logo

иҷтимоиёт

ДАНҒАРА. СОҲИБКАСБ БОШЕМ!

Дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон барои дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Роҳбари давлат ҳамасола садҳо ҷойи нави корӣ таъсис ёфта, мусоидат ба шуғл равнақ меёбад.

Тибқи иттилои Салим Нуралиев, раиси шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ, соли 2016 дар ноҳия 12 ярмаркаи ҷойҳои кори холӣ доир шуда, 3326 нафар ба шуғл фаро гирифта шуданд, ки аз нақшаи пешбинишуда зиёд аст. Аз ин шумора 600 нафарашон дар Маҷмааи коргоҳҳои нассоҷии ноҳия ба кор ҷалб шудаанд. Дар ярмаркаҳои баргузоршуда асосан беморхонаи марказӣ, Донишгоҳи тиббии Хатлон, шуъбаи маориф ва дигар идораҳои ноҳия ба корҷӯён ҷойи кори холӣ пешниҳод  намуданд. Тариқи ярмарка 40 омӯзгор барои кор ба Донишгоҳи тиббии Хатлон ҷалб гардид. Дар ин давра Маркази касбомӯзии шуғли аҳолиро наздики 400 нафар бо ҳунарҳои дӯзандагӣ, бофандагӣ, ресандагӣ, омӯзиши барномаҳои компютерӣ ва кафшергарӣ хатм карда, шаҳодатномаи касб гирифтанд.
 Оғози имсол дар Донишгоҳи давлатии Данғара низ Маркази омӯзиши ҳунарҳои миллӣ ифтитоҳ ёфт, ки занону духтаронро ба омӯзиш фаро гирифтааст.
- Соли сипаришуда ба 42 нафар сокинони ноҳия дар ҳаҷми 166 ҳазору 800 сомонӣ қарзи имтиёзнок дода шуд. Қарзҳои имтиёзнок бе фоиз буда, то як солу шаш моҳ барои рушди соҳибкорӣ дода мешаванд. Ҳамчунин, 67 ҳазору 405 сомонӣ кумакпулӣ барои шаҳрвандони бекор дода шудааст. Мутаассифона, як қисми сарбозон бо сабаби ҷудо нашудани маблағ аз ҷониби Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон то ҳол кумакпулии худро дастрас накардаанд. Кумакпулӣ дар ҳаҷми беш аз  400 сомонӣ то се моҳ дода мешавад, - гуфт С. Нуралиев.
Шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии ноҳия нақша дорад, ки соли ҷорӣ якчанд ярмаркаи ҷойҳои нави корӣ гузаронда, 2000 нафарро бо кор таъмин созад. Айни ҳол аз шумораи 74 ҳазору 232 нафар шаҳрвандони қобили меҳнати ноҳия 549 нафари онҳо мақоми бекорӣ доранд.
Дар оянда бо пурра ба кор андохтани Маҷмааи коргоҳҳои нассоҷӣ дар ноҳия 6 ҳазор шаҳрванди ҷумҳурӣ бо кор таъмин хоҳад шуд. Бунёди корхонаҳои истеҳсолӣ низ, ки ҳоло сохтмонашон дар минтақаи озоди иқтисодии Данғара дар марҳилаҳои гуногун идома дорад, барои таъсиси ҷойҳои нави корӣ дар ноҳия заминаи устувор мегузорад.
Л. ШАРИФЗОДА, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 22.03.2017    №: 62    Мутолиа карданд: 375

10.12.2018


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Томас Гремингер

Ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба таъсиси воҳидҳои таъйиноти махсуси ВКД

Ба ифтихори солгарди Сайидои Насафӣ Конфронси байналмилалӣ доир мегардад

Вориси Ангела Меркел дар мақоми сарвари ҲНД Аннегрет Крамп-Карренбауэр шуд

Дар ОПЕК+доир ба маҳдудсозии истихроҷи нафт ба мувофиқа расиданд

Боздошти беш аз 1700 нафар дар намоишҳои эътирозӣ дар Фаронса

Беш аз нисфи аҳолии сайёра ба интернет дастрасӣ ёфт

Ҷаҳон дар як сатр

МАСТЧОҲ. Деҳаҳо симои нав мегиранд

Путин: «Дар ИИАО бозори ягонаи газ, нафт ва маҳсулоти нафтӣ мешавад»

Нахустин ҳамоиши сарони манотиқи кишварҳои СҲШ дар Челябинск гузашт

Медведев: «Россия мушкили амнияти озуқавориро ҳал намуд»

Дар Олмон кӣ Ангела Меркелро иваз мекунад?

Нақлиёти ройгони ҷамъиятӣ дар Люксембург

Ҷаҳон дар як сатр

Кишоварзӣ бахши муҳим дар ноҳияи Деваштич

06.12.2018


74 варзишгар ба Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуд

Иштироки муовини вазири рушди иқтисод ва савдо дар мулоқоти сатҳи баланд

Баррасии масъалаи содироти маҳсулот ба бозорҳои Аврупо

ПАНҶАКЕНТ. Ифтитоҳи 63 иншоот

Бунёди роҳи танобӣ дар шаҳри Хуҷанд

“ГАНҶИ ҲИЛОЛ”. Тадбирҳо самар медиҳанд

05.12.2018


Баррасии масоили сиёсати хориҷии кишвар

Мулоқоти Шамсиддин Орумбекзода бо Мерилин Йосефсон

Баргузории конференсияи «Нақши сайёҳӣ дар ташаккули тарзи ҳаёти солим»

Путин ва Назарбоев ҳамкориро дар доираи Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё баррасӣ карданд

Куртс ҳамкорӣ бо Россияро шарти сулҳу субот дар Аврупо номид

Вашингтон дар Покистон муколамаи Кобул бо "Толибон"-ро муҳокима мекунад

Трамп дар фикри баррасии мушкили мусаллаҳшавии бошитоб бо Путин ва Си Ҷинпин шуд

Ҳонконгро матлубтарин кишвари дидании сайёҳон дар соли равон хонданд

Ҷаҳон дар як сатр

ЛУКА МОДРИЧ - барандаи "Тӯби тиллоӣ"

5 медали теннисбозони тоҷик

04.12.2018


Ҳамоиш оид ба татбиқи самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистон


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед