logo

иҷтимоиёт

ПАЙРАВИ ПЕШВО. БАРДОШТЕ АЗ ТАШАББУСҲОИ УМЕД ВАЛИЕВ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, зимни Паёми навинашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа намуданд, ки «татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон аз рӯзҳои нахустини соҳибистиқлолӣ дар меҳвари фаъолияти Ҳукумати Тоҷикистон қарор дорад».
Воқеан, солҳои ахир маҳз бо ҳидоятҳои Пешвои миллат қадру манзалати ҷавонон беш аз пеш боло рафта, ба вазифаҳои роҳбарикунанда таъйин мегарданд. Ҷавонеро, ки алъон атрофи ҳаёту фаъолияташ ҳарф мезанем, лоиқи тамоми тавсифу ситоишҳост.
Шиносоии мо бо Умед Валиев, роҳбари филиали № 63 - и Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон «Амонатбонк» дар ноҳияи Муъминобод, дар доираи иҷрои вазифаҳои хизматӣ сурат гирифт. Баҳри ба даст овардани иттилоъ дар бобати чӣ гуна роҳандозӣ шудани сиёсати қарзӣ ба бонк омадем. Дар ошёнаи аввали бино моро марди тақрибан 63-65-сола пешвоз гирифт. Худро Худойбердӣ Қурбонов муаррифӣ намуда, ба утоқаш бурд ва мақсади  омаданамонро пурсид. Чун аз ҳадафи мо огоҳ шуд, ба тавсифи роҳбари идора пардохт. Ӯ гуфт, ки тӯли собиқаи бисёрсолааш бо роҳбарони зиёд  кор кардааст, вале на ҳамаи онҳо чун Умед Валиев роҳбари бомасъулият ва соҳибистеъдод буданд.
- Умедҷон ҷавон ҳам бошад, одамияти баланд дорад. Агар яке аз зердастонаш ба мушкилие мувоҷеҳ гардад, саъю кӯшиш  менамояд, то онро базудӣ рафъ созад. Бо кормандону мизоҷон хушмуомила аст ва ҳаргиз аз доираи одоб берун намебарояд.  Хулоса, ҳама аз ӯ розианд, - тазаккур дод Қурбонов.
Умед Валиев соли 1987 дар Ҷамоати деҳоти Фархори ноҳияи Фархор дар оилаи коргар чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Таҳсили ибтидоиро дар зодгоҳаш гирифта, баъдан ба Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмати Тоҷикистон дохил шуда,  онро соли 2010 бомуваффақият хатм менамояд. Фаъолияти хешро соли 2011 аз филиали № 61-и «Амонатбонк»-и ноҳияи Фархор шурӯъ мекунад. Корро аз вазифаи иқтисодчӣ оид ба қарз оғоз карда, то ба вазифаи муовини сардор мерасад. Заҳматҳои ӯ аз назари роҳбарият дур намонд ва соли 2015 ӯро ба ҳайси иҷрокунандаи мудири филиали № 62-и «Амонатбонк» дар ноҳияи Темурмалик таъйин намуданд.  Аз соли 2016 то ин ҷониб маснади мудири филиали № 63 - и «Амонатбонк» дар ноҳияи Муъминободро ба уҳда дорад.
- Мо ҷавонони даврони истиқлолият ҳамеша пайрави сиёсати хирадмандонаю созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳастем. Ҳазорҳо шукри соҳибистиқлолию Сарвари муаззами мо, ки имрӯз барои ҷавонон тамоми шароитҳо фароҳаманд. Соли 2017-ро Соли ҷавонон эълон доштани Сарвари давлат, моро водор месозад, ки ҷавобан ба ин дастгирию ғамхориҳо, баҳри боз ҳам ободу зебо гаштани  Ватани азиз саҳми арзандаи худро бигузорем,- мегӯяд Умед Валиев.
Лоиқи зикр аст, ки қариб 80 дарсади кормандони филиал ҷавонон мебошанд ва онҳо аз ҷониби роҳбарият пайваста дастгирӣ меёбанд. Алалхусус, барои баланд бардоштани савияи тахассусии кормандони ҷавон тамоми тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд.
Дар маҷмӯъ, метавон гуфт, ки фаъ-олияти Умед Валиев намунаи ибрат мебошад.  Ҳангоми иҷрокунандаи мудири филиали № 62-и ноҳияи Темурмалик  буданаш бо эҳтимоми ӯ дар Ҷамоати деҳоти Қушқия маркази хизматрасонии бонкӣ қомат афрохт. Сокинони Ҷамоати деҳоти Чилдухтарони ноҳияи Муъминобод бо сабаби дурии роҳ имкон надоштанд, ки сари вақт аз хизматрасониҳои бонкӣ баҳра баранд. Баробари мудири филиали № 63 - и «Амонатбонк»-и ноҳия таъйин шудани Умед Валиев ин мушкилӣ ҳам ҳалли худро ёфт. Яъне, аз ҳисоби филиал дар ҷамоат маркази хизматрасонӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.  Гузашта аз ин, чунин марказ дар назди бозори марказии ноҳия низ ба истифода дода шуд.
Ёқуби СОДИҚ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 22.03.2017    №: 62    Мутолиа карданд: 416

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед