logo

номаҳо

ФАЙЗОБОД ДИЁРЕ ДӮСТДОШТАНӢ

Файзобод – ин як гӯшаи диёри маҳбубамон бисёр зебову дилрабову дӯстдоштанӣ аст. Бо обу ҳавои файзбахши худ фарқ мекунад. Вале рушду нумӯи батадриҷи он ба давраи Истиқлолияти давлатӣ рост омад. Маҳз ин гуна озодӣ ва таваҷҷуҳи махсуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боис гардид, ки ин гӯшаи афсонавии диёрамон бештару беҳтар рушд бикунад ва ба дастовардҳои беназир ноил бигардад.
Ман худ чун собиқ корманди Вазорати корҳои дохилии кишвар вазъи пештараи ин диёрро дар он рӯзгори  даҳшатбори ҷанги шаҳрвандӣ хуб медонам. Умедҳо барои барқарории сулҳ аз даст рафта буд. Қисме аз мардум, сокинони он ба хотири ҷону нон фирор карданд. Садои тир, ҳуҷумҳои ногаҳонӣ, гаравгонгирӣ, ғорати моли мардум аз ҷониби гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ осудагиро ба пуррагӣ аз миён бурда буданд. Шукр, ҳолиё аз он ҳама нишоне нест, сулҳу амонӣ барқарор аст. Мардум бо осудагии хотир аҳлона меҳнат мекунанд ва ин гӯшаро рӯз ба рӯз ободтару зеботар менамоянд.
Ҳар кадоми онҳо аз ғамхорию таваҷҷуҳи махсуси Сарвари давлат ба ин гӯшаи диёр қаноатманду шукргузоранд. Ҳар ташрифи ӯ файзи дигар мебахшад. Бо дастгирӣ, дастуру раҳнамоияш тамоми соҳаҳо рушди тоза меёбад. Махсусан, мулоқотҳои самимияш, ки падаронаву ғамхорона буданд, ҳеҷ аз хотирамон намеравад. Аз ин хусус бо нишони ризояти комил зимни суҳбатҳо бисёр мегӯему мешунавем. Воқеан, мардум қоиланд ва бо як навъ изҳори сипос изҳор медоранд, ки Пешвои миллат, Президенти мамлакат шахсони дасту дили пок доштаву арзандаро ба мақоми раиси ноҳия таъйин мекунад. Аз зумраи ин шахсони кордону ғамхору ободгар Миралӣ Раҷабзода мебошад, ки аз соли 2015 роҳбари ин ноҳия аст. Дар андак муддат ӯ симои Файзободро ба маънии мусбаташ дигар кард. Мо – сокинони ин ноҳия пешрафту гул-гулшукуфии онро мебинему меболем ва ифтихор мекунем.
Тоҷиддин ИЗОМИДДИНОВ,
раиси шӯрои собиқадорони меҳнати деҳаи
Лолагии Ҷамоати деҳоти Вишгарди ноҳияи Файзобод


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 22.03.2017    №: 62    Мутолиа карданд: 952

25.09.2018


Тавсеаи равобити байнипарлумонии Тоҷикистону Корея

Баргузории ҷамъомад оид ба пешгирии ҷинояткорӣ

Анҷоми марҳилаи якуми амалиёти «Кӯкнор-2018»

Гутерриш ба муборизаи фаъолтар алайҳи маводи мухаддир даъват сохт

Теъдоди қурбониёни садамаи киштӣ дар Танзания ба 225 нафар расид

Сеул барои дучандсозии теъдоди сайёҳон $640 миллион харҷ карданист

Фаронса қатораи дуошёнаи тезгард месозад

Ҷаҳон дар як сатр

Ҷом насиби кӣ мешавад?

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед