logo

суханрониҳо

Суханронии Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба ифтихори ҷашни Наврӯз дар Наврӯзгоҳи шаҳри Душанбе, 21 марти соли 2017

Ҳамватанони азиз!
Муҳтарам сокинони шаҳри Душанбе!
Дар ин лаҳзаҳои пурнишот, ки ба Тоҷикистони биҳиштосои мо Соли нави аҷдодиамон - Наврӯзи ҷаҳонафрӯз бо қадамҳои сабзи худ фаро расидааст, тамоми  мардуми кишварамон, сокинони сарбаланди пойтахти мамлакат - шаҳри Душанбе ва ҳамаи шумо, ҳозирини арҷмандро ба ифтихори ин ҷашни фархунда, ки яке аз рамзҳои ҳувияти миллӣ ва истиқлоли маънавии тоҷикон мебошад, самимона табрик мегӯям.
Наврӯз  бо обу хок, марзу бум ва рӯҳи тамаддунсози ниёгони мо пайванди азалӣ дошта, расму ойинҳои он рамзҳое доранд, ки аз замонҳои бостонӣ то имрӯз рӯзгори мардуми фарҳангиву ободгар ва инсондӯсту таҳаммулгарои моро ҳамроҳӣ мекунанд.
Дар айёми Наврӯз табиат эҳё мегардад, инсон неруи нав мегирад, дилу андешаҳо ба ҳам меоянд, одамон амалҳои саховату накукорӣ ва хайру савобро ба ҷо оварда, ба ҳамдигар шодиву сурур мебахшанд.
Воқеан, Наврӯз аз муборактарин ҷашнҳои миллии мо – тоҷикон ва дигар мардумони ҳавзаи Наврӯз аст, ки аз замонҳои қадим то ба имрӯз бо ғояҳои олии башардӯстона - дӯстиву ҳамкорӣ, созандагиву ободкорӣ, инсондӯстиву хайрхоҳӣ ва шукргузорӣ аз зебоиву неъматҳои табиат мардумро гирди ҳам меорад.
Яъне Наврӯз ҳамчун ҷашни зодрӯзи Хуршеди ховарон, ки ҳамеша барои ҳамагон ва дар ҳама ҷо нуру гармӣ мебахшад, сарвати ҷумла фарзандони Одам  аст.
Хусусан, дар шароити торафт мураккабу буҳронӣ гардидани вазъи ҷаҳони муосир ҷашни Наврӯз метавонад ҳамчун ойини сулҳу оромӣ ва ҳамкориву дӯстӣ барои мардумони олам хизмат намояд.  Зеро дунёи имрӯза беш аз ҳар вақти дигар ба суботу оромӣ, рӯзгори бехушунат ва зиндагии осуда ниёз дорад.
Ҳозирини гиромӣ!
Пойтахти кишвари соҳибистиқлоли мо - шаҳри Душанбе имрӯз либоси идона ба бар карда, сокинони он барои дар сатҳи баланд баргузор гардидани ин ойини аҷдодиамон омодагӣ гирифтаанд.
Ба ифтихори ин Ҷашни бостонӣ  то имрӯз дар шаҳри Душанбе корҳои зиёди ободонӣ ба анҷом расонда шуданд. Воқеан, яке аз рамзҳои наврӯзӣ тозаву озода кардани хонаву манзили зист, кӯчаву хиёбон ва шинондани ниҳолу коштани донаи умед мебошад.
Вобаста ба ин, таъкид месозам, ки ҳанӯз барои ободии бештару беҳтари шаҳр ва сазовори пойтахти давлати соҳибистиқлол гардондани он заҳмати зиёд кашидан зарур аст.
Барои ин, пеш аз ҳама, ҳар як сокини шаҳр бояд кӯшиш намояд, ки барои ободии он саҳми худро гузорад, маҳали зист ва кору таҳсили худро ҳамеша тозаву озода нигоҳ дорад. Ин қарзи ватандӯстонаву шаҳрвандии ҳамаи сокинони пойтахт ва вазифаи инсонии ҳар як фарди бонангу номуси ҷомеа мебошад. Барои боз ҳам ободу зебо гардондани пойтахтамон имкониятҳои зиёд мавҷуданд. Мо бояд аз ин имкониятҳо самараноку сарфакорона истифода барем ва шаҳрамонро ба идгоҳу наврӯзгоҳи воқеӣ табдил диҳем.
Илова бар ин, зарур аст, ки дар ҳар як оила ба масъалаи тарбияи дурусти фарзандон, сарфаю сариштакорӣ, риояи низому тартибот ва волоияти қонун эътибори ҷиддӣ дода шавад. Хотирнишон менамоям, ки сокини пойтахт бояд дорои сатҳи баланди маърифатнокӣ, одобу ахлоқи ҳамида,  инчунин, намунаи интизому тартиботи ҷамъиятӣ, яъне риояи қонуният бошад.
Итминон дорам, ки сокинони сарбаланду соҳибмаърифати шаҳри Душанбе ба шукронаи сулҳу оромӣ, суботи комили сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ барои ободу зебо ва ба пойтахти дар ҳақиқат пешрафтаи давлати соҳибистиқлоли тоҷикон мубаддал гардондани он саъю талоши боз ҳам бештар карда, исбот менамоянд, ки мардуми мо аз қадим шаҳрсозу шаҳрдору шаҳрнишин мебошад.
Бори дигар кулли сокинони пойтахти Ватани маҳбубамон ва ҳамаи шумо ҳозирини арҷмандро ба ифтихори Ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ табрик намуда, ба ҳар яки шумо саломатӣ, хонаи обод, файзу баракати наврӯзӣ ва барори кор мехоҳам.
Наврӯзатон муборак!


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 22.03.2017    №: 62    Мутолиа карданд: 941

22.04.2019


НИММАРАФОНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДУШАНБЕ. Фенти Тилахан дар мақоми аввал

Ваҳдат ҳусни тоза мегирад

ХОРУҒ. Бунёди бинои шабакаи ёрии таъҷилӣ

19.04.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Жан - Батист Лемуан

Пойтахт ба таҷлили Рӯзи Ғалаба омодагӣ мебинад

Масоили рушди соҳаи маориф матраҳ гардид

Дар Донишгоҳи давлатии Данғара конфронси ҷумҳуриявӣ доир мешавад

Душанбе варзишгарони 15 кишварро ба ҳам меорад

Ҷаҳон дар як сатр

18.04.2019


ҶОМИ АФК. Пирӯзии "Хуҷанд" ва мусовии "Истиқлол"

МУЪМИНОБОД. 221 иншоот дар се сол

РАШТ. Боғистон доман паҳн мекунад

17.04.2019


БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ . Ба қонун иловаҳо ворид шуданд

ДМТ. Як нишасти муҳим

Хонандагони Душанбе пешсафи олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ

Армуғон барои дӯстдорони ҷуғрофия

ҶОМИ ОСИЁ. Паҳлавонони тоҷик соҳиби 5 медал

Ҷаҳон дар як сатр

16.04.2019


Вохӯрии Саидзода Зоҳир Озод бо Аскар Таҷибаев

Баррасии масоили мубрам

Ҳамоиш бахшида ба оғози расмии Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Калонтарин тайёра дар дунё ба ҳаво хест

Дар Қазоқистон онлайн-қаллобон фаъол мешаванд

Дар СММ аз манфиати лоиҳаи «Камарбандҳо ва роҳҳо» сухан рафт

Аз таркиш дар Афғонистон ҳафт кӯдак ҳалок гашт

Филмҳои ду коргардони тоҷик барои Фестивали кинои мусалмонӣ интихоб шуданд

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС. Иштироки варзишгарони тоҷик дар Чемпионати Осиё

12.04.2019


Бо иштироки Сарвазири мамлакат дар шаҳри Кӯлоб як қатор иншоот ба истифода дода шуд

Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии давлатҳои аъзои СҲШ

Форуми байналмилалии рушди сармояи инсонӣ доир мегардад

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ – 2019 ОИД БА ФУТЗАЛ. Рақибони Тоҷикистон муайян гаштанд

"Кашшофи падидаҳои наврас"

НОҲИЯИ РӮДАКӢ . Сафи соҳибкорони ватандӯст меафзояд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед