logo

иҷтимоиёт

СОЛИ ҶАВОНОН. ДАР НОҲИЯИ АЙНӢ БА ОН АРҶ МЕГУЗОРАНД

Бовар дорем, ки ҷавонони созандаи мо дар ҷавоб ба ғамхориҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ташаббусҳои шоиста ва эҳсоси баланди ватандорӣ дар рушди диёру сарзамини хеш саҳми арзанда  мегузоранд.
Ин ҳарфҳоро Неъматулло Раҳматуллозода, раиси ноҳияи Айнӣ, зимни мулоқоти вижа бо ҷавонони ноҳия, ки дар доираи Соли ҷавонон баргузор гардид, баён кард. Ӯ изҳор дошт, ки аз ҷониби Пешвои миллат эълон гардидани соли 2017 ҳамчун Соли ҷавонон нишонаи олии эҳтирому эътиқоди Сарвари давлат ба ҷавонон ва дар меҳвари сиёсати иҷтимоии Ҳукумати ҷумҳурӣ қарор доштани насли ояндасози кишвар аст.
Неъматулло Раҳматуллозода соли 2017 - ро барои ҷавонони ноҳия марҳилаи татбиқи ормонҳои ҷавонӣ, гузоштани қадамҳои устувор ба фардои боз ҳам дурахшон маънидод карда, дар партави сиёсати бунёдгарои Сарвари давлат омодагии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияро ҷиҳати дастгирии ҷавонони соҳибистеъдод ва ташаббусҳои созандаи онҳо баён дошт.
Раиси ноҳия бо қаноатмандӣ зикр намуд, ки солҳои охир ҳайати омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия аз ҳисоби онҳое пурра гардид, ки бо квотаи президентӣ дар муассисаҳои олии мамлакат таҳсил кардаанд. Ҳоло аз ноҳия наздик ба 100 нафар бо квотаи президентӣ ба таҳсил фаро гирифта шудаанд, ки теъдоди аслии онро духтарон ташкил медиҳанд. Танҳо соли гузашта беш аз 300 нафар хатмкунандаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия ба донишгоҳҳои олии дохилу хориҷи мамлакат дохил шуда, машғули таҳсиланд.  
- Соли ҷавонон барои мо марҳалаи муносибест, ки онро бояд бо меҳнати содиқона ва ташаббусҳои созанда дар саҳифаи рӯзгори худ рақам занем. Ва дар соли ҷашни фархундаи 20 - солагии Ваҳдати миллӣ   ҳамчун фарзандони содиқи Ватан ва пайравони ҳақиқии Пешвои миллат дар ободии ҳар гӯшаи Тоҷикистони азизамон саҳмгузор бошем, - изҳор дошт Шаҳбоз Пиров, омӯзгори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 41 - и ноҳия.
Дар мулоқот дигар ҷавонони фаъоли ноҳия баромад намуда, бо сипосгузорӣ аз ғамхориҳои рӯзафзуни Пешвои миллат нисбат ба ҷавонон оид ба таъсиси маркази ҷавонон, дастгирии омӯзгорони ҷавон ва ҷудо намудани қитъаи замини наздиҳавлигӣ ба онҳо, ҷалби ҳар чи бештари духтарони деҳаҳои дурдасти ноҳия ба таҳсилоти олӣ ва роҳу василаҳои рушди сайёҳӣ таклифҳои судманд баён доштанд.
Фирӯзи РАҲМОНИЁН, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 22.03.2017    №: 62    Мутолиа карданд: 505

19.02.2019


МАКТАБИ ДАВЛАТДОРИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

Баррасии масъалаҳои рушди сайёҳӣ

Вохӯрии Низомиддин Зоҳидӣ бо Мазен Шамия

Дурнамои рушди муносибатҳо матраҳ гардид

ҶОМИ КУШОДАИ АВРУПО. Муҳаммадризо Қувватов медали биринҷӣ ба даст овард

Авҷи ниҳолшинонӣ

Саҳми соҳибкорон дар ободии деҳот

Ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Чин ва Россия густурдатар мегардад

Сарвар Дониш: «Музокироти сулҳ бидуни ҳукумат қурбе надорад»

«Туҳфаи шоҳона» - и Арабистони Саудӣ ба шаҳрвандони Покистон

Дар Қазоқистон маркази амнияти иттилоотӣ ифтитоҳ меёбад

Сокини навраси Шимкент ду нафарро аз сӯхтор наҷот дод

Ҷаҳон дар як сатр

18.02.2019


Боздиди Азим Иброҳим аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ

ВКД Ҷиноятҳо 83,6 дарсад ошкор шуданд

Вазорати молия. Барои дастгирии буҷет маблағи бештар ҷалб хоҳад гашт

«BISHKEK OPEN – 2019». Дурахши каратэ-дочиёни навраси тоҷик

«МОҲИЯТ ВА ТАЪЙИНОТИ МАТБУОТИ МАҲАЛЛӢ»

РОҒУН. Ободонӣ вусъат меёбад

АНДОЗ. Нақша 100, 6 дарсад иҷро гардид

ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН. Гардиши савдо ду баробар афзуд

Тоҷикистон миёни кишварҳои ИДМ ба афзоиши баландтарини ММД муваффақ гашт

Дар Тошканд конфронси байналмилалӣ оид ба Осиёи Марказӣ баргузор мегардад

Қасри сафед: "Музокироти тиҷоратӣ дар Пекин ба пешравӣ мусоидат кард"

Трамп мехоҳад ҷангиёни «Давлати исломӣ» - ро ба Аврупо барои суд кардан баргардонад

Кумитаи амнияти иттилоотии Қазоқистон беш аз 90 сомонаи хавфнокро ошкор сохт

Ҷаҳон дар як сатр

15.02.2019


ШАМШЕРБОЗӢ. ИШТИРОКИ ВАРЗИШГАРОНИ МО ДАР ЧЕМПИОНАТИ КУШОДИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Дар Душанбе ташкили низоми муттаҳидаи мудофиаи зиддиҳавоӣ баррасӣ шуд

Дар чор сол муомилоти мол байни Тоҷикистону Ӯзбекистон 19 маротиба афзуд

Медведев: «Таҳримоти ИМА ба иқтисоди Россия таъсири чандон бузург расонда наметавонад»

Пентагон. ИМА аз Афғонистон ҳамроҳи иттифоқчиёнаш меравад

13.02.2019


2018. Сиёсати хориҷии Тоҷикистон пурбарор буд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед