logo

фарҳанг

НАВРӮЗ ДАР БАДАХШОН

Бо вуҷуди боришоти зиёди барф ва сардиҳои зимистони имсола дар шаҳри Хоруғ ва дигар навоҳии  Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон низ ба ин  ҷашни миллӣ ҳаматарафа омодагӣ диданд.

Тантанаҳои наврӯзӣ бо баргузории чорабиниҳои фарҳангиву фароғатӣ ва варзишӣ, сайру гашти оммавӣ дар ҳамаи ноҳияҳои вилоят рӯзҳои 22 - 24 март баргузор мегарданд. Дар шаҳри Хоруғ  ва ноҳияи Шуғнон бошад, рӯзи 21  март тантанаи  идона бо намоиши барномаҳои  фарҳангӣ, ки дар он намояндагони аҳли ҳунари тамоми ноҳияҳои вилоят ва шаҳр ҳунарнамоӣ мекунанд, баргузор гардид.
Рӯзҳои ҷашн дар боғи фарҳангӣ - фароғатии шаҳр  ва майдони ба номи Исмоили Сомонӣ баргузории бозиҳои гуногуни варзишӣ дар назар аст. Кормандони раёсати ҷавонон ва варзиши вилоят ва бахшҳои он дар шаҳру ноҳияҳо ба ин чорабинӣ омодагии хуб дидаанд.  Сабқатҳои варзишгарон аз рӯйи баъзе намуди бозиҳо, мисли волейболу тӯби дастӣ, баскетболу шоҳмот дар сатҳи маҳаллаву деҳот оғоз ёфта, то рӯзи ҷашн бозиҳои ниҳоӣ дар сатҳи ноҳияҳо баргузор гардиданд. Бо супориши раиси вилоят имсол низ дар ҷашни Наврӯзи  ноҳияҳои Дарвоз, Мурғоб ва Шуғнон аҳли деҳот аз аспдавонӣ ва човандозии ҳунармандон, ки солҳои охир дар тамоми манотиқи вилоят аз байн рафта буд, аз нав эҳё гардид.
Дар доираи ҷашни Наврӯз  зиёда аз 10 озмуну фестивал, аз ҷумла миёни донишҷӯдухтарони Донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруғ, коллеҷҳои тиббии шаҳр ва техникии ноҳияи Шуғнон, хонандагони синфҳои болоии муассисаҳои таҳсилоти миёна, мактабҳои санъат ва кормандони ҷавони раёсату идораҳо  баргузор гардид.
Шуъбаи бадахшонии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон низ байни адибони ҷавони  вилоят дар мавзӯи “Беҳтарин шеър ва ҳикояи наврӯзӣ” озмун эълон намуд, ки он рӯзи 20 март ҷамъбаст гардида, ғолибон дар тантанаи вилоятӣ аз тарафи раиси вилоят бо туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд.
Тавре роҳбарияти идораи телевизион ва радиои вилоят гузориш дод, он  бахшида ба ҷашни байналмилалӣ дар ҳамкорӣ бо намояндагони шабакаҳои телевизионии ҷумҳуриявӣ доир ба таърихи Наврӯз таҳти унвони «Расму ойинҳои наврӯзии мардуми Бадахшон» ва «Наврӯз - як рукни ойини миллӣ» филми мустанадеро таҳия намудааст, ки имрӯзҳо намоиш дода мешавад.
Дар арафаи ид  дар шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои вилоят як қатор иншооти муҳими иҷтимоӣ - иқтисодии  навбунёд мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд.
Раҳмони ГУЛЗОР, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 22.03.2017    №: 62    Мутолиа карданд: 475

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед