logo

иҷтимоиёт

МАТБУОТ. СУҒД НАМУНАИ ИБРАТ

Боиси хушнудист, ки чанд соли охир дар қаламрави вилояти Суғд ба рушди соҳаи матбуот, ки дар ташаккули афкори ҷомеа нақши муҳим мебозад, аҳамияти ҷиддӣ дода мешавад. Имрӯз дар қаламрави вилоят  50 ҳафтанома ва 6 маҷаллаи арзи вуҷуд доранд. Дар масъалаи инъикоси ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии вилоят, ҳамчунин  16 шабакаи телевизиониву 14 радиоӣ саҳм гирифта, ҷиҳати таъмини иттилооти воқеӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифати аҳолӣ нақши муассиру арзанда мегузоранд.
Ҳамкории мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру навоҳии вилояти Суғд бо рӯзноманигорони маҳаллӣ, намояндагони нашрияҳои марказӣ ва хориҷӣ хеле хуб ба роҳ монда шудааст. Ҷиҳати боз ҳам густурдатар ба роҳ мондани ҳамкориҳо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд соли сеюм мешавад, ки озмунро таҳти унвони «Хомаи созанда» роҳандозӣ кардааст. Дар он журналистони ҳамаи Васоити ахбори оммаи ватаниву хориҷӣ бо беҳтарин матолиби чопӣ, барномаҳои телевизионию радиоӣ иштирок мекунанд. Агар дар соли нахустини созмон додани озмун наздики 50 нафар қаламкаш бо матолиби худ ҷиҳати дарёфти мукофот ширкат варзида бошанд, дар соли 2016 теъдоди онҳо ба 90 нафар расид.
Абдураҳмон Қодирӣ, раиси вилоят, дар ҷамбасти озмуни мазкур  аз ҳамаи рӯзноманигорон ширкати боз ҳам фаъолонаро дар инъикоси ҳаёти иқтисодиву иҷтимоии вилоят, ҷуръату ҷасоратро дар ошкор кардани нуқсонҳои соҳаҳои гуногун таманно кард.  Рӯзноманигорон пешниҳод намуданд, ки дар «Соли ҷавонон»  як рӯзномаи инъикоскунандаи ҳаёти ҷавонон ва наврасон таъсис дода шавад. Шумораи нахустини он рӯзҳои наздик  чоп хоҳад шуд.
Ҷиҳати тарбияи мутахассисони касбӣ чандин сол аст, ки дар заминаи факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи Бобоҷон Ғафуров шуъбаи журналистӣ арзи ҳастӣ дорад ва дар он ҷавонон аз ҳамаи шаҳру навоҳии вилоят таълим мегиранд. Дар шуъба мутахассисони телевизиону радио низ тарбия карда мешаванд. Бо дастгирии роҳбарияти вилоят шуъба  бо таҷҳизотҳои замонавии видео ва аудиовизуалӣ таъмин гардид.
Рӯзномаҳои маҳаллӣ ҳам сол ба сол бо дастгирии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ шароити кории худро беҳтар гардонда истодаанд. Дар арафаи иди касбӣ онҳо бо компютерҳо, дастгоҳҳои замонавии аксбардорию сабти овоз таъмин гардиданд.
Ҳамасола Иди касбии рӯз-номанигорон дар маркази вилоят -  шаҳри Хуҷанд бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва раёсати бахши суғдии Иттифоқи журналистони Тоҷикистон бо иштироки васеи рӯзноманигоронии шаҳру навоҳии вилоят чорабиниҳои идона доир мешаванд.
Ҷовиди АШТӢ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 22.03.2017    №: 62    Мутолиа карданд: 457

19.04.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Жан - Батист Лемуан

Пойтахт ба таҷлили Рӯзи Ғалаба омодагӣ мебинад

Масоили рушди соҳаи маориф матраҳ гардид

Дар Донишгоҳи давлатии Данғара конфронси ҷумҳуриявӣ доир мешавад

Душанбе варзишгарони 15 кишварро ба ҳам меорад

Ҷаҳон дар як сатр

18.04.2019


ҶОМИ АФК. Пирӯзии "Хуҷанд" ва мусовии "Истиқлол"

МУЪМИНОБОД. 221 иншоот дар се сол

РАШТ. Боғистон доман паҳн мекунад

17.04.2019


БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ . Ба қонун иловаҳо ворид шуданд

ДМТ. Як нишасти муҳим

Хонандагони Душанбе пешсафи олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ

Армуғон барои дӯстдорони ҷуғрофия

ҶОМИ ОСИЁ. Паҳлавонони тоҷик соҳиби 5 медал

Ҷаҳон дар як сатр

16.04.2019


Вохӯрии Саидзода Зоҳир Озод бо Аскар Таҷибаев

Баррасии масоили мубрам

Ҳамоиш бахшида ба оғози расмии Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Калонтарин тайёра дар дунё ба ҳаво хест

Дар Қазоқистон онлайн-қаллобон фаъол мешаванд

Дар СММ аз манфиати лоиҳаи «Камарбандҳо ва роҳҳо» сухан рафт

Аз таркиш дар Афғонистон ҳафт кӯдак ҳалок гашт

Филмҳои ду коргардони тоҷик барои Фестивали кинои мусалмонӣ интихоб шуданд

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС. Иштироки варзишгарони тоҷик дар Чемпионати Осиё

12.04.2019


Бо иштироки Сарвазири мамлакат дар шаҳри Кӯлоб як қатор иншоот ба истифода дода шуд

Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии давлатҳои аъзои СҲШ

Форуми байналмилалии рушди сармояи инсонӣ доир мегардад

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ – 2019 ОИД БА ФУТЗАЛ. Рақибони Тоҷикистон муайян гаштанд

"Кашшофи падидаҳои наврас"

НОҲИЯИ РӮДАКӢ . Сафи соҳибкорони ватандӯст меафзояд

НУРОБОД . Эҳтиром ба шахсиятҳои таърихӣ

Ҷаҳон дар як сатр

11.04.2019


"Тоҷикон" ба забони ӯзбекӣ нашр шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед