logo

фарҳанг

БАЛҶУВОН ЧУН ГУЛҲОИ НАВРӮЗӢ МЕШУКУФАД

Сохтмон ва роҳсозӣ яке аз самтҳои муҳими фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Балҷувон буда, ба он таваҷҷуҳи махсус дода мешавад. Зеро кашондани борҳои хоҷагии халқ ва бехатарии рафтуомади мусофирон аз таъмири хуби роҳҳои автомобилгард вобастагии калон дорад, - гуфт Маърифат Зоирзода, раиси ноҳия.
Имрӯз дар тавозуни муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳия 59,3 километр роҳ мавҷуд аст, ки аз он 44,7 километр роҳҳо аҳамияти ҷумҳуриявӣ ва 14,6 километр роҳҳо аҳамияти маҳаллӣ доранд. Аз тарафи муассисаи давлатии нигаҳдории роҳҳои автомобилгард ба маблағи 94005 сомонӣ корҳо иҷро гардида, 11,4 километр роҳ аз таъмири ҷорӣ бароварда шуд. Инчунин, аз ҳисоби Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон 112 ҳазору 805 сомонӣ барои нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳия ҷудо шуда, барои таъмири роҳҳо пурра сарф гардид. Соли сипаришуда аз тарафи соҳибкорони маҳаллӣ 11,3 километр роҳ таъмир ва мумфарш шуд, ки маблағи умумии он 56 ҳазору 500 сомониро ташкил медиҳад.
Рафти корҳои сохтмонӣ дар иншооти ноҳия аз тарафи соҳибкорону пудратчиён бо суръат идома дорад. Ҳоло дар ноҳия сохтмони биноҳои истиқоматӣ барои хизматчиёни давлатӣ, шуъбаи ҷарроҳӣ ва таваллудхонаи беморхонаи марказӣ, маркази байналмилалии тавонбахшӣ, меҳмонхона дар Ҷамоати деҳоти Сари Хосор, бинои маъмурии бахши Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ, роҳи автомобилгарди Балҷувон - Сари Хосор, хати оби нӯшокии маркази ноҳия, неругоҳи хурди барқи обии «Пушти боғ», бинои маъмурии шуъбаи маориф, бунгоҳи тиббӣ дар деҳаи Файзобод, хобгоҳ барои 450 нафар, бинои маркази ҷавонон, қалъаи таърихии Мири Балҷувон, синфхонаҳои иловагӣ дар назди муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии № 9 ва № 35 бо маром идома доранд.
Биноҳои Ҷамоати деҳоти ба номи Сайф Раҳим, хонаи истиқоматии дувоздаҳҳуҷрадор барои хизматчиёни давлатӣ ва муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 11 дар деҳаи Хироб сохта ба истифода дода шуд.
Саҳми соҳибкорони маҳаллӣ дар раванди корҳои ободонии ноҳия, бахусус таъмиру барқарорсозии роҳҳои маҳаллӣ, сохтмони неругоҳҳои хурди барқӣ ва иншооти маишию фарҳангӣ хеле назаррас аст.
Бо ташаббуси соҳибкорони маҳаллӣ дар Ҷамоати деҳоти ба номи Сафар Амиршоев маркази савдо ва хизматрасонӣ ба истифода дода шуд, ки 12 нафар сокинони маҳаллӣ ба ҷойи кори доимӣ таъмин гардиданд. Инчунин, дар Ҷамоати деҳоти Сари Хосор аз тарафи соҳибкорони маҳаллӣ сохтмони бунгоҳи тиббӣ, таваллудхона бо 16 кати хоб, китобхона ва толори варзишӣ идома дорад.
Дар маҷмӯъ аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ дар ноҳия 14 миллиону 649 ҳазор сомонӣ аз худ карда шудааст.
Ҳамчунин, канори рӯдҳои Сурхоб, Талхақ, Оби Тира ва Оби Мазор, ки зиёда аз 7 километрро ташкил медиҳад,  соҳилбандӣ шуд.
Холназар КАСИРОВ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 22.03.2017    №: 62    Мутолиа карданд: 488

22.02.2019


Ҷаласаи Комиссияи сетарафаи танзими муносибатҳои иҷтимоию меҳнатӣ

Забони тоҷикӣ таърихи зиёда аз чорҳазорсолаи хату алифбо дорад

ББТ барои фаъолияти оператори низоми пардохтии “Осон” иҷозатнома гирифт

МАВСИМИ НАВИ ЛИГАИ ОЛӢ МОҲИ АПРЕЛ ОҒОЗ МЕГАРДАД

Путин самтҳои асосии сиёсати хориҷии Россияро тавзеҳ дод

Хадамоти вижаи 7 кишвари ИДМ машқи "Арарат-Антитеррор" мегузаронанд

Чин дар кайҳон неругоҳи барқи офтобӣ месозад

21.02.2019


ХУҶАНД. Оғози сохтмони бинои нави «Тоҷикстандарт»

ФУТБОЛ. Тақвими бозиҳои тими мунтахаби олимпии кишвар муайян гардид

Табибон аз Тотористон бо ҳампешаҳои тоҷики худ мубодилаи таҷриба мекунанд

Роҳандозии лоиҳаҳои инноватсионӣ дар Қазоқистон

Дар Ҳиндустон 13 иштирокдори тӯй зери чархи мошини боркаш монд

Сӯхтор сабабгори марги ҳафт кӯдак дар Канада

Ҷаҳон дар як сатр

19.02.2019


МАКТАБИ ДАВЛАТДОРИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

Баррасии масъалаҳои рушди сайёҳӣ

Вохӯрии Низомиддин Зоҳидӣ бо Мазен Шамия

Дурнамои рушди муносибатҳо матраҳ гардид

ҶОМИ КУШОДАИ АВРУПО. Муҳаммадризо Қувватов медали биринҷӣ ба даст овард

Авҷи ниҳолшинонӣ

Саҳми соҳибкорон дар ободии деҳот

Ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Чин ва Россия густурдатар мегардад

Сарвар Дониш: «Музокироти сулҳ бидуни ҳукумат қурбе надорад»

«Туҳфаи шоҳона» - и Арабистони Саудӣ ба шаҳрвандони Покистон

Дар Қазоқистон маркази амнияти иттилоотӣ ифтитоҳ меёбад

Сокини навраси Шимкент ду нафарро аз сӯхтор наҷот дод

Ҷаҳон дар як сатр

18.02.2019


Боздиди Азим Иброҳим аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ

ВКД Ҷиноятҳо 83,6 дарсад ошкор шуданд

Вазорати молия. Барои дастгирии буҷет маблағи бештар ҷалб хоҳад гашт

«BISHKEK OPEN – 2019». Дурахши каратэ-дочиёни навраси тоҷик

«МОҲИЯТ ВА ТАЪЙИНОТИ МАТБУОТИ МАҲАЛЛӢ»

РОҒУН. Ободонӣ вусъат меёбад

АНДОЗ. Нақша 100, 6 дарсад иҷро гардид


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед