logo

иқтисод

ФАРХОР. ТАҶРИБАИ ЯК ЛИМӮПАРВАР

Лимӯпарварӣ соҳаи сердаромад ба ҳисоб рафта, ҳамасола садҳо тонна ҳосили он ба хориҷи кишвар содирот мешавад. Иқлими Тоҷикистон субтропикӣ буда, барои парвариши лимӯ мусоид аст. Парвариши лимӯ асосан дар ноҳияҳои қисмати ҷанубии кишвар дар гармхонаҳо ба роҳ монда мешавад.

Лимӯро асосан барои мевааш, ки хусусияти табобатӣ дорад, парвариш мекунанд. Таркиби лимӯ миқдори зиёди калий дошта, дар илми тиб барои неру бахшидани мушакҳои дил, сабзиши нохуну дандонҳо, устухонҳои бадан ва фаъолияти хуби майнаи сар истифода мешавад.
Дар ноҳияи Фархор ба парвариши ин навъи    рустании сердаромад таваҷҷуҳи хос доранд. Ҳосили истеҳсолкардаи онҳо бозори ҷумҳуриро ғанӣ  ва ҳаҷми содиротро афзун менамояд.
Сафол Исматов, сокини деҳаи Сафармади Ҷамоати деҳоти Ватан, аз қабили деҳқонони асил аст. Ӯ дар 0,07 гектар гармхонаи замини наздиҳавлигиаш зиёда аз 100 ниҳоли лимӯ парвариш кардааст. Ба қавли ӯ дарахти лимӯ ниҳоят нозук аст.
- Бисту нуҳ сол мешавад, ки ман ба парвариши ин навъи рустанӣ машғулам. Барои ҳамаҷониба омӯхтани хусусияти дарахти лимӯ 10 маротиба ба ноҳияи Ҷайҳун рафта, аз деҳқонони ин ноҳия тарзи дурусти парвариши лимӯро омӯхтам. Ҳамарӯза бояд аз ҳоли дарахтони лимӯ бохабар шуд. Зеро чанд рӯз ғофил мондан метавонад ҳосилро барбод диҳад. Мутаассифона, баъзе шахсоне, ки ба парвариши лимӯ машғуланд, аз надоштани таҷрибаи кофӣ дарахтонро аз даст медиҳанд, - мегӯяд С. Исматов.
Ҳар сол лимӯпарварони минтақа барои омӯхтани парвариши лимӯ  ба назди акаи Сафол омада, таҷриба меомӯзанд. Чуноне ки ӯ мегӯяд, лимӯпарвар бояд пеш аз ҳама қоидаҳои агротехникиро риоя карда, сари вақт шохчаҳои зиёдатиро қайчӣ кунад. Барои муҳофизати дарахтон аз ҳашароти зараррасон бояд аз заҳрхимикатҳо истифода бурд. Дар як сол на камтар аз 25 - 30 маротиба дарахтонро бояд об дод. Ҳамчун ғизои рустанӣ аз нуриҳои минералӣ низ истифода кардан зарур аст, зеро додани ғизоҳои химиявӣ зарар дошта, ҳосил муддати зиёд намепояд.
Сафол Исматов аз ҳисоби лимӯпарварӣ дар як сол 13 - 14 ҳазор сомонӣ фоида мегирад. Аз ин ҳисоб, ӯ оилаашро таъмин намуда, се писарашро соҳиби маълумоти олӣ кардааст. Бобои Сафол ҳоло давлати пирӣ меронад ва ҳар рӯз аз тамошои дарахтони парваридааш лаззат мебарад.
К. ХОЛНАЗАР,  «Ҷумҳурият»  


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 22.03.2017    №: 62    Мутолиа карданд: 476

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед