logo

иҷтимоиёт

МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. ДАР ТАРБИЯИ ҶОМЕА БЕТАРАФ НАБОШЕМ!

Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ масоили вобаста ба ҳуқуқ, тартиботи ҷамъиятӣ ва қонунсолорӣ дар ҷомеа мисли ҳамеша мавқеи калидӣ дошт. «Тоҷикистон давлати ҳуқуқбунёду демократӣ ва дунявӣ буда, дар он таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, волоияти қонуну тартиботи ҳуқуқӣ кафолат дода шудааст», - таъкид гардид дар Паём.
Воқеан, маҳз муҳити озод, ҳимояи манфиатҳои ҳуқуқӣ ва фарҳангиву зеҳнӣ аз ҷониби давлат ва ташкилотҳои дигари манфиатдор ба рушду таҳкими Истиқлолияти давлатӣ заминаи устувор гузоштааст. Дар ҳамин ҳол, раванди барномарезиҳои давлатӣ оид ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон идома дошта, зимни ироаи Паём ба сохторҳои марбутаи давлатӣ дастур дода шуд, ки Консепсияи сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва ба Ҳукумат пешниҳод шавад. Илова бар ин, Сарвари давлат вазоратҳои адлия, маориф ва илм, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, Академияи илмҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва тамоми ниҳодҳои давлатиро вазифадор намуданд, ки ба манзури боз ҳам баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон корҳои фаҳмондадиҳиро дар байни аҳолӣ густариш диҳанд. Мо - кормандони соҳаи ҳуқуқ ин ҳидояти Пешвои миллатро амри заруриву саривақтӣ мешуморем. Зеро дар сурати дорои маърифати баланди ҳуқуқӣ будани шаҳрвандон кафолати таъмини ҳуқуқу озодиҳояшон бештар ва сатҳи ҷинояткорӣ паст хоҳад шуд. Тадқиқотҳои сотсиологӣ нишон медиҳанд, ки яке аз сабабҳои асосии содир гардидани ҷиноятҳо ин  паст будани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон мебошад.
Барои дар амал татбиқ намудани дастуру пешниҳодҳои Сарвари давлат дар бахши ҳуқуқӣ мо - намояндагони соҳаи ҳифзи ҳуқуқ ва тартибот масъул ҳастем. Аз ин рӯ, бояд дар ин самт аз донишу таҷрибаи хеш истифода намуда, дар таҳкими низоми ҳуқуқии мамлакат иқдом намоем. Мусаллам аст, ки барои муваффақ шудан дар иҷрои ин рисолати муҳим аз ҳар нафар корманди соҳа масъулият ва донишу ҷаҳонбинии васеъ тақозо мешавад.
Айни замон дар мамлакат барои тарбияи кадрҳои баландихтисос тадбирҳои судманди давлатӣ амалӣ мегарданд, ки эълон гардидани соли 2017 - Соли ҷавонон ба ин раванд такони тоза бахшидааст. Ба назар мерасад, ки ба дунболи иқдоми дурбинонаи Пешвои миллат оид ба эълон намудани Соли ҷавонон таваҷҷуҳи ниҳодҳои давлатӣ барои ҷалби ҷавонон дар корҳои идоракунии давлатӣ бештар гардида, робита бо муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ беш аз ҳар вақти дигар тавсеа ёфтааст. Маълум аст, ки мутахассис дар ҳар соҳа, новобаста аз шакли фаъолият, агар дониши хуб надошта бошад, натиҷаи дилхоҳ ба даст оварда наметавонад. Махсусан, соҳаи мақомоти судӣ ҳамеша ба кадрҳои донишманд ва адолатпеша ниёз дорад. Дар ин робита, мутахассисони соҳа ба ин назаранд, ки барои рушди низоми ҳуқуқӣ, аз ҷумла фаъолияти мақомоти судии кишвар, таҳкими адолати судӣ, кори бенуқсони судяҳо, таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, таваҷҷуҳ ба тарбияи кадрҳо бояд аз зинаҳои аввали таҳсил оғоз шавад. 
Набояд фаромӯш кард, ки дар паси ҳар парвандае, ки баррасӣ мегардад, инсонҳо ва манфиатҳои ҷамъият меистад. Аз ин рӯ, ҳар як корманди мақомоти интизомӣ, суд ва идораи нотариалии давлатӣ ба ифодаи Пешвои миллат бояд ғуломи қонун бошад. Дар иҷрои масъулият қонунро ҳимоя ва адолатро таъмин намояд.
Рухшона ШАРИФОВА, нотариуси калони давлатии идораи нотариалии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 28.03.2017    №: 65    Мутолиа карданд: 615

17.07.2019


Музокироти ҳайатҳои расмии Тоҷикистон ва Корея

КУМИТАИ МУҲИТИ ЗИСТ. Нигаронӣ аз набудани партовгоҳҳо дар деҳот

ПРОКУРАТУРАИ ГЕНЕРАЛӢ. 5774 гектар қитъаи замин ба ҳолати аввала баргардонда шуд

ИЗЗАТУЛЛО САТТОРӢ: "Истеҳсоли гӯшти мурғ 9 маротиба зиёд мегардад"

ВАЗОРАТИ АДЛИЯ. Хулосаи ҳуқуқӣ ба 1936 лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ

ТАЭКВОН – ДО. Муниса медали тилло ба даст овард

Суръати рушди ММД Тоҷикистон миёни кишварҳои ИДМ баландтарин шуд

Тоҷикистон ба сохтмони лӯлаи гази «Осиёи Марказӣ — Чин» шурӯъ мекунад

Дар ҷанубу ғарби Чин аз хушксолӣ 7,4 миллион нафар зарар дид

Ҷаҳон дар як сатр

16.07.2019


ХАДАМОТИ АЛОҚА. Корти ID симкорти муштариро ба расмият медарорад

ЭНЕРГЕТИКА. 2,5 миллиард сомонӣ қарзи дебитории "Барқи тоҷик" муаммои ҳалталаб боқӣ мемонад

15.07.2019


Сарвазири Корея ба Тоҷикистон меояд

Баррасии масъалаҳои ҳамгироии САҲА, СҲШ ва ИА дар минтақаи Осиёи Марказӣ

Нахустин шумораи маҷаллаи «Осиё ва Аврупо» аз чоп баромад

ДТТ. Изҳори нигаронӣ аз вазъи бо кор таъмин шудани хатмкардаҳо

ТИБ. 288 номгӯи доруи ғайристандартӣ ошкор шуд

11.07.2019


Шиносоии Қоҳир Расулзода бо сохтмон ва навсозии шоҳроҳи Душанбе – Бохтар

10.07.2019


Нодиртарин "Девон" - и Навоӣ дар Хуҷанд

Бунёди нахустин пойгоҳи ҷаҳонии шабакаи атмосферии Тоҷикистон дар Осиёи Марказӣ

Иттиҳоди Аврупо барои кишварҳои Осиёи Марказӣ 72 миллион евро ҷудо мекунад

Матвиенко: "Дар бозори Россия қариб тамоми об қалбакӣ будааст"

Ҷаҳон дар як сатр

08.07.2019


Баррасии ҷараёни иҷрои Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонон

"Душанбе - қалби Тоҷикистон"

Ҳамоиш оид ба таҳияи маҳсулоти сайёҳӣ

Россия нахусткайҳоннаварди арабро бо ғизои махсус таъмин месозад

Зиёни иқтисодии Гурҷистон аз коҳиши сайёҳони рус беш аз $700 миллион хоҳад шуд

Дар Қазоқистон то соли 2021 нияти ифтитоҳи 20 мактаби олӣ ва 180 коллеҷро доранд

СММ: "Қирғизистон нахустин кишварест, ки мушкили бешаҳрвандиро ҳал кард"

Зеленский пурра иҷро кардани созишномаи Минскро ваъда дод

Ҷаҳон дар як сатр

04.07.2019


Ҷаласаи Комиссияи муштараки ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Покистон

Масъалаи татбиқи ҳамгироии сиёсати давлатии ҷавонон баррасӣ гардид


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед