logo

иҷтимоиёт

ҶАВОНОН. БА ПЕШ БО МАСЪУЛИЯТИ БЕШТАР

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали Сарвари давлат интихоб гардиданашон ба масъалаи тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи худшиносиву худогоҳӣ, ватандӯстию меҳанпарастӣ диққати ҷиддӣ дода, дастгирии ҳамаҷонибаи онҳоро пайваста таъкид менамуданд. Ин аст, ки имрӯз дидгоҳ ва ҷаҳонбинии ҷавонон ба куллӣ дигар шуда, дар корҳои давлативу ҷамъиятӣ, баҳри фардои дурахшони кишвар, фаъолона ширкат меварзанд.
Мутаассифона, дар баробари ин, бархе аз ҷавонони кишвар, ҳарчанд роҳбарияти олии мамлакат барояшон имконияту шароити мусоиди таҳсил, кору зиндагӣ ва фароғат муҳайё намудаасту бояд аз онҳо самаранок истифода баранд, даст ба амалҳои ношоиста зада, ҳаёти худ ва дигаронро зери хатар мегузоранд. Гаравидани онҳо ба созмонҳои террористиву экстремистӣ боиси нигаронии аҳли ҷомеа гардидааст. Бинобар ин, дар мубориза ба муқобили ифротгароӣ худи ҷавонон бояд фаъол бошанд. Чунин амал имрӯз аз тарафи созмонҳои  гуногун, гурӯҳҳои ихтиёрии ташвиқотию тарғиботии ҷавонон васеъ ба роҳ  монда шудааст. Дар ин самт фаъолияти созмони “Созандагони Ватан” хеле назаррас буда, аз ҷониби  онҳо дар 18 шаҳру навоҳии вилояти Суғд аксия бо номи “Ҷавонон  ба муқобили  терроризм ва экстремизм” гузаронда шуд.
Дар мубориза бар зидди  ифротгароию даҳшатафканӣ Вазорати корҳои дохилии кишвар бо ҷавонон ҳамкории зич барқарор намудааст. Ҳамзамон, аз ҳисоби кормандони ҷавони вазорат созмони “Пешоҳанг” ташкил гардидааст, ки асоси фаъолияти онро кор бо ҷавонон ташкил медиҳад. Ба ақидаи мо, кору фаъолияти созмону гурӯҳҳои таблиғотии ҷавонон набояд бо ин маҳдуд шавад. Роҳу шеваҳои дигари  ташвиқотиву тарғиботӣ низ мавҷуданд. Масалан, доир намудани озмун ва намоишгоҳҳои рассомӣ, анҷуманҳо, мизҳои мудаввар, мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ зери унвони “Ҷавонон ба муқобили ифротгароӣ ва терроризм”, паҳн кардани видеороликҳои ба ин мавзӯъ рабт- дошта дар пешгирӣ аз шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористию ифротгароӣ нақши муҳим бозида метавонанд.
Неруи ақлонии ҷавононро, инчунин, метавон дар корҳои ташвиқотӣ аз тариқи интернет низ истифода бурд. Дар ин самт, мувофиқи мақсад мебуд, агар  Вазорати корҳои дохилӣ якҷо бо Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар корҳои иттилоотиву тарғиботӣ тавассути интернет, шабакаҳои иҷтимоӣ, воситаҳои ахбори омма ҷавонони аз нигоҳи технологӣ ва забонӣ лаёқатмандро ба ин корҳо ҷалб мекарданд. Зеро ба тамоми амалҳои  террористону ифротгароён аз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ, мо бояд бо роҳи паҳн кардани иттилооти асоснок ва муътамади худӣ ҷавоби раднопазир гардонем. Аз ин рӯ, доштани як барномаи мукаммал оид ба тарбияи чунин ҷавонон ба манфияти кор хоҳад буд.
Эълон шудани соли 2017 ҳамчун Соли ҷавонон масъулияти мо - ҷавононро дар пешбурди тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа, хусусан мубориза ба муқобили ифротгароӣ ва терроризм дучанд менамояд. Бинобар ин, мо бояд  дар иҷрои дастуру ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз Паёмашон ба Маҷлиси Олӣ бармеоянд, фаъол бошем, ҳушёриву зиракиро аз даст надиҳем ва ваҳдати миллию дастовардҳои Истиқлолияти давлатиро ҳамчун гавҳараки чашм ҳифз намоем.
Ҳикматулло ХОҶАЕВ,
мутахассиси пешбари Раёсати
омӯзиши масъалаҳои амнияти минтақавии Маркази тадқиқоти стратегии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 28.03.2017    №: 65    Мутолиа карданд: 567

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед