logo

иҷтимоиёт

ТОҶИКИСТОН - КИШВАРИ ПЕШОҲАНГ ДАР ҲАЛЛИ МАСЪАЛАҲОИ ГЛОБАЛИИ ОБ

Боиси хушнудист, ки бо қабули Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор»,  солҳои 2018 - 2028 Тоҷикистон бори дигар ҳамчун кишвари пешоҳанг дар ҳалли масоили глобалии ҷаҳон дар меҳвари таваҷҷуҳ қарор гирифт. Дар остонаи Соли нави мелодӣ аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид пазируфтани боз як ташаббуси байналмилалии Тоҷикистон баёнгари нуфузи бештар касб кардани кишвари мо дар ҷаҳони муосир аст. Аз ин рӯ, эҳтирому эътироф ва пазируфтани пешниҳодоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сатҳи байналмилалӣ, ки ҳамзамон аз ҷойгоҳи шоиста ва мавқеи сиёсии кишвар дар арсаи олам шаҳодат медиҳад, боиси ифтихори миллат аст.
Мо, тоҷикистониён, аз сероб будани сарзамини бузургамон бояд ҳамеша бифахрем. Тоҷикистон дар олам бо номи «Кишвари обҳои мусаффо» маълум буда, дар ҳудуди он 948 дарёи хурду бузург, 7 ҳазор пирях, 155 кӯли гуногунҳаҷм, даҳҳо ҳазор чашмаҳои одию маъданӣ ва обанборҳои зиёде мавҷуданд. Зиёда аз 50 дарёи бузурги манотиқи мухталифи ҷумҳурӣ, ки аз оби пиряху барф ва борону обҳои зеризаминӣ сарчашма мегиранд, дар пешбурди соҳаҳои хоҷагии халқ нақши муассир доранд.
Ин аст, ки ниёгони пуршарафи мо ба об ба дидаи эътибор менигаристанд ва таваҷҷуҳи махсус зоҳир мекарданд.  Об дар китобҳои осмонӣ низ зикр ва ба навъе тавсиф мегардад. Аз Паёмбари гиромиқадр (с) мепурсанд, ки накутарин саховат кадом аст? Зимни посух Ӯ изҳор медорад: «Саховати бештаре аз хайр кардани об нест».
Зарур аст, ки бо ҳисси ифтихор ва эҳсоси масъулият ба фарҳанги истифодабарии оби тозаи ошомиданӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир бинамоем ва ба қадри ин неъмати худодод бирасем. Сарвари давлат барҳақ иброз доштааст: «Арзиши об аз нафту газу ангишт ва дигар анвои сӯзишворию захираҳои энергетикӣ ҷиҳати устувории мамлакат ва минтақа кам нест».
Вобаста ба масоили ҳаётан муҳим бо ибтикори раиси ноҳияи Фархор муҳтарам Вализода Сулаймон Кабут ҷиҳати ободонӣ ва сарсабзу хуррамгардонии диёр ба кулли бошандагони ноҳия муроҷиатнома қабул гардид, ки дар байни сокинон ҳамовозии гарму самимӣ ба амал овард.
Шуъбаи маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар ҳамкорӣ бо бахши ҳифзи муҳити зист дар ин самт як қатор корҳоро ба нақша гирифтааст. Аз ҷумла, бо дастгирии ташкилоту идораҳои дахлдор созмон додани ҳамоиши ноҳиявӣ марбут ба эълон гардидани Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 конференсияи илмию амалӣ дар сатҳи баланд таҳия гардиданд, озмуни «Об - сарчашмаи ҳаёт» дар байни хонандагону омӯзгорони муассисаҳои таълимии ноҳия дар муҳлатҳои наздиктарин гузаронда хоҳад шуд. Аллакай дар ин самт мавзӯъҳои марбут ба об, назири  «Об - муъҷизаи бебаҳои табиат»,  «Об - асоси пайдоишу пойдории олам»,  «Об - манбаи ҳаёт», «Тоҷикистон дар саргаҳи обҳои Осиёи Марказӣ аст», «Нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тадбиқи Ҳадафҳои рушди устувори марбут ба захираҳои об» ба хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ манзур карда шуд.
Алихон ХИДИРОВ,
корманди шуъбаи маорифи ноҳияи Фархор


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 22.03.2017    №: 62    Мутолиа карданд: 589

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад

ЭКСПО дар Шанхай: шартномаҳо ба маблағи қариб $60 миллиард ба тасвиб расиданд

Сӯхтори ҷангал дар Калифорния боиси ҳалокати 25 нафар гашт

Ҷаҳон дар як сатр

ВАХШ. Суратҳисоби бонкӣ барои ятимон

ОЛИМПИАДАИ “GENIUSKIDS – 2018” 35 медали хонандагони тоҷик

САМБО. Хушқадам Хусравов – қаҳрамони ҷаҳон

09.11.2018


Ҳамоишҳои ҷавонон бахшида ба Рӯзи Президент

Баррасии масоили рушди ҳамкориҳо

Мулоқоти Юсуф Раҳмон бо Кристофер Рэй


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед