
26 июни соли 2016 Пешвои миллат бинои нави замонавии Маркази эҳёи  ҳунарҳои мардумӣ ва рушди туризми вилоятро расман ифтитоҳ бахшида, таъкид доштанд, ки тарбияи кадрҳои соҳаи сайёҳӣ дар марҳилаи  ҳозира муҳим мебошад, зеро он яке аз самтҳои асосӣ ва стратегии иқтисодиёти кишвар ба ҳисоб меравад. Бинобар ин, соҳаи мазкур ба кадрҳои замонавӣ, донишманд ва қобил ниёз дорад.
Вобаста ба ин ва дигар масъалаҳо бо раиси иҷроияи Ассотсиатсияи сайёҳии экологӣ ва фарҳангии Помир (АСЭФП ) Асадшо Зоолшоев ҳамсуҳбат шудем. - Ассотсиатсияи сайёҳию экологӣ ва фарҳангии Помир дар ҳамкорӣ бо Донишгоҳи давлатии Хоруғ мутахассисони соҳаи сайёҳиро  омода месозад.
Мегуфтед, ки дар ин самт чӣ корҳо ба сомон расидаанд?
- Мо бо Донишгоҳи давлатии Хоруғ панҷ сол боз ҳамкорӣ дорем ва тайи ин солҳо мутахассисони зиёди соҳаҳои гуногуни туризм омода гаштанд. Имсол бошад,  10 донишҷӯи факултаи туризм ва хизматрасонӣ дар АСФЭП таҷриба меандӯзанд.
Ҳамчунин, аз соли 2013 то 2016 аз донишгоҳ ризокорон (волонтёрҳо) – донандагони  забони англисӣ фаъолият мекарданд. Соли гузашта ду нафарашон бо ҷои кори мавсимӣ ва як нафар бо ҷои кори доимӣ таъмин шуданд. Ҳамчунин, дар  АСФЭП роҳбаладҳо (гидҳо) низ омода  мегарданд. Дар ин самт моро Барномаи ҷонибдории инкишофи манотиқи кӯҳистони Хазинаи Оғохон ва GIZ (Ҳамкории Олмон) дастгирӣ мекунанд. Бахусус, мушовири соҳаи сайёҳии ташкилоти GIZ Матиас Пойшиел барои ба бозори ҷаҳонӣ пайваст намудани ширкатҳои маҳаллӣ ба мақсади муаррифии Тоҷикистон ҳамчун макони сайёҳӣ ёрӣ мерасонад.

- Барои ташкили бозори туристии муосиру тараққиёфта ва рақобатпазир дар Помир чӣ корҳо анҷом дода мешаванд?
- Бо мақсади омӯхтани таҷрибаи пешрафтаи кишварҳои ҷаҳон дар соҳаи туризм, ба наздикӣ сафари кормандони АСЭФП ва намояндагони ширкатҳои ВМКБ-ро ба Олмон ва Швейтсария ташкил  намудем.
Зимни сафар  онҳо  аз шаҳрҳои Вернигероде, Берлин, Дрезден, Ҳамбург, Сюрих, Штутгарт ва Женева боздид намуда, бо кормандони ширкатҳои ҷаҳонии «Диамир», «Глоба Тротэ» ва BMZ як қатор вохӯриҳо анҷом доданд.
Бояд гуфт, ки ҷаҳонгардӣ дар ин ду кишвар хеле ривоҷу равнақ ёфтааст ва ҳар сол онҳо аз туризми хориҷӣ ва дохилӣ фоидаи зиёд ба даст меоваранд. Рушди сайёҳӣ дар ин кишварҳо зери назари мақомоти давлатӣ қарор дошта, ҳукумат ширкатҳоеро, ки дар ин самт фаъолият мебаранд,  ҳамаҷониба дастгирӣ менамояд. Таҷрибаи дигари хуби ин кишварҳо фаъолияти шӯроҳои сайёҳӣ дар минтақаҳо мебошад, ки аз ҷумлаи кормандони ширкатҳои туристӣ, иқтисоддонҳо, олимон ва рӯзноманигорон таъсис шудаанд. Ин шӯроҳо мунтазам вохӯриҳо гузаронда, пешравию норасоиҳои соҳаи туристӣ дар маҳалро мавриди таҳлилу баррасии амиқ қарор  медиҳанд.
Намояндагони тоҷик дар шаҳрҳои Берлин, Дрезден, Мюнхен, Ҳамбург ва Ашерслебен иқтидори сайёҳии Тоҷикистонро рӯнамоӣ карданд. Эҳсос мегардид, ки шавқмандони дидани кишвари мо дар ин ҷо зиёд аст. Ва зимни сафар ба мо муяссар гашт, ки бо якчанд ширкати туристӣ барои омадани сайёҳон ба Тоҷикистон шартнома бандем.

- Рушди кадом навъҳои сайёҳӣ дар Бадахшон афзалият доранд ва барои он аз ҷониби ассотсиатсия чӣ тадбирҳо андешида мешаванд?
- Дар  Бадахшон иқтидори туризмҳои кӯҳнавардӣ, пиёдагардӣ, фарҳангӣ ва сайёҳати байнисарҳадӣ бузург аст. Ба манзури ин, мо бояд сатҳу сифати хизматрасониро баланд бардошта, доир ба  тараққӣ додани инфрасохтор чораҳои муассир андешем. Ҷиҳати ташкил ва рушди кӯҳнавардӣ, пиёдагардӣ ва самтҳои дигари зикршуда дар шаҳру деҳоти вилоят корҳои зиёде роҳандозӣ гардиданд. Масалан, ба наздикӣ дар водии Аличури ноҳияи Мурғоб як самти нави фаъолият – қутоссаворӣ ба роҳ монда шуд. Вале  ин дар ҷодаи эҳё, ташкил ва рушди самтҳои гуногуни сайёҳӣ охирин нест ва дар оянда нақшаҳои дигар низ амалӣ хоҳанд гашт.

- Баҳри пешрафти бештари соҳа ва шинохти Тоҷикистон ҳамчун кишвари сайёҳӣ чӣ нақшаҳо дар назаранд?
- Беҳтар кардани сифати хизматрасонӣ, ҷалби ҷавонон ба соҳаи сайёҳӣ, вусъат додани рушди туризми дохилӣ, муаррифии имкониятҳои соҳаи сайёҳии ВМКБ ва умуман Тоҷикистон дар дохили кишвар ва берун аз он  ҳадафҳои асосии ассотсиатсия мебошанд. Вале  ин  ҳама, тавре Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид  намуданд, ба дараҷаи омодагии кадрҳои соҳа бештар иртибот дорад. Бинобар  ин, мо ба  тарбияи кадрҳои баландихтисос диққати ҷиддӣ  медиҳем. Ва, албатта, агар имконияти молиявӣ даст диҳад, ба хотири  омӯзиши таҷрибаи мамолики пешрафта сафари гурӯҳҳои дигарро ташкил хоҳем кард.
Раҳмон ГУЛЗОР,
Шаҳноз ҚУРБОН, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 22.03.2017    №: 62    Мутолиа карданд: 2330

18.03.2019


ГРАНД СЛЕМИ ЕКАТЕРИНБУРГ. Беҳрӯз мақоми сеюмро гирифт

Tesla дар Қазоқистон нуқтаҳои нерудиҳӣ месозад

Аз фурӯравии биноҳо дар Чин 10 нафар ҷон бохт

Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё дар фикри бунёди биржаи меҳнат шуд

Сиёсатмадори олмонӣ лағви таҳримоти зиддирусиро зарур мешуморад

Ҷаҳон дар як сатр

13.03.2019


Парвиз Давлатзода бо Чэн Гуопин вохӯрд

Имконияти таҳсил дар ДДУК тавсеа меёбад

Маҷмааи меъмории рамзи «Истиқлолият ва Озодӣ» интихоб гардид

06.03.2019


Назорати фаъолияти ширкатҳои букмекирӣ пурзӯр мешавад

Бунёди маҷмааи корхонаҳои нассоҷӣ дар назар аст

Форуми якуми иттилоотонии ҷомеаи шаҳрвандӣ баргузор мегардад

ҶОМИ "ФФТ" "Истиқлол" бори панҷум онро соҳиб шуд

Варзишгарони тоҷик 5 медал ба даст оварданд

Ҷаҳон дар як сатр

Нилуфар Рофиева дар озмуни нозанинҳои Россия ғолиб омад

Лондон муносибаташро бо Москва ба эътидол овардан мехоҳад

Покистон ба гуфтушунид бо Ҳиндустон шурӯъ мекунад

Андешаи Лукашенко оид ба яхи обнашудаи муносибот бо Иттиҳоди Аврупо

Соли 2019 ду ҷоизаи Нобел дар соҳаи адабиёт супурда мешавад

05.03.2019


СУҒД. Авлавият ба кишти картошка

04.03.2019


Хуҷанд ба даҳгонаи шаҳрҳои беҳтарини сайёҳӣ ворид гардид

Сертификати армуғони сайёҳӣ таъсис ёфт

ҶОМИ "ФФТ". "Истиқлол" ва "Кӯктош" дар финал

Осиёи Марказӣ. Камтарин теъдоди маҳбусон дар Тоҷикистон аст

Москва ва Вашингтон нархи раводидро арзон карданд

Қазоқистон ба воридоти меваю сабзавоти Қирғизистон роҳ мекушояд

Лавров: «Вазъият дар Сурия ба эътидол омад»

Ҳалокати 29 нафар аз обхезӣ дар ҷануби Афғонистон

Ҷаҳон дар як сатр

01.03.2019


ФУТБОЛ. «Хуҷанд» бо «Аҳал» мубориза мебарад

Бори нахуст дар таърих якбора ду зан ба кайҳони кушод мебароянд

Пекин дар фикри эъмори Девори бузурги чинӣ шуд

Испания солимтарин кишвари дунё эътироф гардид


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед