logo

иқтисод

МАЛАХ. МУБОРИЗА БАР ЗИДДИ ОН КОРИ ДАСТАҶАМЪИСТ

Дар Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки намояндагони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ, Агентии хоҷагии ҷангали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Клуби миллии ҳавопаймоии ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиа ва 53 нафар ҳайати Ситод ва намояндагони 32 ноҳияи дар он хавфи зарароварии малах бақайдгирифташуда ҷаласаи Ситоди доимоамалкунандаи ҷумҳуриявии мубориза бар зидди малах ва дигар зараррасонҳои зироатҳои кишоварзӣ доир гардид.
Иззатулло Сатторӣ, вазири кишоварзӣ, роҳбари Ситоди доимоамалкунандаи ҷумҳуриявӣ, чораҳои пешгирӣ ва мубориза бар зидди малахро яке аз масъалаҳои муҳими ҳалталаби соҳаи кишоварзӣ баҳогузорӣ кард.
- Соли 2016 мо тавонистем бо истифода аз захираю имкониятҳои худӣ мубориза бар зидди малахро идома дода, зироатҳои кишоварзиро аз нобудшавӣ эмин дорем. Солҳои охир аз тарафи мутахассисони вазорат ва зерташкилоти он Муассисаи давлатии «Экспедитсияи мубориза бар зидди малах» дар шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ пайваста тадбирҳои нобудсозии малах гузаронда шуда, натиҷаҳои назаррас ба даст омаданд, - гуфт И. Сатторӣ.
С. Хайриддинов, сардори МД «Экспедитсияи мубориза бар зидди малах», оид ба раванди мубориза бар зидди малах дар соли 2016, таҳлили камбудиҳо, захираҳои моддию техникӣ, омодагӣ барои соли 2017, майдони паҳншавии малах дар ҷумҳурӣ суханронӣ кард. Қайд карда шуд, ки соли 2016 майдони паҳншавии малах дар ҷумҳурӣ ба 77 000 гектар баробар гардида, дар майдони 57 000 гектари он тадбирҳои мубориза бо малах гузаронда шудаанд.
Муовини сардори Муассисаи давлатии «Муҳофизати рустаниҳо ва химикунонии кишоварзӣ» Н. Хоҷаев, сардорони филиалҳои МД «Экспедитсияи мубориза бар зидди малах» дар вилояти Хатлон М. Ҳасанов ва дар вилояти Суғд А. Бобоҷонов оид ба ҳолати омодагӣ, захираи заҳрхимикатҳо, чораҳои пешгирикунандаи то ин замон иҷрошуда дар минтақаҳои паҳншавии малах маълумот доданд.
Роҳбари Ситод ба масъулони соҳа супоришҳои мушаххас дода, даъват ба амал овард, ки бо шукргузорӣ аз сулҳу ваҳдати миллӣ вазифаҳои бар дӯш доштаи худро содиқона иҷро намуда, барои пешгирии паҳншавии малах дар ҷумҳурӣ тамоми чораҳоро андешанд.
Лашкар ШАРИФ, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 28.03.2017    №: 65    Мутолиа карданд: 688

21.11.2018


Аз таркиш дар Кобул беш аз 50 нафар ҳалок шуд

Ӯзбекистон нахустин намоишгоҳ-ярмаркаи байналмилалии содиротӣ мегузаронад

Могерини: «Иттиҳоди Аврупо «артиши аврупоӣ» ташкил карданӣ нест»

Табобати гепатити С дар Беларус аз арзонтарин дар Аврупост

Ҷаҳон дар як сатр

ДУШАНБЕ. Таҷлили нахустин ҷашни занони соҳибкор

ДЕВАШТИЧ. Тантанаи Рӯзи Президент

Иштироки мунтахаби футболи бонувон дар CAFA

20.11.2018


СУҒД. Оғози сохтмони раёсати маориф

ЛЕВАКАНТ. Конфронси илмӣ - назариявӣ ба ифтихори Иҷлосияи XVI

"Парасту" дар Тоҷикобод

Сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ барои машварат дар Тошканд ҷамъ меоянд

Финляндия ҷонибдори ҳузури Россия дар Шӯрои Аврупо

Вазорати маорифи Афғонистон 30 ҳазор занро ба кор мегирад

Баррасии рушди инклюзивии иқтисоди қитъа дар Гвинея Папуаи Нав

Ҷаҳон дар як сатр

АНВАР ЮНУСОВ СОҲИБИ КАМАРБАНДИ WBF

"СОРО КОМПАНИЯ" ҒОЛИБИ ЛИГАИ КАСБИИ ФУТЗАЛИ ТОҶИКИСТОН

19.11.2018


ДЕВАШТИЧ. Авҷи созандагиҳо дар Ҷамоати деҳоти Яхтан

Артиши Сурия охирин истеҳкоми «ДИ» дар ҷануби кишварро зери назорат гирифт

Дар ҳама минтақаҳои Ӯзбекистон «мактаби президентӣ» месозанд

Роҳандозии барномаи махсуси давлатии ипотекӣ барои дӯзандагони Қирғизистон

Киштии зериобии «Сан Хуан» - ро дар уқёнуси Атлантика ёфтанд

Ҷаҳон дар як сатр

Кулишов: «Марзҳои ИДМ бо таҷҳизоти муосир таъмин карда мешаванд»

Дар Тоҷикистон омӯзгори забони англисӣ барои таблиғи «ДИ» 19 сол гирифт

Қазоқистон мубориза бо машруботро сахттар мекунад

Фоидаи туризм ба кадом шаҳри дунё бештар аст?

Ҷаҳон дар як сатр

"ИСТИҚЛОЛ" бори аввал барои Ҷоми чемпионҳои КФО мубориза хоҳад бурд

Омодагии тими миллӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон – 2022

УСМОН ТОШЕВ САРМУРАББИИ НАВИ ДАСТАИ МУНТАХАБ

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед