logo

иҷтимоиёт

ТАНЗИМ БАРАКАТРО ДАР РӮЗГОРИ МАРДУМ МЕАФЗОЯД

Дар ноҳияи Тоҷикобод баҳри иҷрои муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар баробари корҳои тарғиботию ташвиқотӣ, ҳамчунин, ба пурмазмун гузарондани тантанаҳои ҷашнӣ ва расму оинҳои мардумӣ диққати ҷиддӣ дода мешавад.

Абубакр Қодиров, мутахассиси бахш оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии ноҳия, мегӯяд, ки мардум дигар чун солҳои пеш ба хароҷоти зиёдатӣ роҳ надода, худ зарурияти қонуни мазкурро дарк намудаанд. Барои мисол, солҳои пеш дар ноҳия барои  баргузории тӯйи домодиву арӯсӣ чорвои калон ва ё ду се моли майда забҳ гардида, мардуми деҳаҳои гирду атроф ҳам даъват мешуданд. Маросими тӯй ё баргузории маъракаи сол бо иштироки 500 - 600 нафар баргузор мегардид.
Ба дунболи маъракаҳои пурдабдаба ва хароҷоти зиёдатӣ, ки мунҷар ба қарздорӣ мегашт, бархе ҷавонон пас аз маросими хонадоршавӣ ба муҳоҷирати корӣ мерафтанд, то қарзҳояшонро пардохт намоянд. Ҳамин тавр арӯсу домоди нав ба зиндагӣ қадамниҳода, солҳо аз ҳам дур буданд. Кам набуд ҳолатҳое, ки ҷудоии фосилавӣ боиси фурӯпошии оилаҳо низ мегардид.
Хушбахтона, дар пайи қабул ва татбиқи қонуни мавриди назар ин гуна зиёдаравиҳо аз байн рафтанд ва зиндагии мардум мароми тоза пайдо намуд. Шурӯъ аз моҳи январи соли 2017 барои гузарондани тӯю маъракаҳо ва ҷашну маросимҳо усули даъватнома ҷорӣ гардида, дигар ба шахсони ғайридаъватӣ иҷозати иштирок дар тӯю маъракаҳо дода намешавад. Риояи ҳатмии он зери назорати  қатъӣ қарор дошта, мардум низ аз ин иқдом хеле хушнуданд. Ин аст, ки соли 2016 дар ноҳия 523 тӯйи домодию арӯсӣ, 56 хатнасур доир гардида, ҳамагӣ дар як маврид ҳолати риоя нагардидани муқаррароти қонун ба қайд гирифта шудааст. 
Кормандони бахши оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Тоҷикобод   пайваста бо аҳолӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ суҳбату вохӯриҳо ташкил намуда, мардумро аз зарурат ва аҳамияти қонуни мазкур ва риояи ҳатмии он  огоҳ месозанд.
Дилшод АМИРОВ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 28.03.2017    №: 65    Мутолиа карданд: 359

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед