logo

сиёсат

ТАШРИФИ САРВАРИ ДАВЛАТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД

23 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади иштирок дар идомаи тантанаҳои ҷашни Наврӯз, шиносоӣ бо ҷараёни корҳои бунёдкорию созандагӣ ва ифтитоҳи як қатор иншооти ҷашнӣ ба вилояти Суғд ташриф оварданд.

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмонро раиси вилояти Суғд ва дигар масъулону намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд истиқбол гирифтанд.
Намояндагони аҳли ҷомеаи вилояти Суғд - собиқадорон, занону ҷавонон ва аҳли илму фарҳанг Пешвои маҳбуби худро бо самимияти афзуну рӯҳияи болида ва фазои шукӯҳманди наврӯзӣ пазироӣ намуданд.
Гурӯҳи ҷавонон, духтарони атласу адрасбабар бо иҷрои суннатҳои Наврӯзи аҷдодӣ, шукргузорию ифтихори хешро аз сулҳу ваҳдати миллӣ, фазои ободу шукуфоӣ тараннум намуданд, ки таҷассумгару ифодагари пешрафту шукуфоии Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад.
Ҳадаф аз ин сафари кории Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон  ба вилояти Суғд шиносоӣ бо рафти корҳои ободонию бунёдкорӣ, вусъати корҳои саҳроӣ, иштирок дар маросими ифтитоҳи иншооти таъйиноти гуногун, гузоштани санги асос барои сохтмони иншооти дигар ва мулоқот бо сокинону фаъолони шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд мебошад.
Шаҳру ноҳияҳои вилоят бо ободиву ҷилои тоза, сарсабзию шукуфтанҳо аз файзи соҳибистиқлолии кишвар ба ифтихори Наврӯзи ҷаҳонӣ ва ташрифи меҳмони олиқадр қабои идона ба бар карда, сокинони вилоят бо либоси идона ва шодиву нишот ба кӯчаҳо баромада, аз Пешвои миллат ва Ҷашни байналмилалии Наврӯз истиқбол намуданд.
Боиси зикр аст, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ, фазои сулҳу суботи сартосарии мамлакат ва ҷаҳду талоши бевоситаи Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ободу зебо ва шароити зиндагии сокинон беҳтар гардид. Аҳли ҷомеаи вилояти Суғд ба саҳми беназири Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар барқарор кардани сулҳу субот дар кишвар арҷ мегузоранд. Истиқболи самимии сокинони вилоят нишон аз пуштибонии комили сиёсати созандагии Пешвои миллат мебошад.

Ифтитоҳи бинои нави таълимӣ дар деҳоти Унҷӣ
Рӯзи аввали сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд аз мавриди баҳрабардорӣ қарор додани бинои нави таълимии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 14 - и деҳаи Унҷии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оғоз гардид.
Сарвари давлатро дар саҳни бинои мактаб хонандагону устодони ин даргоҳи таълимӣ самимона истиқбол гирифтанд. Сипас дар вазъи мутантан бо буридани лентаи рамзӣ Пешвои миллат ба фаъолияти бинои нави таълимии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 14 оғоз бахшиданд.
Пешвои миллат ҳангоми боздид аз синфхонаҳо ва шиносоӣ бо шароиту имкониятҳои дар он мавҷудбуда иброз намуданд, ки бинои мактаб дар муҳлати кӯтоҳ, яъне 9 моҳ пурра сохта ва мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шудааст. Дар мактаб ба ғайр аз бинои нав бинои куҳна низ фаъол буда, дар маҷмӯъ 1900 хонанда ба таълим фаро гирифта мешавад. Дар муассисаи таълимии мазкур 130 омӯзгори соҳиби маълумоти олӣ фаъолият дорад.
Воқеан, бинои нави таълимии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 14 намои хеле зебо дошта, бо тарҳу услуби меъмории ҳозиразамон бунёд ёфтааст. Бино сеошёна буда, барои 1080 ҷойи нишаст бо назардошти таҳсил дар 2 баст тарҳрезӣ шудааст. Дар бинои асосии мактаби нав ҳуҷраҳои кории муаллимон ва 18 синфхонаи фаннӣ, аз ҷумла, синфхонаҳо аз фанҳои астрономия, физика, химия ва информатика, ки бо тамоми лавозимоти таълимии ҳозиразамон муҷаҳҳаз шудаанд, ҷойгиранд.
Бинои мактаби нав дорои толори варзишии барҳаво низ мебошад, ки он барои бозиҳои волейбол, баскетбол, теннис ва футболи хурд пешбинӣ гаштааст. Барои тамошобинон 200 ҷойи нишаст ташкил карда шудааст. Дар ҳавлии мактаб, инчунин, ду майдончаи варзишӣ барои бозиҳои волейбол ва баскетбол ҷойгир мебошад. Бояд гуфт, ки бинои мактаби нав аз ҷониби ҶДММ Раёсати сохтмонии "Барқарор" дар муддати кӯтоҳ бо харҷи 8,5 миллион сомонӣ бунёд гардидааст.
  Пас аз мавриди баҳрабардорӣ қарор додани бинои нави таълимии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №14, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо хонандагону омӯзгорон, аҳли ҷамоатчигӣ ва фаъолони ноҳия мулоқоти самимона анҷом доданд.
Сарвари давлат дар суханронии худ зикр карданд, ки соҳаи маориф дар сиёсати давлат аз бартариятҳои хоса бархӯрдор мебошад. Сабаб дар он аст, ки ба воситаи муассисаҳои таълимӣ, аз боғча сар карда, то мактаби миёнаю донишгоҳу донишкада мо насли соҳибмаърифатро ба воя мерасонем, ки дар оянда мутахассиси касбӣ шуда, саҳмашонро барои пешрафти кишварамон гузоранд.
Дар вохӯрӣ хонандагон ва сокинон низ ба сухан баромада, миннатдории хешро ба Сарвари давлат барои бунёди ин мактаби наву замонавӣ ва умуман корҳои бузурги ободонию созандагӣ дар ҷумҳурӣ баён намуданд.

Шиносоӣ бо фаъолияти «Атласи Хуҷанд»
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд бо фаъолияти Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Атласи Хуҷанд» шинос шуданд.
Зимни боздид ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки корхонаи мазкур ҳанӯз соли 1966 дар масоҳати 7,7 гектар бунёд шуда буд ва аз он замон то имрӯз дар ин ҷо асосан маҳсулоти абрешимӣ, аз қабили матои атлас истеҳсол карда мешавад.
Корхона, ки дар гузашта бозори Тоҷикистон ва минтақаро бо матои хушсифати атлас таъмин мекард, як муддат, яъне то соли 2005 бо иқтидори пуррааш фаъолият надошт ва аз ҳамон сол инҷониб бо дастгирӣ ва таваҷҷуҳи бевоситаи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дубора барқарор карда шуда, дар ин ҷо истеҳсоли атласу адрас роҳандозӣ гардид.
Айни замон дар корхонаи «Атласи Хуҷанд» 32 дастгоҳи худкори матоъбофӣ насб гардида, бо истифода аз он тавлиди атласу адрас, ки имрӯз талабот ба ин ду навъи матои миллии мардуми тоҷик ҳам дар дохил ва ҳам дар бозори минтақа бештар мебошад, васеъ ба роҳ монда шудааст.
Имрӯз дар корхонаи мазкур беш аз 100 нафар машғули кор буда, зиёда аз 60 намуди атлас ва 30 намуди адрас истеҳсол мешавад, ки аз нигоҳи сифат ва тарҳ ҷавобгӯи стандартҳои байналмилалӣ мебошанд. Давоми як сол бо истифода аз шароиту имконоти мавҷуда 60 ҳазор метри тӯлонӣ атлас истеҳсол карда мешавад ва агар басти дуюми корӣ роҳандозӣ гардад, ин нишондод ба 120 ҳазор метри тӯлонӣ хоҳад расид. 
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки дар сурати ба инобат гирифтани талаботи аҳолӣ ва ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир метавон ҳам дар дохил ва ҳам берун аз кишвар харидорони бештарро пайдо кард. Ин омил, пеш аз ҳама, ба афзоиши маҳсулот мусоидат намуда, воридоти он аз хориҷи кишвар низ ба пуррагӣ аз байн хоҳад рафт.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба масъулони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва вазорату идораҳои дахлдори кишвар супориш доданд, ки корхонаи мазкур ба пуррагӣ бо ашёи хом таъмин карда шавад, зеро дар сурати дастрасии пурра ба абрешим ҳаҷми маҳсулот зиёд гардида, дар ин замина ҷойҳои нави корӣ низ таъсис меёбанд.

Базми наврӯзии 500 кӯдаки ятим
Дар доираи сафари корӣ дар вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҳаллаи 34 - уми шаҳри Хуҷанд як бинои 9 - ошёнаи истиқоматиро бо марказҳои савдою хизматрасонӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Иншооти мазкур бо харҷи 15 миллиону 286 ҳазор сомонӣ аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Аюб Тоҳиров ба истифода дода шудааст. Корҳои сохтмониро коргарону мутахассисони ватанӣ ба анҷом расондаанд ва иншооти мазкур аз нигоҳи меъёрҳои меъморӣ ба талаботи замони муосир ҷавобгӯ мебошад.
Бинои истиқоматӣ дорои 50 хона, аз ҷумла 10 хонаи якҳуҷрагӣ, 18 дуҳуҷрагӣ, 10 сеҳуҷрагӣ ва 12 хонаи чорҳуҷрагӣ аст. Дар ошёнаҳои 1 ва 2 марказҳои савдо ва хизматрасонӣ ҷойгир мебошанд.
Зимни шиносоӣ Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо шароити манзилҳои зист ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, иқдоми пешгирифтаи соҳибкорро дар самти бунёдкорию ободонӣ иқдоми шоиста арзёбӣ карданд.
Баъди ифтитоҳи бинои баландошёнаи истиқоматӣ дар ҳамин ҷо Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба даҳ нафар аз оилаҳои маъюб калиди хонаҳои истиқоматиро тақдим намуданд. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба соҳибкори ватандӯст Аюб Тоҳиров барои анҷоми кори хайр, иқдоми наҷибу савоб дар рӯзҳои таҷлили Ҷашни байналмилалии Наврӯз, изҳори сипос карданд.
Оилаҳои маъюбе, ки дар ин бинои хуштарҳу замонавӣ соҳиби хонаҳои барҳаво гардиданд, ба Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон арзи сипосу миннатдорӣ карданд.
Дар ошёнаи якуми бинои истиқоматӣ барои 450 нафар ятимони кулл дастархони наврӯзӣ ороста шуда, ҳамзамон хатнасури 50 нафар кӯдак аз оилаҳои ниёзманд баргузор гардид. Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон кӯдаконро ба муносибати фарорасии Ҷашни байналмилалии Наврӯз табрику таҳният гуфта, ба онҳо туҳфаҳои арзанда тақдим намуданд.

Наврӯзиҳои шаҳри Исфара
Субҳи 24 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади иштирок дар ифтитоҳи як қатор иншооти ҳаётан муҳим ба шаҳри Исфараи вилояти Суғд ташриф оварданд.
Дар фурудгоҳи муваққатии шаҳр Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмонро сокинону фаъолон бо эҳтирому самимияти хоса ва ба таври бошукӯҳ истиқбол гирифтанд.
Ҳамасола дар рӯзҳои таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ Сарвари давлат дар доираи тадбирҳои созандагиву бунёдкорӣ ба шаҳру навоҳии вилояти Суғд ташриф меоранд.

Оғози фаъолияти ҶДММ "Баракат Исфара"
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон нахуст ба корхонаи тозабунёди коркарди меваи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди "Баракат Исфара" ташриф оварда, бо пахши тугма ба фаъолияти ин коргоҳ оғози расмӣ бахшиданд. Корхона бо сармоягузории соҳибкорони Федератсияи Русия, ки 97 дарсадро ташкил медиҳад, бунёд ва бо дастгоҳу таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз гардидааст.
Маблағи умумӣ барои бунёд ва ба таври пурра ба роҳ мондани фаъолияти ин корхона 3 миллион доллари амрикоӣ ё худ 24 миллион сомониро ташкил медиҳад.
Дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди "Баракат Исфара" коркарди маҳсулот бо истифода аз буғи гарм, нарм сохтани зардолу ва сиёҳолу, гирифтани донак, коркарди безараркунӣ, ташхиси озмоишӣ, ба навъҳо ҷудо кардан ва банду басти меваҳо ба роҳ монда шудааст. Маҳсулоти коркардшуда асосан ба Федератсияи Русия, Қазоқистон, Иттиҳоди Аврупо ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико содирот мегардад. Дар коргоҳ 70 нафар соҳиби ҷойи кор гардид, ки аз ин ҳисоб 65 нафар зан ва 5 каси дигар мардон мебошанд. Маоши кормандон вобаста аз мавсими корӣ аз 700 то 2000 сомониро дар бар мегирад.
Сарвари давлат ба фаъолияти корхона бевосита шинос шуда, ба корҳои анҷомдодашуда баҳои баланд доданд. Барои коркарди босифати маҳсулоти меваи хушк дастуру супоришҳои мушаххас дода шуданд.
Истеҳсолгарон навъҳои маҳсулоти аз меваи хушк омодагардидаро низ ба намоиш гузоштанд. Сарвари давлат аз маҳсулоти истеҳсолкардаи соҳибкорон дидан карда, барои бештар фаро гирифтани  бозори дохилӣ ва зиёд намудани истеҳсолоту ба ҳамин васила кам кардани талафоти ҳосили мева дастуру тавсияҳои муфид доданд.
Намояндагии корхона дар шоҳроҳи Исфара - Хуҷанд ҷойгир шуда, аз коргоҳи банду басти меваи хушк ва сардхона барои нигоҳдории маҳсулоти худи корхона пешбинӣ гардидааст. Ба гуфтаи масъулон, дар маҷмӯъ дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди "Баракат Исфара" ва филиали он дар шоҳроҳи Исфара - Хуҷанд 170 нафар ба корҳои мавсимӣ ҷалб мегарданд.
Таъкид шуд, ки дар сурати пешрафти кор имкон аст, ки шумораи кормандон боз ҳам бештар карда шуда, то ба 250 нафар ба фаъолият дар ин коргоҳ ҷалб карда шаванд. Дастгоҳҳои дар ин корхона насбу васлгардида аз Русия ва Туркия харид шудаанд. Маҳсулоти корхона ба меъёрҳои ҷаҳонӣ ҷавобгӯй мебошад.

Ифтитоҳи Боғи фарҳангӣ - фароғатии ба номи Сайфуддини Исфарангӣ
Дар доираи боздиди корӣ аз шаҳри Исфара Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ин шаҳри бостонӣ дар маросими баъд аз таҷдиду навсозӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани Боғи фарҳангӣ - фароғатии ба номи Сайфуддини Исфарангӣ ширкат варзиданд.
Сокинони шукргузор ва ваҳдатсарои шаҳри Исфара Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмонро бо шаҳомати махсус ва рӯҳияи идонаи наврӯзӣ пазироӣ карданд.
Иқдоми навсозии боғи фарҳангӣ - фароғатӣ дар асоси дастуру ҳидоятҳои Роҳбари давлати Тоҷикистон рӯи даст гирифта шуда, натиҷаи татбиқи сиёсати фарҳангпарваронаи Пешвои миллат мебошад. Бояд гуфт, ки ин гӯшаи шаҳр нообод буд ва дар заминаи тадбирҳои созандагиву иқдомоти бунёдкорӣ ба як минтақаи муносиби истироҳатӣ ва сайргоҳи бошандагони шаҳри Исфара табдил дода шуд.
Тибқи нақшаҳои меъмории тасдиқгардида, дар Боғи фарҳангӣ - фароғатии ба номи Сайфуддини Исфарангӣ бунёди дарвоза-даромадгоҳ, фаввора ва шаршараҳо, минбар - нишастгоҳи бо тарзи миллӣ кандакоришуда, роҳравҳо, нишастгоҳҳо, чароғонкунии ороишӣ ва сабзазору кабудизоркунии ҳудуди боғ бо масоҳати 2,8 гектар сурат гирифт.
Дар ҳамин мавзеъ муҷассамаи шоири тоҷику форс Сайфуддини Исфарангӣ бо баландии зиёда аз 5,5 метр гузошта шуд. Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон парда аз болои муҷассамаи шоири тоҷику форс Сайфуддини Исфарангӣ бардошта, ба фаъолияти ин боғ оғози расмӣ бахшиданд.
Мавлоно Сайфуддини Исфарангӣ аз зумраи шоирони номовари адабиёти тоҷикӣ - форсии садаи ХIII буда, дар адабиёт ва шеъру шоирӣ мавқею мақоми хос ва дар илму фан манзалати воло доштааст.
Зикр рафт, ки арзиши умуми Боғи фарҳангӣ - фароғатии ба номи Сайфуддини Исфарангӣ бештар аз 4 миллиону 200 ҳазор сомониро ташкил дода, асосан бунёди он тариқи ҳашар бо дастгирии корхонаҳои саноатӣ, ташкилоту муассисаҳо, соҳибкорони саховатпеша ва аҳолии шаҳраку деҳоти Исфара сурат гирифтааст. Умуман, масоҳати зери таҷдид ва азнавсозӣ қароргирифтаи боғ 3,3 гектар буда, 8000 метри мураббаъ масоҳати майдону роҳравҳо мебошад. Пудратчии асосии азнавсозии боғ ҶДММ «Ширкати сохтмонии Исфара», «Асри Х», инчунин ҶСК «Шабакаҳои барқии Исфара», қитъаи обтаъминкунии обу ташноб буда, фармоишгари иншоот шуъбаи сохтмони асосии мақомоти иҷроияи шаҳр маҳсуб меёбад.
Баъд аз анҷом ёфтани маросими пардабардорӣ аз болои муҷассамаи Сайфуддини Исфарангӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди сокинони шаҳри Исфара ва намояндагони доираҳои адабӣ сухан ронда, аҳолии шаҳри бостониро бо фарорасии ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ шодбош гуфтанд ва иншооти дар ин рӯз мавриди баҳрабардорӣ қароргирифтаро туҳфаи арзандаи наврӯзӣ унвон карданд.
Дар ниҳояти чорабинӣ дар иртибот ба мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани Боғи фарҳангӣ - фароғатии ба номи Сайфуддини Исфарангӣ барномаи мукаммали консертӣ доир шуд.

Шиносоӣ бо рафти корҳои азнавсозӣ дар осоишгоҳи “Зумрад”
Дар шаҳри Исфара Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳои азнавсозӣ дар Ҷамъияти саҳомии кушодаи осоишгоҳи “Зумрад” шинос шуданд.
Зимни шиносоӣ аз шароити нави осоишгоҳ, ки коргарону мутахассисони Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи “Сомонсуғд” баҳри мустаҳкамнамоии пойгоҳи моддию техникии осоишгоҳ барои мизоҷон муҳайё кардаанд, иттилоъ дода шуд, ки дар рафти корҳо бинои рақами 4 аз таъмири асосӣ бароварда шуда, хизматрасонии ошхонаи осоишгоҳ ба талаботи рӯз мутобиқ карда шудааст.
Аз тарафи кормандони “Сомонсуғд” ҳамчунин дар ҳудуди осоишгоҳ бо мақсади таъмини пурраи ошхонаи осоишгоҳ бо гӯшт, шир, сабзавоту полизӣ фермаи моливу ширӣ, парандапарварӣ ва 4 адад гармхона бунёд карда шудаанд.
Бо мақсади ба як ҷойи боз ҳам хушбоду ҳаво ва дилнишин мубаддал гардондани ин мавзеъ дар осоишгоҳ 4 ҳазор бех дарахтони мевадиҳанда, 1000 дона дарахтони ороишӣ ва 11 ҳазор бех гули гуногун шинонда шудаанд. Дар маҷмӯъ барои корҳои таъмиру таҷдиди осоишгоҳ аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ беш аз 20 миллион сомонӣ сарф гардидааст.
Дар ҳамин ҷо Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди меҳмонхонаи нави осоишгоҳи “Зумрад” санги асос гузоштанд.
Меҳмонхона аз таҳхона ва 6 ошёна иборат буда, дар таҳхона ташкил намудани ҳуҷраҳои ташхисию табобатӣ бо таҷҳизоти муосири соҳавӣ дар назар дошта шудааст. Дар ошёнаи якум қабулгоҳ ва ҳуҷраҳои қабули табибон, инчунин толори варзишӣ-фитнес, нуқтаҳои тиббӣ, фурӯши рӯзномаю маҷаллаҳо, армуғонҳо ва кошонаи ҳусн, дар ошёнаи дуюм маҷлисгоҳ, ошхона ва дар ошёнаҳои болоӣ ҳуҷраҳои истиқоматӣ барои 300 нафар истироҳаткунанда - аз ҳуҷраҳои як ва дунафара ба нақша гирифта шудааст. Ҳамаи ҳуҷраҳо мутобиқ ба талаботу меъёрҳои стандарти муосир бунёду муҷаҳҳаз ва бо шабакаи ҷаҳонии интернет пайваст карда хоҳанд шуд. Боми бино низ барои истироҳату фароғат ва ҳам пешбурди амалҳои иқлимшифоӣ - табобат бо нури офтоб пешбинӣ шудааст. Тибқи нақша дар ду соли оянда барои истироҳату фароғат ва табобати 1200 нафар шароит фароҳам оварда мешавад. Ҳамзамон бо ин 300 ҷойи нави корӣ таъсис дода мешавад, ки барои ба шуғл фаро гирифтани сокинони маҳаллӣ мусоидат менамояд.
Дар шафати бинои мазкур низ мутобиқи лоиҳаи муосир аквапарк бунёд карда мешавад.
Ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин лоиҳаи бунёди маркази ташхисӣ - табобатии муосир иборат аз 2 ошёна дар даромадгоҳи осоишгоҳ муаррифӣ карда шуд. Дар ин ҷо инчунин сохтмони қароргоҳи ҳукуматӣ барои қабули меҳмонони фахрӣ ба нақша гирифта шудааст, ки дар масоҳати 5,6 гектар мутобиқ ба меъёрҳои байналхалқӣ бунёд карда хоҳад шуд. Қароргоҳ аз меҳмонхона, табобатгоҳ, тарабхона, майдони варзишӣ, ҳавзҳои тобистона ва зимистонаи шиноварӣ, толорҳо барои гузарондани гуфтушуниду ҷаласаҳо, фаввораю гулгаштҳо ва дигар нуқтаҳои хизматрасонӣ иборат мебошад.
Баъди шиносоӣ бо шароити кору хизматрасонӣ дар осоишгоҳи “Зумрад” Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба соҳибкорони ватанӣ бобати муҳайё намудани шароити хуби истироҳату табобат ва тавонбахшӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва дигар иқдомоти шоиста баҳои баланд дода, ба онҳо барору комёбиҳои нав орзу намуданд.

Машварати корӣ бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд
24 марти соли 2017 дар шаҳри Гулистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд машварати корӣ доир намуданд.
Дар машварат вазъи иқтисодию иҷтимоии вилояти Суғд, рафти корҳои ободонию созандагӣ, кишту кори баҳорӣ ва кишти такрорӣ, ташкили корхонаҳои нави саноатӣ ва таъсиси ҷойҳои корӣ, бартараф кардани камбудию мушкилоти ҷойдошта мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуданд.
Зимни суханронии худ Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон рушди бахшҳои иқтисодию иҷтимоии шаҳру ноҳияҳои вилоятро мавриди таҳлили амиқ қарор доданд. Таъкид гардид, ки то аввали соли 2017 бақияи қарзи вилоят аз андоз ба буҷет бо дарназардошти андози иҷтимоӣ беш аз 130 миллион сомониро ташкил кардааст, ки ҳиссаи бештари он ба шаҳрҳои Хуҷанд, Истаравшан, Исфара, ноҳияҳои Зафаробод, Мастчоҳ ва Бобоҷон Ғафуров рост меояд. Соли 2016 буҷети вилояти Суғд ба андозаи 101,8 фоиз иҷро шуда, ба он 1,9 миллиард сомонӣ ворид гардидааст, ки нисбат ба нақша 34,5 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
Ҳоло дар вилоят 23 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ мавриди амал қарор дорад, ки маблағи умумии то имрӯз азхудшуда 1,7 миллиард сомониро ташкил медиҳад. Танҳо дар ду соли охир дар вилоят 123 корхонаи саноатӣ бунёд гардидааст. Инчунин, дар соли 2016 аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои сармоягузорӣ ба маблағи 1,3 миллиард сомонӣ фондҳои асосӣ ба кор андохта шудаанд, ки нисбат ба соли 2015 29 фоиз зиёд мебошад.
Соли гузашта кишоварзони вилоят дар майдони беш аз 270 ҳазор гектар замин кишт гузаронда, ба маблағи зиёда аз 6 миллиард сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардаанд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2015 9,1 фоиз зиёд мебошад.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо супориш доданд, ки камбудиҳои ҷойдоштаро дар самти татбиқи босифату саривақтии барномаҳои гуногуни рушди иқтисодиву иҷтимоӣ бартараф намоянд. Нишондиҳандаҳои даромади буҷетро таъмин, бақияпулиҳои андозро коҳиш дода, аз хароҷоти дуюмдараҷа худдорӣ намоянд. Инчунин, барои таъмин кардани маблағгузории лоиҳаҳои рушди инфрасохтор ва лоиҳаҳои дорои аҳамияти иқтисодиву иҷтимоӣ тадбирҳои иловагӣ андешанд.
Дар машварат Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон аз болоравии сатҳи ҷинояткорӣ, ки бештар дар шаҳрҳои Гулистон, Истаравшан, ноҳияҳои Ашт, Шаҳристон ва Кӯҳистони Мастчоҳ ба қайд гирифта шудааст, изҳори нигаронӣ карданд. Мувофиқи маълумоти оморӣ дар соли 2016 ва ду моҳи соли ҷорӣ дар вилоят 6233 ҷиноят содир карда шудааст ва кушодани ҷиноятҳо 94 фоизро ташкил медиҳад. Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ барои рафъи камбудиҳо, инчунин пешгирию коҳиш додани сатҳи ҷинояткорӣ вазифадор шуданд.
Дар машварат супоришҳои дигар ба Вазорати саноат ва технологияҳои нав вобаста ба истифодаи самараноки иқтидорҳои мавҷуда, бамаротиб зиёд кардани нишондиҳандаҳои истеҳсолӣ ва ба Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ оид ба пурра таъмин намудани бозори дохилӣ бо маҳсулоти кишоварзӣ, зиёд кардани содироти он, истифодаи самаранок ва оқилонаи ҳар як ваҷаб замини кишт дода шуданд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз вазъи ташвишовари риояи қонунгузорӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят дар соҳаи замин ёдовар шуда, роҳбарияти вилоят ва раисони шаҳру ноҳияҳоро вазифадор намуданд, ки бо масъулияти тамом ҷиҳати риояи ҳатмии қонунгузорӣ ва пешгирии қонуншиканӣ дар ин самт чораҳои қатъӣ андешанд.
Ҳисоботи раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ва раисони як қатор шаҳру ноҳияҳои вилоят оид ба натиҷаи фаъолияти бахшҳои хоҷагии халқи вилоят давоми соли 2017, рафти татбиқи супоришҳои Президенти мамлакат аз Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олӣ ва иҷрои дигар дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон шунида шуд.
Дар охир Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо итминон изҳор доштанд, ки фаъолони вилоят минбаъд низ барои иҷрои дастуру супоришҳои Ҳукумати мамлакат ҷиҳати пешбурди соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ бештар талош варзида, дар пешрафти ҷомеа саҳми босазо мегузоранд.

Оғози кишти пахта дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
25 март дар рӯзи сеюми сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷамоати деҳоти «Исмоил» - и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба кишти пахта оғоз бахшиданд.
Кооперативи тиҷоратии хоҷагиҳои ҷамоавии ба номи Турсунбой Қӯшатов аз ҷумлаи хоҷагиҳои пешқадами ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар самти чорвопарварӣ, пахтакорӣ, ғаллакорӣ ва боғдорӣ ба ҳисоб меравад.
Соли гузашта дар ин хоҷагӣ дар майдони 658 гектар пунбадона кишт шуда, аз ҳар гектари он ба ҳисоби миёна то 23 - сентнерӣ ҳосил гирифтанд. Имсол аз рӯи нақшаи пешбинишуда кишоварзони хоҷагӣ дар майдони 800 гектар кишти пунбадона мегузаронанд. Ҳамасола васеъ кардани майдони кишти пахтаро хоҷагидорон ба манфиатовар будани ин самти соҳаи кишоварзӣ марбут медонанд.
Сарвари давлат ҳангоми мулоқот бо саҳмдорони Кооперативи тиҷоратии хоҷагиҳои ҷамоавии ба номи Турсунбой Қӯшатов изҳор доштанд, ки ҳангоми кишт ба навъ ва сифати пунбадона аҳамияти аввалиндараҷа зоҳир намоянд. Барои хуб нашъунамо ёфтани ниҳоли пахта корҳои агротехникӣ ва ғизодиҳӣ сари вақт ва бо меъёри зарурӣ иҷро карда шаванд. Танҳо дар ин ҳолат ҳосили фаровони пахта рӯёндан мумкин аст.
Имсол хоҷагидорон дар заминҳои худ кишти пахтаро бо истифода аз тухмии серҳосили хориҷии навъи "Флеш" ба нақша гирифтаанд. Ба иттилои масъулон, тухмии нав дар шароити иқлими ноҳияи Бобоҷон Ғафуров хуб сабзиш ёфта, деҳқонон ният доранд, ки аз ҳар гектар замин аз 40 то 60 - сентнерӣ ҳосил рӯёнанд. Барои сари вақт ва босифат анҷом додани маъракаи кишти пахта ҳамаи техникаҳои кишоварзии хоҷагӣ, ки аз 13 адад техникаи нармкунандаи замин, 7 адад тухмипошак ва 13 култиватор иборат мебошад, омодаи кор аст.       
Пешвои миллат ҳамзамон аз боғи интенсивии Кооперативи тиҷоратии хоҷагиҳои ҷамоавии ба номи Турсунбой Қӯшатов дидан намуданд. Тавре иттилоъ дода шуд, боғи навбунёди интенсивӣ, ки масоҳати 40 садякро дар бар мегирад, дар ҷойи боғҳои куҳна бунёд гардидааст. Дар боғ асосан ниҳолҳои шафтолуи навъи "Роял сумерк", навъи олуи "Июнская роза" ва зардолуи машҳури "Мирсанҷалӣ" шинонда шудаанд.
Пешвои миллат барои деҳқонон манфиатбахш будани боғи интенсивиро шарҳу эзоҳ дода, таъкид доштанд, ки дар шароити кӯҳистон бунёд кардани чунин боғ хеле қулай аст, зеро дар масоҳати на он қадар калон шумораи зиёди ниҳолҳоро шинондан мумкин аст. Яке аз бартариятҳои боғи интенсивӣ дар зуд ба ҳосил даромадани дарахтон мебошад. Аллакай баъд аз ду сол боғҳои навбунёди интенсивӣ боровар мешаванд. Дар байни қатори дарахтон бошад, боғдорон метавонанд навъҳои гуногуни сабзавот ва полизӣ кишт намоянд.
Сарвари давлат таваҷҷуҳи хоҷагидоронро ба истеҳсоли меваҳои хушсифати содиротӣ ҷалб намуда, зикр карданд, ки бо васеъ шудани масоҳати боғҳо дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ба масъалаи коркард ва хушкондани меваю сабзавот низ аҳамияти зарурӣ дода шавад. Дар навбати худ деҳқонон иброз намуданд, ки айни ҳол дар хоҷагӣ дар майдони 1200 га боғу токзорҳо мавҷуданд, ки ҳосили меваи онҳо на танҳо дар бозорҳои ҷумҳурӣ, балки берун аз он ҳам содирот мешавад. Иброз гардид, ки дар ҳамаи самтҳои соҳаи хоҷагидории Кооперативи тиҷоратии хоҷагиҳои ҷамоавии ба номи Турсунбой Қӯшатов зиёда аз 600 саҳмдор фаъолият менамояд, ки самараи меҳнати онҳо хони сокинони кишварро бо маҳсулоти гӯштӣ ва меваю сабзавоти тару тоза оро медиҳад.
Пешвои миллат ба коргарони хоҷагӣ барои рушди боғу токпарварӣ, истифодаи мақсадноки замин, обёрии саривақтӣ, парвариши зироат дар гармхонаҳо ва ба ҳамин восита таъмин намудани бозорҳои ноҳия ва вилоят бо сабзавоти барвақтӣ дастуру ҳидоятҳо доданд.

Обёрӣ ва азхудкунии заминҳои нав дар мавзеи Сомғори шаҳраки Сайҳун
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар заминҳои бекорхобидаи Сомғор дар шаҳраки нави Сайҳун оби полизиро кушода, ба бунёди боғи нави зардолу оғоз бахшиданд. Оби мазкур ба воситаи пойгоҳҳои обрасонии “Сайҳун - 1” ва “Сайҳун - 2” аз дарёи Сир ба ин мавзеъ оварда шудааст. 
Бо дастуру супоришҳои бевоситаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пойгоҳҳои обкашии “Сумчак - 1” ва “Сумчак - 2” - и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров азнавсозӣ гардида,  барои амалӣ намудани лоиҳаи азхудкунии мавзеи Сомғор сохтмони пойгоҳҳои обкашии “Сайҳун - 1” ва “Сайҳун - 2” ба роҳ монда шуда буд.
Дар даврони соҳибистиқлолии кишвар яке аз иқдомҳои бузургу шоистаи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ин минтақаи кишвар азхудкунии дашти ташналаби Сомғор ва бунёди шаҳраки нави Сайҳун мебошад.
24 марти соли 2015 зимни як сафари кории Пешвои миллат ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар дашти Сомғор ва минтақаи Мирзоравоти ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд ба сохтмони як шаҳраки нави замонавӣ асос гузошта буданд. Пешвои миллат санги асоси бунёди якчанд иншооти шаҳраки навбунёди Сайҳунро гузошта, ба корҳои обёрӣ ва бунёди боғи интенсивӣ оғоз карда буданд. Дар ин ҷо Сарвари давлат нахуст бо нақшаи шаҳраки нав шинос шуда, ба бунёди он асос гузошта, пешниҳод намуданд, ки он Сайҳун номида шавад. Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми гузоштани санги асоси бунёди шаҳраки Сайҳун ба сохтмончиёну соҳибкорон супориш доданд, ки дар шаҳраки нав биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ ва муассисаҳои иҷтимоӣ бояд бо риояи тарҳи миллии меъморӣ ва бо сифати баланд бунёд карда шаванд, то ки онҳо ба мардум солҳои тӯлонӣ хизмат намоянд.
Иқдоми бунёди шаҳраки нав аз тарафи Сарвари давлат бо дарназардошти афзоиши аҳолии шаҳри Хуҷанд ва шаҳру ноҳияҳои атрофи он, таъмин намудани оилаҳои эҳтиёҷманд бо қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ барои бунёди манзили истиқоматӣ ва азхудкунии заминҳои нав барои ба роҳ мондани истеҳсолоти кишоварзӣ, аз ҷумла, тавассути бунёди боғҳои нав мавзеи Сомғори ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ки қариб 15 ҳазор гектар заминҳои бекорхобида дорад, ба миён гузошта шудааст. Тибқи нақшаи генералӣ шаҳраки Сайҳун барои истиқомати 40 ҳазор хонавода ё 240 ҳазор нафар аҳолӣ бунёд мегардад.
То имрӯз масъалаҳои муҳими барасмиятдарории замини ҳудуди шаҳрак, ба воситаи пойгоҳҳои пуриқтидор кашидани хати оби полизӣ дар ду марҳала ба масофаи 14 километр ва оби нӯшокӣ ба масофаи беш аз 9 километр, хати барқ ва чароғонкунӣ дар масофаи 6 километр, бунёди роҳҳои асосӣ зиёда аз 11 километр, лӯлаи обпарто ва канали обгузар ба масофаи 4 километр ва маблағгузории корҳои он сари вақт ҳал карда шуд ва кабудизоркунии атрофи иншооту корҳои ободонӣ бомаром идома доранд.
Бояд дар марҳалаи аввал дар майдони 1000 гектар биноҳои истиқоматӣ, иншооти иҷтимоиву фарҳангӣ бунёд шуда, дар маҷмӯъ, дар майдони 3000 гектар 19 маҳаллаи аҳолинишин, 48 муассисаи таълимӣ, 140 маркази савдо ва хизматрасонӣ, 40 майдонча ва толорҳои варзишӣ, инчунин, бозор ва дигар инфрасохтори зарурӣ бунёд карда шаванд. Корҳои сохтмони роҳи маркази шаҳрак идома дошта, соҳибкорону сохтмончиён аллакай таҳкурсии биноҳои баландошёнаи 9 - 12 ошёна ва коттеҷҳои 2-3 ошёнаро гузошта, корҳои сохтмониро вусъат дода истодаанд. Дар ин муддат дар ҳудуди шаҳраки навбунёд қариб 6 ҳазор оила, яъне қариб 40 ҳазор нафар сокинон соҳиби қитъаи замини наздиҳавлигӣ шудаанд. Аз рӯи маълумот айни замон аз ҷониби беш аз 1000 оила сохтмони манзилҳои истиқоматӣ оғоз гардидааст. Сохтмону мумфаршкунии роҳҳои асосӣ, чароғонкунӣ, кашидани хати оби нӯшокӣ ва полизӣ, сохтмони пойгоҳҳои обкашӣ босуръат давом доранд.
Ҳангоми таҳияи лоиҳаи бунёди шаҳраки Сайҳун ташкили шароити хуби фароғатию фарҳангӣ ва хизматрасонии тиббӣ дар мадди назар қарор дошта, сохтмони 40 адад майдончаҳои варзишӣ, толори варзишӣ, варзишгоҳ, ҳавзи шиноварӣ ва боғи фароғатию истироҳатӣ дар нақша аст. Дар ҳудуди шаҳрак барои сохтмони беморхона 8 гектар ва сохтмони таваллудхона 2 гектар замин пешбинӣ гардидааст.
Азхудкунии даштҳои бекорхобидаи Сомғору Мирзоработ дар чор марҳила амалӣ карда мешавад. Ташаббусҳои созандаи Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар самти обёрии заминҳои бекорхобида - омили асосии татбиқи барномаҳои давлатӣ, аз ҷумла таъмини амнияти озуқаворӣ, дастрасии оилаҳои эҳтиёҷманд ба қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ, бунёди боғҳо бо мақсади афзун намудани иқтидори истеҳсолию содиротии минтақа ва муҳайё кардани ҷойҳои нави корӣ маҳсуб меёбад. Дар марҳилаи аввал ба баландии зиёда аз 118 метр ва ба дарозии 4, 7 километр тавассути лӯлаҳои қутрашон 720 миллиметрӣ аз дарёи Сир об бароварда шуд. Дар доираи азхудкунии дашти ташналаби Сомғор ҳамчунин дар ин мавзеъ дар марҳилаи аввал дар масоҳати 1000 гектар бунёди боғҳои интенсивӣ ба назар гирифта шудааст. Майдони боғоти нав дар оянда ба 7000 гектар расонда мешавад. Боғҳои нав тавассути технологияи муосир бунёд ёфта, бо усули обёрии қатрагӣ нигоҳубин карда мешаванд. Ба андешаи мутахассисон, иқлими мавзеи Сомғор барои бунёди боғҳои нав мусоид буда, хусусан парвариши зардолую шафтолу ва сиёҳолу дар ин минтақа мувофиқ мебошад. Аз рӯи маълумоти коршиносон ҷорӣ намудани системаи обёрии қатрагӣ, ки имрӯз дар кишварҳои пешрафтаи дунё фаровон истифода мешавад, аз чанд ҷиҳат барои деҳқонон манфиатовар аст. Ин усул, қабл аз ҳама, ба сарфаи об ва нуриҳои минералӣ мусоидат мекунад, ки бевосита ба решаи ниҳолҳо ворид карда мешаванд. Ҳарчанд Тоҷикистон кишвари болооб ба ҳисоб меравад, аз ин тарзи обёрӣ истифода мебарад. Зеро  обёрии қатрагӣ сарфаи оби полизиро нисбат ба меъёрҳои маъмул 7 маротиба кам мекунад. Аз ҷониби дигар, ин усул заминро аз шусташавӣ ва эрозия нигоҳ дошта, кори дастии деҳқононро ба маротиб сабук месозад. Агар дар усули анъанавии обёрӣ бо об таъмин намудани ниҳолҳо танҳо дар мавзеъҳои ҳамвор имконпазир бошад, пас бо ин усул имкон аст, дар минтақаҳои ноҳамвор ва нишебиҳо низ шинондани ниҳолҳо ва обёрии онҳо ба роҳ монда шавад.
Мутахассисон, инчунин, дар ҳамкорӣ бо лоиҳаи кадастри замин дар бунёди боғоти нав усули навигатсионии GPS (ҶИПИЭС)-ро истифода мебаранд, ки барои соҳаи боғпарварӣ таҷрибаи нав аст. Системаи мазкур имкон медиҳад, ки ҷои шинондани ҳар ниҳол бе истифодаи усули ресмонкашӣ ва мехчазанӣ ва дар муддати кӯтоҳ муайян карда шавад. Дар боғҳое, ки бо ин усул бунёд мешаванд, қатори дарахтон ва мувозинати онҳо дуруст риоя мегардад.
Зимни суҳбат бо меҳнаткашони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Сарвари давлат таъкид намуданд, ки боғпарварӣ ва сабзавоткорӣ яке аз омилҳои муҳимтарини бо ҷойи корӣ таъмин кардани сокинони деҳот ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии онҳо мебошад.
Бино ба таъкиди Пешвои миллат бунёди боғу токзорҳои нав ва таъмиру таҷдиди боғҳои мавҷуда яке аз роҳҳои асосии тақвияти иқтидори содиротии кишвар, афзоиши даромади оилаҳо ва боз ҳам беҳтар шудани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва дар айни замон татбиқи самараноки сиёсати ободониву созандагӣ мебошад.
Президенти мамлакат ба сокинони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар роҳи татбиқи сиёсати созандаи Ҳукумати кишвар барору комёбӣ орзу намуда, бо итминон изҳор доштанд, ки ба шарофати бунёди боғҳои нави шаҳраки Сайҳун ва дашти Сомғор ин макон ободу зебо мегардад ва солҳои наздик даҳҳо корхонаи коркарди мева сохта, ба истифода супурда мешавад ва аз ҳисоби афзоиши истеҳсоли мева иқтидори содиротии вилоят тақвият меёбад.

Барномаи консертӣ дар Кохи фарҳанги «Суғдиён»
25 март дар шаҳри Хуҷанд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади тамошои барномаи консертии ҳунармандони соҳибистеъдоди панҷ ансамбли навтаъсиси вилояти Суғд ба Кохи фарҳанги «Суғдиён» ташриф оварданд.
Нахуст Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо нишони эҳтиром ва арҷгузорӣ ба таъриху фарҳанги гузаштаи миллати тоҷик дар пояи муҷассамаи сардафтари адабиёти классикии тоҷику форс, одамушшуаро Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, ки дар назди ин кохи муҳташам қомат афрохтааст, гулчамбар гузоштанд.
Кохи «Суғдиён», ки соли 2016 дар рӯзҳои таҷлил аз 25 - умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта буд, барои аҳли ҳунару фарҳанги вилояти Суғд дастоварди беназир ба ҳисоб меравад.
Шурӯъ аз рӯзҳои аввали фаъолият дар Кохи фарҳанги «Суғдиён» ба таъсиси ансамблҳои нав ва ҷалби наврасону ҷавонон ба омӯзиши ҳунарҳои навозандагию овозхонӣ ва тамоми намуди рақс таваҷҷуҳи бештар зоҳир карда мешавад.
Натиҷа ҳамин аст, ки бо ҳидояти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар назди ин муассисаи фарҳангӣ панҷ дастаи ҳунарӣ - ансамбли рақсии «Зебо», ансамбли рақсии ба номи Ғаффор Валаматзода, ансамбли ҳунарии созҳои миллии «Сайҳун», ансамбли созию овозии ба номи Борбад ва дастаи рақсии балет таъсис дода шуд.
Ҷиҳати баланд бардоштани маърифату ҷаҳонбинӣ, таҳкими ҳисси худшиносиву ватандӯстии ҷавонон, дарёфти чеҳраҳои нав ва ҷалби наврасону ҷавонон ба фарҳанг озмун ташкил карда шуда, наврасону ҷавонони соҳибистеъдод аз синни 14 то 27 - сола аз тамоми шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ба кор қабул гардиданд.
Айни замон дар панҷ ансамбли навтаъсиси назди Кохи фарҳанги «Суғдиён» 238 нафар, ки бештари онҳоро наврасону ҷавонон ташкил медиҳанд, фаъолият дорад.
Барномаи мукаммали консертӣ, ки аз нигоҳи сатҳ ва муҳтаво беҳтарин арзёбӣ гардид, аз ҷониби ҳунармандони панҷ ансамбли навтаъсис бе истифодаи фонограмма, ба таври зинда манзури иштирокдорон гашт.
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба ҳунари волои наврасону ҷавонони соҳибистеъдод, ки имрӯз маҳорати худро дар бахшҳои овозхонию навозандагӣ ва рақс нишон доданд, баҳои баланд дода, баргузории чунин чорабиниҳои фарҳангиро дар рушду нумӯи ояндаи санъати миллӣ ва муосири тоҷик муҳим маънидод намуданд.

Наврӯзӣ дар боғи «Ваҳдат» - и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
Дар доираи сафари корӣ ба як қатор шаҳру навоҳии вилояти Суғд, нимаи дуюми 25 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими наврӯзӣ дар боғи "Ваҳдат"- и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров иштирок варзиданд.
Дар боғ, ки чанд сол қабл бо ибтикори наҷибонаву бевоситаи Пешвои миллат дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ташкил ёфта буд, ҷашни аҷдодии халқҳои ориёитабор - Наврӯзи некпай, ки ҳам акнун мақоми байналмилалиро касб кардааст, бо шаҳомати махсус таҷлил шуд. Зеро аз як ҷониб табиати афсункори ин боғ ва аз тарафи дигар таҳияи русуми аҷдодӣ аз тарафи бошандагони ҳамаи 18 шаҳру ноҳияи вилояти Суғд, базмгоҳи наврӯзиро дар ин мавзеъ диданиву фараҳафзо ва хотирмон сохт.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди сокинону меҳмонони сершумори маросими наврӯзӣ сухан ронда, бори дигар кулли ҳамватанон, сокинони вилояти Суғд ва ҳозиринро ба ифтихори падидаи нодири фарҳанги ҷаҳонӣ – Наврӯзи оламафрӯз самимона табрик гуфта, барои давлати соҳибистиқлоламон соли бобарор ва амалишавии иқдомҳои наву созандаро орзу карданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми ироаи нутқи пурмуҳтавои хеш, махсусиятҳои ин ҷашни зебоиро таъкид карда, зикр доштанд, ки "Боиси ифтихор аст, ки муҳимтарин суннату таомулҳои наврӯзӣ, аз қабили бо нақшаву ниятҳои нав оғоз намудани кору зиндагӣ, пок кардани дилҳо аз кинаву адоват, поксозии ҷиҳозу асбоби хона, аёдати пирону беморон, дастгирии ятимону эҳтиёҷмандон, шинондани ниҳол, донапошӣ ва ташкили мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ дар ин шабу рӯзҳои ҷашн ба таври оммавӣ аз ҷониби аҳолӣ дастгирӣ меёбанд".
Дар ниҳояти суханронӣ Роҳбари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба  хонаву кошонаи ҳар шаҳрванди ҷумҳурӣ пайку муждаи иқбол ва бахту саодати тоза таманно карданд. Қисмати интиҳоии маросими наврӯзӣ дар боғи «Ваҳдат» - и ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро пешкаш кардани маросими ботантанаи идона зери унвони "Корвони наврӯзӣ" ташкил дод. "Корвони наврӯзӣ" , ки маротибаи дуюм дар вилояти Суғд доир мегардад, бо шаҳомати тоза ва сатҳи баланду арзанда ҷараён гирифт.

Ифтитоҳи иншооти нав дар фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд ва анҷоми сафари корӣ
Нимаи дуюми рӯзи 25 марти соли 2017, дар рӯзи сеюми сафари корӣ дар вилояти Суғд, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд як қатор иншооти таъйиноти гуногуни хизматрасониро ифтитоҳ намуданд.
Нахуст Сарвари давлат аз иншооти навбунёд, ки дар Соли ҷавонон ифтитоҳ ёфта, ба ифтихори он “Толори ҷавонон” номгузорӣ гардидааст, шинос шуданд. Бинои мазкур, ки соли 1970 бунёд шуда буд, имрӯз аз тарафи Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд” пурра аз таъмиру таҷдид бароварда шуд. Баъди таъмиру тармим толори маҷлисгоҳ бо 250 ҷойи нишаст барои баргузории чорабиниҳои гуногуни фарҳангию сиёсӣ созгор карда шудааст.
Сипас Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо шароити хизматрасонии “Тарабхонаи ҷавонон” шинос шуданд. Корҳои навсозӣ ва таҷҳизондани бинои мазкур моҳи январи соли 2017 оғоз шуда, то имрӯз дохил ва беруни бино аз ҳисоби маблағҳои худи фурудгоҳ таъмиру таҷдид гардид. Ба хотири ба талаботи замони муосир мутобиқ кардани хизматрасонии он ашёву таҷҳизоти нав васлу насб карда шудаанд. Минбаъд тарабхонаи замонавӣ бо 220 ҷойи нишаст барои кормандони фурудгоҳ, мусофирони хатсайрҳо, меҳмонони хориҷӣ ва шаҳрвандони кишвар бо сифати баланд хизмат мерасонад.
Ҳамчунин, дар рӯзҳои таҷлили Ҷашни байналмилалии Наврӯз роҳҳои шафат ва ҳудуди фурудгоҳ азнавсозӣ шуда, масоҳати 2496 метри мураббаъ мумфарш гардид. Атрофи роҳҳо бо дарахтони зиёди ороишӣ ва гулҳои рангоранг оро ёфта, пурра чароғон карда шудааст.
Айни ҳол дар ҳудуди фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд сохтмони терминали қабул ва гусели мусофирон идома дорад. Корҳои сохтмонӣ дар бинои мазкур соли 2016 оғоз гардида, барои хизматрасонии 400 мусофир дар як соат пешбинӣ шудааст.
Бинои нави фурудгоҳ дар партави супоришҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади баланд бардоштани сатҳу сифат ва маданияти хизматрасонӣ ба мусофирон дар фурудгоҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади мутобиқ намудани инфрасохтори фурудгоҳ ба сатҳи байналмилалӣ бунёд мешавад.
Корҳои сохтмонӣ аз ҷониби пудратчӣ - ширкати сохтмонии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Муҳандис” амалӣ шуда истодааст. Масоҳати толори нави фурудгоҳ  30 бар 64 метр ва якҷоя бо бинои ҳозираи амалкунанда 84 бар 62 метрро ташкил медиҳад. Баландии бино аз дохил 14,6 метр ва аз берун 17,2 метрро ташкил медиҳад. Дар оянда муҷаҳҳазгардонии техникии бино бо тамоми таҷҳизоти замонавӣ, аз ҷумла дастгоҳҳо баҳри таъмини бехатарӣ, лифтҳои махсус барои мусофирони маъюб, эскалаторҳо ва дигар ашёву лавозимоти замонавӣ ба нақша гирифта шудааст. Айни ҳол корҳои сохтмонию васлкунӣ дар иншооти мазкур бомаром идома доранд.
Иншооти наве, ки имрӯз аз ҷониби Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон мавриди истифода қарор дода шуд, дар рӯзҳои ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ, соли таҷлили 20 - солагии Ваҳдати миллӣ ва 25 - солагии Иҷлосияи таърихии 16 - уми Шӯрои Олии Тоҷикистон беҳтарин армуғони Пешвои миллат барои сокинони вилояти Суғд мебошад.
Бо ҳамин сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар вилояти Суғд анҷом ёфт.
Баъди анҷоми бобарори сафари корӣ дар як қатор шаҳру ноҳияҳои вилоят нимаи дуюми рӯзи 25 март Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Душанбе баргаштанд.
Дар фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмонро роҳбарият ва сокинони вилояти Суғд бо нишони арҷгузорӣ ба хидматҳои арзандаи Пешвои миллат дар самти таъмини зиндагии шоистаи мардуми сарзамин, бо шаҳомати хоса гусел намуданд.
Барномаи таҳиянамудаи фарҳангиён ба хотири гусели меҳмони олимақом бо иштироки ҷавонону наврасон бениҳоят самимӣ ва пуршукӯҳ буд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 25.03.2017    №: 63-64    Мутолиа карданд: 479

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед